Бахшида ба иди касбии барқчиёни Тоҷикистон- “Рӯзи энергетик” дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ–фароғатӣ баргузор гардид.

Пеш аз оғози чорабинӣ ректори Донишкада Исозода Д.Т. баромад карда, ҳозиринро ба муносибати ин иди касбӣ табрику таҳният намуда, зикр карданд, ки энергетика яке аз самтҳои афзалиятнок ва ҳадафи стратегӣ ба шумор рафта, иқтисодиёти босуръати кишвар аз он вобастагӣ дорад. Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон манбаи асосии таълиму тарбия ва омодасозии мутахассисони соҳаи энергетикаи кишвар буда, хатмкардагони Донишкада бо донишу малакаи худ метавонанд дар рушди ояндаи иқтисодиёти мамлакат саҳми сазовор гузоранд. Барои ин дар Донишкада тамоми шароитҳои барои таҳсилот ва истироҳату фароғати донишҷӯён зарурӣ фароҳам оварда шудаанд.

Дар рафти чорабинӣ як қатор омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён барои иштироки фаъолонаашон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва меҳнати софдилонаашон, ҷиҳати таълиму тарбия ва омодасозии мутахассисони болаёқати соҳаи энергетика аз тарафи Раёсати Донишкада ва КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо сипоснома, ифтихорнома ва туҳфаҳои моливу пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Дар анҷом дастаи фарҳангии “Нурафшон”- и Донишкада бо суруд, тарона, саҳнаҳои тарбиявӣ ва ҳаҷвӣ хотири иштирокдоронро болида намуданд.