МАКТУБИ ИТТИЛЛОТӢ

Ҳамкасбони муҳтарам!

Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон Шуморо рўзи 20 декабри соли 2018 барои иштирок дар конференсияи байналмиллалӣ таҳти унвони “Рушди гидроэнергетика-рушди Тоҷикистон”  даъват менамояд.

Забони кории конференсия: тоҷикӣ, русӣ, узбекӣ ва англисӣ.

Бахшҳои конференсия:

  1. Энергетика ва экология
  2. Фанҳои техникӣ ва риёзӣ-табиӣ
  3. Фанҳои гуманитарӣ ва иќтисодӣ

Маводҳои конференсия дар намуди маҷмӯаи илмӣ нашр карда мешаванд. Барои тартиб додани барнома ва нашри мавод лутфан номи маърӯза, маводи чопшаванда ва варақаи бақайдгириро то санаи 10 декабри соли 2018 ба почтаи электронии nemat902005g@mail.ru фиристед.

Барои  мазмуну мундариҷа ва сифати маводи ирсолшаванда муаллиф  масъул аст. Матни маводҳои фиристодашуда аз ҷониби кумитаи тадорукот таҳрир карда намешавад.