Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия

Рӯзи 8 декабри соли 2018 дар толори китобхонаи Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон маҳфили мизи мудаввар дар мавзӯи “Амалҳои коррупсионӣ ва хатари онҳо ба ҷомеа” баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ ноибон ва мушовири ректор, сардори раёсати таълим ва роҳбарони ҳар ду факултети Донишкада, инчунин омӯзгорон ва донишҷӯёни фаъол иштирок доштанд.

Аз номи ректори Донишкада ноиби ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои хориҷӣ Зувайдуллозода бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, дар бораи муҳтавои мавзӯи мизи мудаввар ва роҳҳои мусоидат намудан ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ таъкид кард. Ҳамзамон маърӯзаҳои Шарифова З.Ҷ., Воҳидзода З.Т., Бозоров С.А. шунида ва муҳокима карда шуда, дар иҷрои донишҷӯёни донишкада саҳначаеро дар мавзӯи мизи мудаввар мавриди тамошо қарор доданд.

Маҳфили мизи мудавварро бо сухани хотимавӣ мушовири ректор Ализода А.А. ҳусни анҷом бахшид.