Рӯзи 4 – уми октябр дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон бо ташаббуси муовини ректори Донишкада оид ба тарбия, тарғибот ва масоили иҷтимоӣ Шарифова З.Ҷ. конференсияи имӣ – фарҳангӣ таҳти унвони “Забони миллат ҳастии миллат “ баргузор гардид. Дар оғоз муовини ректор оид ба таълим,идораи сифати таҳсилот ва мобилияти академӣ Зувайдуллозода Ф.З. дар бораи нақши забони тоҷикӣ дар рушду нумуи илму фарҳанг сухан таъкид намуд , ки дуст доштан ва қадр кардани забони модарӣ ҳаргиз маънои бо он маҳдуд шудан ва аз омухтани забонҳои хориҷӣ даст кашиданро надорад балки забонҳои хориҷӣ бобати огоҳӣ пайдо намудан аз ҳаводиси ҷаҳон, адабиёти илмию бадеии ҷаҳонӣ ва воридшавӣ ба фазои иттилоотии ҷаҳонӣ шароити хубе омода месозад.
Дар конференсия инчунин аз ҷониби устодону донишҷӯён дар мавзуҳои “Забони мо барои мо ҷаҳон аст”, “Нақши Пешвои Муаззами Миллат дар рушди забони давлатӣ” маърузаҳо қироат гардиданд. Аз ҷониби баромадкунандагон қайд гардид, ки эҳтиром ба забони модарии худ, фарҳанг ва тамаддуни хеш эҳтиром ба тамаддуни дигар инсонҳоро нишон дода, решаи дӯстии инсонҳоро ба вуҷуд меоварад.
Дар охир чун дар арафаи иди омӯзгорон қарор доштем якчанд нафар устодону кормандони Донишкада , ки дар таълиму тарбия ва омодасозии кадрҳои болаёқати соҳаи энергетика саҳмгузор буданд аз ҷониби раёсати Донишкада бо сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби дастаи ҳаваскорони Донишкада “Нурафшон” барномаи фарҳангӣ пешниҳод гардид.