Зан – модар, шахси муқаддас, муътабар барои ҳар як фарди рӯйи дунёст. Қимматтарин гавҳари ноёб. Дидори ӯст. Вақте ки симои ӯ пеши назар меояд, аз чашмони ӯ, аз тамоми ҳастии вай нур меборад. Ин нур роҳи ояндаи ҳаётамонро равшан месозад. Маҳз меҳри бепоён ва навозиши гарми модар моро ба оламу одам ошно сохтааст. Бузургии зан – модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиятдиҳанда ва ба камол расонидани фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад. Ҷойгоҳи модар муқаддас аст. Қисмати модар шабеҳи шам аст, ки месӯзад барои фарзанд. Агар шохаҳои дарахтони меҳри модарони дунё, рӯзе ба ҳам печанд, тавонотарин бӯрони офат наметавонад онро аз бех канда кунад.