Озмуни вилоятии “Рӯзғордорӣ” бахшида ба "Соли рушди саёҳий ва ҳунарҳои мардумӣ"

Рӯзи 15 майи соли2018 Дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар озмуни вилоятии “Рӯзғордорӣ” бахшида ба “Соли рушди саёҳий ва ҳунарҳои мардумӣ “ гузаронида шуд. Дар озмуни мазкур хӯрокҳои миллии қадима ва муосири халқи тоҷик, ки аз ҷониби донишҷӯёни коллеҷу донишгоҳҳо ва донишкадаҳои вилоят омода шуда буданд, мавриди тамошо қарор доштанд .

Тибқи натиҷаҳои ҷамъбасти озмун донишҷӯдухтарони Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ҷоӣи аввалро сазовор гардида, бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд, ки боиси ифтихори аҳли коллективи Донишкада мебошад.



an image



an image