Паёми Пешвои миллат

Бо ибтикори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон 27 декабри соли 2018 дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ҳамоиши ҷавонони вилоят оид ба расонидани Паёми Пешвои миллат баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш Муроҷиатномаи ҷавонони вилоят аз ҷониби намояндагии Раёсат кироат гардида аҳли толор чонибдории худро аз сиёсати ватандустонаю инсондустонаи Пешвои миллат баён доштанд. Хамчунин баромадкунандагон оид ба самтҳои муҳиму афзалиятноки Паёми Пешвои миллат суханрони намуданд.