Паём – роҳнамо

Устодону донишҷӯёни Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дастҷамъона, дар толори марказӣ, толори китобхона, толорҳои факултетҳову кафедраҳо Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба воситаи оинаи нилгун ва мониторҳо гуш карда диданд.

Барои аҳли коллективи омӯзгорону донишҷӯён, пешниҳодҳои Пешвои миллат оид ба рушди минъбадаи соҳаи гидроэнергетика, мавриди қарор  додани НБО “Сарбанд” ва “Норак”, самараи ин таъмирҳо дар муқоисаи бо неругоҳҳои амалкунандаи “Сангтуда”, сохтмони  НБО “Роғун”, ба кор даровардани неругоҳҳои хурди обӣ  ва  дигар сарчашмаҳои энергияи барқароршаванда  басо ҷолиб ва қобили дастгирӣ буданд.

Устодону донишҷӯён таслим гирифтанд, ки муҳтавои асосии Паём ва дастуру супоришҳои Президенти кишварро ҳамчун роҳнамо истифода карда, дар амали гардидани он саҳми босазо мегузоранд.

Энергетикҳои оянда ташаббуси навбатии Пешвои миллатро оид ба эълон намудани солҳои 2019-2021  ҳамчун  солҳои “Рушди деҳот , саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” хуш пазируфтанд.