Дар баромади худ мушовири ректори Донишкада, яке ташкилкунандагони фаъоли Ҳаракати Ваҳдаи миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва аввалин раиси Шӯрои ин Ҳаракат дар вилояти Хатлон устод Ализода А.А. дар бораи лаҳзаҳои ҷолиб аз таърихи баргузории маҷлиси муассисони ин Ҳаракат ва саҳми арзандаи ташкилкунандагони он дар марҳалаи ҳассоси онвақтаи ҷомеаи Тоҷикистон ва вилояти Хатлон, ёдовар шуд.
Иштирокдорони ҷамъомади мизи гирд бо як хулосае онро анҷом доданд, ки Ваҳдаи миллӣ аз рӯи ҳамаи омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангиаш воқеан шаҳсутуни соҳибистиқлолии Тоҷикистон мебошад ва ҳар як шаҳрванди боору номӯс дар амалӣ гаштани ин омилҳо бояд саҳми худро гузорад.