Рӯзи энергетик

Дар  Донишкадаи  энергетикии  Тоҷикистон, рӯзи  22-уми  декабр, бахшида  ба  иди  касбии  энергетикҳои  Тоҷикистон — «Рӯзи  энергетик»  чорабинии тантанавии фарҳангӣ гузаронида шуд, дар рафти чорабинии мазкур устодони варзидаи Донишкада, ҳамчун муаллифони  мақолаҳои  беҳтарини конференсияи  байналмилалии  илмӣ-амалӣ  таҳти  унвони  «Рушди  энергетика -рушди  Тоҷикистон»  бо  тӯфаҳо  ва  ифтихорномаҳо  сарфароз   гардонида шуданд.