Нишасти матбуотӣ


Дар толори Шӯрои олимони Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон Ректори Донишкада Назарзода Хайрулло Холназар бо иштироки гурӯҳи калони рӯзноманигорони нашрияҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва мухбирони шабакаҳои телевизионии вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
                Нахуст Ректори Донишкада ба аҳли нишаст оид ба дастовардҳо ва муваффақиятҳо гузориш дода, дар хусуси вазифаҳо ва нақшаҳои дар пешистода, ки аз Паёми Президент, дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, муфассал истода гузаштанд ва ба соволу супоришҳои рӯзноманигорон посухҳои қонеъкунанда доданд.
                Назарзода Х.Х. таъкид намуданд, ки Раёсати Донишкада ҳамеша барои ҳамкорӣ бо рӯзноманигорон омода буда, дари Донишкада ҳамеша боз аст.