Кафедраи Сохтмони гидротехникӣ ва фанҳои умумитехникӣ
Таърихи пайдоиши кафедраи «Сохтмони гидротехникӣ ва фанҳои умумитехникӣ» аз соли 2006 то ин ҷониб кору фаъолият намуда, дар ин солҳои сипаришуда хело ҳам омӯзгорони болаёқати Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ҳамчун мудири кафедраи дар боло зикр гардида нақши худро гузошта кору фаъолият намудаанд, ки ному насаби онҳо дар ҷадвал оварда шудааст.
№ |
Ному насаби мудирони кафедра |
Вазифа |
1 |
Назарзода Хайрулло Холназар |
н.и.т |
2 |
Қурбонов Нуралӣ |
Саромӯзгор |
3 |
Эмомов Нурулло |
Саромӯзгор |
4 |
Муродов Файзиддин |
н.и.т |
5 |
Бобохонов Фирдавс Шаҳобиддинович |
н.и.т |
6 |
Азимов Раҳматулло |
н.и.п |
7 |
Холов Нурмаҳмад |
н.и.т |
8 |
Паймони Ҷуразода |
Саромӯзгор |
9 |
Марзбоншоҳи Сайдаҳмад |
Саромӯзгор |
10 |
Давлатов Далер Назуллоевич |
н.и.т |
Дар айни замон дар кафедраи «Сохтмони гидротехникӣ ва фанҳои умумитехникӣ» 12 нафар омӯзгорон кор ва фаъолият намуда истодаанд, ки аз шумора 7 нафарашон ба ҳайси омӯзгорони доимӣ, 3 нафар омӯзгорон ба ҳайси ҳамкори дохила ва 2 нафар омӯзгор ба ҳайси ҳамкорӣ беруна мебошанд. Аз 12 нафар шумораи омӯзгорон 3-нафар номзадони илм, 1-доктори илмҳои теникӣ, профессор, 4 нафар саромӯзгорон ва 4 нафари дигарро ассистентон ташкил медиҳанд.
Кафедраи «Сохтмони гидротехникӣ ва фанҳои умумитехникӣ» дорои 5 ихтисос мебошад:
- 1-700401-01 – Сохтмони гидротехникӣ
- 1-700401-03 – Сохтмон ва истифодаабарии неругоҳҳи обии барқӣ
- 1-700401 – Сохтмон ва хоҷагии об
- 1-700201-01 – Технологиява ташкили саноати сохтмонӣ
- 1-5401-01 – Метрология, стандартикунонӣ сертификатсия (аз рӯи самтҳо)