Дар донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ба хотири сазовор пешвоз гирифтани иди муқаддаси 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои шанбеи ҳар моҳ ҳашари умумидонишкадавӣ гузаронида мешавад. Дар ин чорабиниҳо кулли кормандони донишкада барои тозаву озода нигоҳ доштани гирду атрофи ҳудуди донишкада ва бинову таҷҳизоти он ҷаҳду талош меварзанд. Инчунин, дар донишкада сохтмони якчанд объектҳои зарурии донишкадавӣ бо маром давом дошта, то саршавии таҳсили нав ба истифода супорида мешаванд.

Scroll to Top