Дар доираи татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва ҳамчунин, амалисозии ҳадафҳои пешгирифтаи роҳбарияти кишвар дар самти рушди иқтисоди сабз ва энергияи сабз дар кишварамон, омода намудани мутахассисони лаёқатманд дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарият ва устодону омӯзгорони Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон қарор дорад.
Бо мақсади ноил гардидан ба натиҷаҳои дилхоҳ дар ин самт, ва ҳамзамон, густариши ҳамкориҳои сатҳи байналмилалии Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон бо дигар муассисаҳои таълимии олии мамолики ҷаҳон, табодули донишу таҷриба миёни омӯзгорону донишҷӯён ва олимону пажуҳишгарони риштаи энергетикаи Тоҷикистон бо ҳамтоёни хориҷии худ, санаи 19-уми ноябри соли ҷорӣ бо ташабббуси Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ “Энергетика соҳаи калиди рушди иқтисодиёти миллӣ” баргузор гардид. Дар кори Конфересия олимону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкада, инчунин тариқи маҷозӣ намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимону пажуҳишгарони муассисаҳои таълимии олии дохилу хориҷ аз кишвар иштирок ва суханронӣ намуданд.
Конференсияро бо сухани муқаддимавӣ ректори Донишкада доктори илмҳои техникӣ, дотсент Исозода Диловаршоҳ Тариқ ифтитоҳ бахшида, меҳмонону иштирокчиёнро хайра мақдам гуфта, изҳор дошт, ки Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Энергетика соҳаи калидии рушди иқтисодиёти миллӣ” ба Иди касбии кормандони соҳаи энергетика- «Рӯзи энергетикҳо» рост омадааст. Ба ин муносибат Раёсати Донишкада ва олимону устодон ва донишҷӯёни ин муассисаи олии таълимӣ, иштирокчиёни Конференсия ва кормандони соҳаи энергетикаи кишвар ва дафлатҳои ба мо дӯсту ҳамсояро ба муносибати Рӯзи энергетикҳо табрику муборакбод намуд. Мавсуф аз масири рушду пешрафти соҳаи энергетика ва дастовардҳои илмиву таълимӣ, ҷиҳати омода намудани мутахассони варзидаи соҳа дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ёдовар гардида, изҳор дошт, ки бо шарофати фазои сулҳу осоиштагӣ ва шароиту имкониятҳои фароҳамгардида, дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, ташкилу баргузории конференсияҳои илмию амалии байналмилалӣ ба ҳукми анъана даромада истодааст. Биноан, олимону омӯзгорони Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон итминони комил доранд, ки ин гуна иқдомҳои наҷиб дар рушди илму маориф ва иқтисодиёти ҷумҳурӣ, тавассути омода намудани мутахассисони лаёқатманди соҳаи энергетика, нақши муассир хоҳад гузошт.
Баъдан, дар кори Конференсия байналмилалии илмӣ-амалӣ “Энергетика соҳаи калиди рушди иқтисодиёти миллӣ” тариқи маҷозӣ сардори Раёсати илм ва иноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои техикӣ Сироҷиддин Ниёзӣ суханронӣ намуда, иқдоми масъулони Донишкадаи энергетикии Тоҷикистонро ҷиҳати ташкилу баргузории инчунин конфронсҳои сатҳи баланд, дар рушди соҳаи эергетика табодули донишу таҷрибаи мутахасисони Тоҷиикстон бо дигар кишварҳои ҷаҳон муҳим арзёбӣ намуд.
Сироҷиддин Ниёзӣ иброз дошт, ки маърӯзаҳои мавриди барасии олимону пажуҳишгарон дар чунин конференсияҳои байналмиллалӣ дар ҳалли муҳимтарин масоили соҳаи энергетика ва баланд бардоштани сатҳи донишу касбияти мутахассисони ояндаи соҳаи энергетикаи кишварамон нақши муассир хоҳад дошт.
Дар идомаи Конфересияи байналмилалии илмӣ-амалӣ “Энергетика соҳаи калидии рушди иқтисодиёти миллӣ” мутахассисону донишмандони аз муссисаҳои олии таълимии кишварамон ва ҳамчунин аз 7 мамолики гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла, Ҷумҳурии Белорус, Федератсияи Русия, Куба, Ҷумҳурии Узбекистон тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок ва маърӯза намуданд.
Тибқи иттилоъ дар кори Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ “Энергетика соҳаи калидии рушди иқтисодиёти миллӣ” зиёда аз 140 маърӯузаҳои илмӣ аз ҷониби олимону, донишмандон, аспирантҳо ва пажуҳишгарони самти энергетикаи кишварамон ва давлатҳои гуногуни ҷаҳон ворид гардида буд. Дар рафти Конференсия масоили мубрами соҳаи энергетика, аз ҷумла; “Зарурияти навсозии зеристгоҳҳои асосӣ ба хотири таъмини устувори системаи энергетикӣ”,”Нақши энергияи Офтоб дар рушду устувори шаҳрҳо ва хусусиятҳои иқтисодиву экологии он”, “Рақамигардонӣ ва нақши он дар рушди иқтисодии минтақаҳои кишва” ва дигар мавзӯъҳо рӯзмарра баррасӣ гардид.
Мавриди зикр аст, ки бо ташаббуси роҳбарияти Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон соле ду маротиба Конференсиҳои илмӣ-амалии сатҳи байналмилалӣ ташкилу баргузор карда мешавад, ки дар он тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ аз даҳҳо кишварҳои ҷаҳон ширкат меварзанд. Ҳамчунин, Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон бо мақсади омода намудаи мутахассисони ботаҷрибаи бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои гуногуни олам созишномаҳои ҳамкориро дар самтҳои гуногуни таҳсилоти олӣ, аз ҷумла; омӯзиши таҷрибаи пешқадам, коркарди барномаҳои замони муосир, табодули донишу таҷрибаи омӯзгорон ва донишҷӯён ва гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотии муштарак ба имзо расонидааст.