Хабарҳо

Хабарҳо

Аксияи тозагӣ

Бо ташаббуси Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касаба, дар факултети Электроэнергетикии Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, Аксияи экологӣ ва бехатарии муҳити атроф барои инсон гузаронида шуд. Устодон ва донишҷӯён синфхонаҳо, биноҳои таълимӣ ва гирду атрофи хобгоҳро аз ҳар гуна маводҳои пластикӣ тоза намуданд. Тасмим шуд, ки ин иқдом мунтазам гузаронида хоҳад шуд.

Аксияи тозагӣ Read More »

Дониш талабу бузургӣ омӯз…

Бахшида ба иди касбии энергетикҳои Тоҷикистон дар факултети Электроэнергетикии Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон таҳти унвони “Ихтироъкорон ва техникони ҷавон” намоиши дастовардҳои устодону донишҷӯёни факултет баргузор гардид.          Фаъолони факултет ректори донишкада н.и.к. Исозода Д.Т. ва дигар аъзои раёсатро истиқбол намуда ба толори намоишгоҳ даъват намуданд.          Намоишгоҳ бо ҷомҳову дипломҳо, ифтихорномаҳо ва сертификатҳои гуногун, ки дар

Дониш талабу бузургӣ омӯз… Read More »

Ҷонибдорӣ

Раиси Маҷлиси милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, бо мақсади бештар сабзу хуррамгардонии шаҳри Душанбе ташаббуси наҷиб нишон дода ба сокинон баҳри ба “Шаҳри Сабз” табдил додани пойтахти Ватанамон муроҷиат намуданд. Кормандону донишҷӯёни Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ин иқдомро ҳамчун давоми мантиқии сиёсати хирадмандона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,

Ҷонибдорӣ Read More »

Вохӯрии муфид

Дар асоси нақша-чорабиниҳои муштарак дар толори марказии Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон таҳти раисии ректори донишкада Исозода Д. Т.  вохӯрии устодону донишҷӯён бо кормандони раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон майёри Адлия Одинамаҳмадзода Парвиз Одинамаҳмад ва мудири шуъбаи муқовимат бо коррупсия лейтенанти калони Адлия Қурбонзода Манучеҳр Мусо баргузор гардид.

Вохӯрии муфид Read More »

Авҷи корҳои тирамоҳиву зимистонӣ

Дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон корҳои тирамоҳиву зимистонӣ бо маром идома доранд. Имрӯзҳо устодону донишҷӯён дар дар вақтҳои фориғ аз дарсҳо бо корҳои заминнармкунӣ, ба шаклдарории дарахтон, нармкунии қитъаҳои байни қаторҳои ниҳолон, қаламчакунии гулҳо ва дигар корҳои тирамоҳиву зимистонӣ машғул мебошанд.

Авҷи корҳои тирамоҳиву зимистонӣ Read More »