ФОРУМИ БАЙНАМИЛАЛИИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ ТОҶИКИСТОНУ БЕЛАРУС

27-уми ноябр дар шаҳри Душанбе Форуми сеюми байналмилалии ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус таҳти унвони “Маориф омили муҳим дар таҳкими робитаҳои дуҷонибаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус” ба кори худ оғоз бахшид.
Тибқи иттилоъ Форуми сеюми байналмилалии ректорони муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳуриии Беларус ду рӯз идома хоҳад ёфт.
Дар кори Форум намояндагони 13 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Беларус ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварамон, аз ҷумла, ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон доктори илмҳои техникӣ, дотсент Исозода Диловаршоҳ Тариқ ширкат доранд.
Мақсад аз ташкилу баргузории ин Форум табодули таҷрибаи пешқадам дар самти таълиму тадрис ва усулҳои нави таълим дар омӯзиши техникаву технологияи муосир арзёбӣ мегардад. Дар рӯзи аввали Форуми сеюми байналмилалии ректорони муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус миёни Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ва якчанд муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Беларус созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Мавриди зикр аст, ки Форуми якуми байналмилаллии ректорони муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус соли 2022 дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе баргузор гардида буд ва дар соли гузашта ин Форум дар пойтахти Ҷумҳурии Беларус, шаҳри Минск доир гардид.

Scroll to Top