Вокуниши аъзои ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “Нурафшон”-и Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ба даъвоҳои беасос ва дасисаҳобозиҳои ифротгароёни наҳзатӣ

Имрӯз хушбахтона дар Тоҷикистони азизи мо мардум дар шароити оромию осудагӣ зиндагию меҳнат карда истодаанд. Ҳамзамон, чун як тан дар амалигардонии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирии хавфу хатари бемории сироятии COVID-19 ҷаҳду талош меварзанд.

Дар ҳамин шароити имрӯза дар фазои сиёсии давлатдории Тоҷикистон низ дигаргуниҳо рух медиҳанд, ки аз ҷумлаи онҳо ба вазифаи Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани муҳтарам Рустами Эмомалӣ мебошад.

Аз рӯи адолат агар фикрронӣ кунем, пас чаро ба ин вазифа интихоб шудани як ҷавонмарди дар соҳаи сиёсат муваффақ, донишманд ва дорои масъулияти баланд ифротгароёни беватанро ба ташвиш оварда бошад?

Ҷавоб ба ин савол маълум аст: аввал онҳо бисёр мехоҳанд, ки худро ё намояндаи худро дар ин мансаб бубинанд, дуюм ин, ки бисёр мехоҳанд,ки ивазшавии роҳбарияти мансабҳои баланд дар фазои пуршиддат ва ҷангу ҷидолҳо гузарад.

Вале барои онҳое, ки оромии Ватан, сулҳу салоҳи он, дар маҷмӯъ манфиатҳои Ватан аз манфиатҳои шахсию ҳизбию гурӯҳӣ волотаранд, ин рӯйдодро бо таҳаммул ва қаноатмандӣ қабул доранд ва дарк менамоянд, ки вакилони Маҷлиси Олии мамлакат дар интихоби худ хато накардаанд.