Шуъбаи илм, омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ
Сардори шуъба
номзади илмҳои техникӣ
АМИНОВ Дилшод Саидович
тел: +992 888119993
e-mail: aminov_ds@mail.ru
Шуъбаи илм, омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ фаъолияти худро дар сохтори раёсат илм ва инноватсияи Донишкада дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва илм ба роҳ мемонад.
Мақсаду вазифаҳои шуъбаи илм, омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ташкил, назорат ва танзими фаъолияти илмӣ-назариявӣ ва илмӣ-амалии, оид ба тайёр кардани кадрҳои илмии дараҷаи олӣ баҳодиҳии сифати таълим дар докторантура аз рўи ихтисос (РhD), аспирантура, унвонҷўён, магистратура ва гузаронидани аттестатсияии унвонҷуён, аспирантону докторантон, назорати ҷамъбасти ҳисоботи докторантон, аспирантон, унвонҷўён, доктор РhD коркарди тавсияҳо ҷиҳати тайёр кардани кадрҳои илмӣ-педагогӣ, ташкили силсилаи чорабиниҳои илмию методӣ дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерин ба роҳ монда шудааст.
Умуман, фаъолияти шуъба аз нахустин рўзҳои мавҷудияти хеш дар ду самт – санҷидани вазъи кафедраҳо бо кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ, ба роҳ мондани усули самараноки таълим дар докторантура аз рўи ихтисос (РhD), унвонҷўён, магистрантон ва баланд бардоштани сифати тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва педагогӣ ҷараён гирифта истодааст.
Шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ тасмим гирифтааст, ки барои боз ҳам қувват бахшидан ба ҷараёни тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва педагогӣ бо донишгоҳҳои дигари ҷумҳурӣ ва хориҷӣ ҳамкорӣ намуда, дар пешбурди кори таълим дар донишкада замина фароҳам оварад.
Мақсад ва самтҳои асосии фаъолияти Шуъба:
- Таҳияи нақшаҳои дарозмуддат ва солона;
- Ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои илмӣ;
- Таъмини иштироки олимон, омӯзгорон, докторантон, унвонҷӯён, аспирантон, магистрантон ва донишҷӯён дар анҷуманҳо, конференсияҳои илмӣ-амалӣ, семинарҳои илмӣ-назариявӣ ва муҳокимаи корҳои илмӣ, чорабиниҳои илмӣ, озмун ва олимпиадаҳои сатҳи донишгоҳӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ;
- Такмил ва назорати пайвастаи фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии воҳидҳои сохтории донишгоҳ, ҷаъмияти илми донишҷӯён, маҳфил ва семинарҳои илмии донишҷӯён;
- ҳамкории мутақобила бо шӯъбаҳои таълимӣ, илмӣ ва методии донишгоҳ бо мақсади баланд бардоштани самаранокии тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва педагогӣ;
- мусоидат ба рушди робитаҳои касбӣ бо марказҳои пешбари таълимӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ дар соҳаи тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва педагогӣ;
- мусоидат ба рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ.
- Омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ педагогии сатҳи баланд.
Дар назди шуъба бахшҳои зерин фаъолият менамоянд:
- магистратура аз рӯйи ихтисосҳо;
- докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD);
- маҳфилҳои илмӣ-эъҷодӣ ва маърифатии донишҷӯён;
- чорабиниҳои илмӣ;
- маҷаллаи “Паёми ДЭТ” ва маводи конференсияҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ.
Номгӯи ихтисосҳо дар магистратура
№ |
Код |
ихтисосҳо |
1 |
1-430101 |
Нерӯгоҳҳои барқӣ |
2 |
1-430103 |
Таъминоти барқ |
3 |
1-430105–05 |
Манбаҳои барқароршавандаи ғайрианъанавии энергия |
4 |
1-530104–03 |
Автоматика ва ҳифзи релеии дастгоҳҳои электроэнергетикӣ |
5 |
1-270101–10 |
Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (энергетика) |
6 |
1-700401–01 |
Сохтмони гидротехникӣ |
Номгӯи ихтисосҳо дар докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD)
№ |
Код |
ихтисосҳо |
1 |
6D071800 |
Энергетикаи электрикӣ |
2 |
6D072900 |
Сохтмон |
Ҳайати кормандони шуъбаи илм
Сармутахасис оид ба омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмии педагогӣ
Гулмуродов Умедҷон Сафаралиевич
Телефон: +992 900882018
Почтаи электронӣ: ilm-det@mail.ru
Мутахассиси корҳои такмили ихтисос, табодули таҷриба ва назорати плагиатӣ
Ҷаборов Манучеҳр Камолович
Телефон: +992 987369191
Почтаи электронӣ: manuchehrjkm@gmail.com