Кафедраи манбаъҳои алтернативии энергия
Мудири кафедра
н.и.т. МАХСУМОВ Илҳом Бурҳонович
тел: +992 909222424
Кафедраи манбаъҳои барқароршавандаи ғайрианъанавии энергия ва энергетикаӣ ҳароратӣ бо фармони ректори ДЭТ таҳти №01-3/2 аз 02 январи соли 2021 дар асоси қарори Шȳрои олимон, иқтибос аз суратҷаласаи №5 аз 20 декабри соли 2020 ташкил карда шуда муддати ду сол бо ҳамин ном фаъолият намуд. Ҳамзамон бо фармони ректори ДЭТ таҳти №08б-3/2 аз 31 январи соли 2023 дар асоси қарори Шȳрои олимон, иқтибос аз суратҷаласаи №6 аз 31 январи соли 2023 номи кафедраи манбаъҳои барқароршавандаи ғайрианъанавии энергия ва энергетикаӣ ҳароратӣ ба кафедра “МАНБАЪҲОИ АЛТЕРНАТИВИИ ЭНЕРГИЯ” иваз карда шуд.
Кафедраи мазкур таёр намудани кафдрҳои баландихтисосро аз руи се ихтисос 1–430104 – Истгоҳҳои барқии ҳароратӣ, 1–430105-05 – Манбаъҳои барқароршавандаи ғайриъананавии энергия, 1–430106 – Технологияи энергияи самарабахш ва менеҷменти энергетикӣ ба роҳ мондааст.
- 1–430104 – Истгоҳҳои барқии ҳароратӣ,
- 1–430105-05 – Манбаъҳои барқароршавандаи ғайриъананавии энергия,
- 1–430106 – Технологияи энергияи самарабахш ва менеҷменти энергетикӣ
- Мутахассиси хатмкунандаи ихтисосӣ 1–430104 истгоҳҳои барқии ҳароратӣ қобилияти аз худ кардани малакаҳои фаъолияти конструкторӣ, технологӣ, ташкилӣ, идоракунӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, қодир ба иҷрои васл ва ба кор андохтан, нигоҳдорӣ ва хидматрасонии таҷҳизот, амалӣ намудани фаъолияти конструкторӣ ва технологӣ, аз ҷумла коркарди унсурҳои сохторӣ ва технологиро соҳиб мегарданд.
Соҳаи фаъолияти касбии хатмкунандагон: ташкил ва иҷрои хидматрасонӣ, истифодабарӣ, таъмир, танзим ва озмоиши таҷҳизоти нерӯгоҳҳои гармидиҳӣ, инчунин такмил додани (оптимизатсияи) неругоҳҳои барқии ҳароратиро дар бар мегирад.
Объектҳои фаъолияти касбии хатмкунандагони ин соҳа:
- таҷҳизоти асосӣ ва ёрирасони гармию энергетикӣ;
- таҷҳизотҳо ва дастгоххо барои корхои таъмиру танзим;
- равандҳои технологии истеҳсоли энергияи гармӣ, манбаъҳои захираҳои энергетикӣ;
- ҳуҷҷатҳои техникӣ ва технологӣ;
- Мутахассисони ихтисоси 1–430105-05 Манбаъҳои барқароршавандаи ғайрианъанавии энергия, энергия офтоб, энергияи шамол, ҳаракати об ва гармии заминро меомӯзанд. Ҳама чизе, ки моро иҳота мекунад ва метавонад ба манбаи барқароршавандаи энергияи ройгон ва арзон табдил ёбад, ки ба муҳити зист зарар намерасонад. Ҳар сол рисолати мутахассисони энергияи алтернативӣ аҳамияти бештар пайдо мекунад ва худи ин ихтисос дар тамоми минтақаҳои ҷаҳон талаботи бештарро ба худҷалб мекунад.
Объектҳои фаъолияти касбӣ ихтисоси 1–430105-05 Манбаъҳои барқароршавандаи ғайрианъанавии энергия ин дастгоҳҳои энергетикӣ, нерӯгоҳҳо ва маҷмааҳо дар асоси манбаъҳои ғайрианъанавӣ ва барқароршавандаи энергия мебошанд.
Соҳаи фаъолияти касбии хатмкунандагон аз инҳо иборат аст: маҷмӯи воситаҳои техникӣ, роҳҳо ва усулҳои фаъолияти инсон барои истеҳсол, интиқол, тақсимот, табдил, истифодаи энергияи электрикӣ, идоракунии ҷараёни энергия, таҳия ва истеҳсоли унсурҳо, дастгоҳҳо ва системаҳое, ки ин равандҳоро дар асоси манбаъҳои барқароршавандаи энергия амалӣ мекунанд.
Мутахассисони манбаъҳои барқароршавандаи ғайрианъанавии энергия ё энергетикаи алтернативӣ дар ташкилотҳои илмӣ-тадқиқотӣ оид ба мушкилоти захираҳои энергетикӣ, дар маҷмааҳои агросаноатӣ, ширкатҳое, ки бо истеҳсоли модулҳои офтобӣ машғуланд, дар нерӯгоҳҳои атомӣ, нерӯгоҳҳои барқи шамолӣ, нерӯгоҳҳои барқи геотермалӣ, дар системаҳои гелиоэнергетикӣ, марказҳои барқу гармидиҳӣ ТЭЦ метавонанд кору фаъолият намоянд.
- 1–430106 – Технологияи энергияи самарабахш ва менеҷменти энергетикӣ ин маҷмӯи қарорҳое мебошанд, ки ба истифодаи самараноки захираҳои энергетикӣ нигаронида шудаанд. Энергия дар ҳама гуна корхонаҳо истифода мешавад ва барои истифодаи оқилонаи он дар ташкилот мавҷудияти муҳандиси энергетикӣ зарур аст. Хатмкунандагони ин ихтисос метавонанд барои кор дар ташкилотҳои гуногун ба фаъолият шуруъ намоянд. Масалан, дар ташкилотҳое, ки ба истеҳсол, интиқол, тақсимот ва албатта истеъмоли нерӯи барқ машғуланд.
Хатмкунандагони ихтисоси 1–430106 инчунин метавонанд дар истеҳсолот ва дигар иншоотҳои энергетикии зерин ба кор таъмин шаванд:
̶ дар хадамоти энергетикии корхонаҳо ва ширкатҳо;
̶ корхонаҳои назорати энергетикӣ;
̶ корхонаҳое, ки таҷҳизоти барқӣ ва гармидиҳиро таъмин ва истифода мебаранд;
̶ корхонаҳои соҳаи газ ва сӯзишвории энергетикӣ;
̶ ба шӯъбаҳои энергетикии корхонаҳои сохтмонӣ ва нақлиетӣ;
̶ корхонаҳое, ки бо васл (монтаж) ва таъмири дастгоҳҳои энергетикӣ машғуланд ва ғайра.
Вазифаҳое, ки хатмкунандагони ихтисоси зерин метавонанд соҳиб шаванд:
̶ менеҷери энергетикӣ;
̶ аудитори энергетикӣ;
̶ муҳандиси барқ;
̶ муҳандиси гармидиҳӣ;
̶ энергетик;
̶ энергетики асосӣ;
̶ гузаронидани тадқиқот, ҳисобҳо ва тарҳрезии схемаҳои оптималии шабакаҳои барқӣ ва гармӣ;
̶ интихоби намудҳои гуногуни таҷҳизот барои ташкилот дар асоси таносуби беҳтарини нарх, сифат ва эътимоднокии системаи энергетикӣ;
̶ назорати насби таҷҳизоти тавлидкунандаи энергия ва истеъмоли энергия ва иштирок дар тамоми равандҳои ба истифода додани он;
̶ ба истифода додани шабакаҳои барқӣ ва таҷҳизоти гармидиҳӣ, санҷиши он пеш аз супоридани иншоот;
̶ ҳисоб кардани истеъмоли энергия, муайян кардани самтҳои истифодаи оқилонаи он;
̶ интихоб ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия (энергетикаи шамолӣ, энергетикаи офтобӣ, гидроэнергетика, насбҳои биогаз ва ғайра);
̶ ҷорӣ намудани системаҳои автоматикунонидашудаи назорат ва баҳисобгирии захираҳои энергетикӣ;
̶ фаъолияти дигар вобаста ба хусусияти ташкилот.
Манфиатҳо ва бартариятҳои таҳсил дар кафедраи манбаъҳои алтернативии энергия:
̶ Мутахассисоне, ки дар соҳаҳои гуногуни энергетика (гармӣ, барқ, манбаъҳои барқароршавандаи энергия) тайер карда мешаванд.
̶ Дурнамои кор дар ҳама соҳаҳои марбут ба энергетика, роҳбарии шӯъбаҳои энергетикии корхонаҳо, гузаронидани аудити энергетикӣ.
̶ Омӯзгорон дар ширкатҳои энергетикӣ ва корхонаҳои ҷумҳурӣ таҷрибаи зиёди амалӣ доранд, дар хориҷа таҷрибаомӯзӣ кардаанд.
̶ Омӯзиш дар озмоишгоҳҳои муосир, ки бо таҷҳизоти нав муҷаҳҳаз карда шудаанд, ки равандҳои гуногуни энергетикиро моделронӣ мекунанд, гузаронида мешавад.
̶ Имконияти таҷрибаомӯзӣ дар корхонаҳои пешрафтаи энергетикии кишвар ва таҷрибаомӯзӣ дар Руссия ва дигар кишварҳои хориҷӣ аз рӯи барномаҳои аврупоӣ.