Маълумоти мухтасар оиди Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон

an image

Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 211 аз 03.05.06 ҳамчун муассисаи давлатии таълимии олӣ дар тобеиати Вазорати энергетика дар шаҳри Қӯрғонтеппа таъсис гардидааст.

Донишкада дар асоси Оинномаи худ, ки бо Фармоиши Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон № 35 аз 21.07.2014 тасдиқ шудааст, фаъолият намуда истодааст.

Суроғаи Донишкада: 735140, Қӯрғонтеппа, кӯчаи Б.Ғафуров 27, Тел./Факс: 8322222634, сомона-www.det.tj, E-mail: nazarov-h2013@mail.ru.

Донишкада фаъолияти худро дар асоси Иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ силсилаи АУ № 0001402 аз 10 январи соли 2014, рақами қайд №1875 ба роҳ монда истодааст.

Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз баромадашон бахшида ба Рӯзи дониш дар Донишгоҳи давлатии Кулоб ба номи А. Рудакӣ бармеояд, қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва дигар мақомотҳои дахлдор баҳри амалӣ гардонидани вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 январи соли 2015 ба роҳ монда, баҳри татбиқи амалии онҳо дар асоси нақшаҳои таҳия ва тасдиқнамудаи сохторҳои Донишкада чораҳои зарурӣ дида истодааст.

Таҳлили натиҷаҳои соли ҳисоботӣ нишон медиҳанд, ки Раёсати Донишкада, Шӯрои олимон, шуъбаҳои таълим, тарбия, молия ва хоҷагидорӣ, деканати факултаҳо, аъзоёни кафедраҳо ва кулли кормандони Донишкада дар самтҳои боло бардоштани сифати таълим, самаранокии таҳқиқотҳои илмӣ, ободу зебо гардонидани биноҳои таълимӣ, хобгоҳҳо, дар таъмини донишҷуён бо таҷҳизоти озмоишии замонавӣ ва синфхонаҳои компютерӣ ба мувафақиятҳои муайяне соҳиб шуданд.

То 30 сентябри соли 2015 дар Донишкада 115 нафар омӯзгорон, 68 нафар омӯзгорони штатӣ, 25 нафар ҳамкорони дохила ва 22 нафар ҳамкорони беруна (5 нафар номзадони илм) аз он ҷумла 12 номзадони илм дар 7 кафедраҳои зерин кор мекарданд:

1. Кафедраи “Фанҳои гуманитарӣ”

2. Кафедраи “Риёзӣ-табиӣ”

3. Кафедраи “Сохтмони гидротехникӣ ва фанҳои умутехникӣ”

4. Кафедраи “Нерӯгоҳҳо ва шабакаҳои барқӣ”

5. Кафедраи “Таъминоти барқ ва ҳифзи релеӣ”

6. Кафедраи “Автоматонии ҳаракатоварҳои барқӣ”

7. Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот

Соли 2015 бори чорум донишҷӯёни шӯъбаи рӯзона Донишкадаро хатм намуданд ва 6 нафар хатмкунандагони болаёқат ҳамчун мутахассисони ҷавон барои кор дар кафедраҳои Донишкада монда шуданд.

Диаграмма

Дар Донишкада донишҷӯён аз рӯи 11 ихтисосҳои зерин ба таълим фаро гирифта шудаанд:

1. 1-430101 - Нерӯгоҳҳои барқӣ

2. 1-430103 – Таъмини барқ (аз рӯи соҳаҳо)

3. 1-530105 – Автоматонии ҳаракатоварҳои барқӣ

4. 1-530104-03 – Автоматонӣ ва ҳифзи релеи дастгоҳҳои барқӣ

5. 1-430105-05 Манбаъҳои барқароршавандаи ғайрианъанавии энергия

6. 1-700401-01 – Сохтмони гидротехникӣ

7. 1-270101-10 Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (энергетика)

8. 1-430102 Низом ва шабакаҳои энергетикии барқӣ

9. 1-700401-03 Сохтмон ва истифодабарии нерӯгоҳҳои обию барқӣ

10. 1-530104-05 Воситаҳои техникии назорат ва ҳисоби истифодаи энергия

11. 1-430107 Истифодабарии техникии таҷҳизоти барқии муассиса

МАЪЛУМОТНОМА

оиди қабули довталабоне, ки ба курси 1-уми ДЭТ аз тарафи маркази миллии тести назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2014-2015 қабул карда шудаанд.

Номи ихтисос Рӯзона ғоибона
ройгонпулакӣҳамагӣройгонпулакӣҳамагӣ
11-430101-Неругоҳҳои барқӣ341246-33
21-430102- Низом ва шабакаҳои,
энергетикии барқӣ
-2222
31-430103-Таъмини барқ29114077
41-430105-05-Манбаъҳои барқарор-
шавандаи ғайрианъанвии энергия
13114
51-430107- Истифодабарии техникии
таҷҳизоти барқии муассиса
-1515
61-530104-03-Автоматика ва ҳифзи
релеии дастгоҳҳои электроэнергетикӣ
8193
71-530104-05-Воситаҳои техники назо-
рат ва ҳисоби истифодаи энергия
---
81-530105-Автоматонии ҳаракатовараҳои
барқӣ
19524
91-700401-01-Сохтмони гидротехникӣ13-13
101-700401-03-Сохтмон ва истифо-
дабарии нерӯгоҳҳои обию барқӣ
-99
111-270101-10- Иқтисод ва ташкили
истеҳсолот (энергетика)
1341722
Ҳамагӣ129802091212

Теъдоди донишҷуёне.ки ба курси якуми шӯъбаи рӯзонаи донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дохил шудаанд вобаста ба минтақаҳо чуни аст.

Вилояти Хатлон -143 н

Вилояти Суғд -21 н

Вилояти ВМКБ -21 н

Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ-17 н

ш.Душанбе – 7 н

Натиҷаи кори комиссияи аттестатсияи давлатӣ (КАД)

Дар асоси ҷадвали раванди таълим донишҷӯёни хатмкунандаи шӯъбаи рӯзона ва ғоибона пеш аз супоридани имтиҳонҳои давлатӣ аз 26-уми январ то 14-уми феврали соли 2015 ба корхонаҳои ҳудуди ҷумҳурӣ ба таҷрибаомӯзии пешаздипломӣ фиристонида шуданд.

Дар соли таҳсили 2014- 2015 донишҷуёни шӯъбаи рӯзона аз рӯи 7- ихтисос ва донишҷуёни шӯъбаи ғоибона аз рӯи 2- ихтисос имтиҳони давлатиро супориданд.

Барои гузоридани имтихонхои давлатӣ раисони комиссияи аттестатсионии давлатии Донишкада дар ҳайати зерин тасдик шуда буданд.

1. қосимов Улуғбек Умриевич- номзади илмҳои техникӣ.и.в.дотсент, муовини декан оид ба илм ва кор бо донишҷӯёни шартномавии факултети Энергетикии донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ.

2. Назиров Хуршед Бобохоҷаевич - номзади илмҳои техникӣ, саромӯзгори кафедраи «Электротаъминкунӣ»-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ.

3. Холназаров Нурмаҳмад Дустович –Сардори Раёсати “Электроэнергетика”-и Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

4. Кобулиев Зайналобуддин Валиевич- доктори илмҳои техникӣ, профессор, директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

5. Каримова Гулбарг Мирзоевна- номзади илмҳои педагогӣ, мудири кафедраи «Менеҷмент ва маркетинг» Донишгоҳи давлатии қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав;

Мутобиқи ҷадвали раванди таълим имтиҳонҳо аз фанҳои тахассусӣ аз 16-ӯми феврал то 28- ӯми феврали ва барои ихтисоси 270101-10 аз 13 то 15-уми маи соли ҷорӣ гузаронида шуданд.

Натиҷаҳои имтиҳонҳои давлатӣ дар ДЭТ

ихтисосҳо Шумораи
донишҷӯён
Баҳо Холи
миёнаи
гуруҳ
5432Ҳозир
нашуд
Роҳ
дода
нашуд
ш. рӯзона
430101АБ4571325__3,6
430105272520___3,33
430103АБ4482214___3,86
53010433111012___3,97
53010519496___3,89
700401247152___4,21
270101-104032313_1_3,65
Ҳамагӣ232429792_1_3,77
ш. ғоибона
430101282717_2_3,18
430103334139_7_3,0
Ҳамагӣ6162026_9_3,08
Умумӣ29348117118_10_3,62
Фоиз,%10016,3839,9340,27_3,41_x

Аз рӯи Низомномаи аттестатсияи давлатӣ, дар ДЭТ пеш аз саршавии имтиҳонҳо ҷадвали қабули ҳимояи лоиҳаҳои дипломӣ аз тарафи деканатҳои факултаҳо тартиб дода шуда, дастраси донишҷӯен гардиданд. Мувофиқи ин ҷадвал қабули ҳимояи лоиҳаҳои дипломӣ аз 27.05.2015 сол то 05.06.2015 давом ёфтанд. Барои гурӯҳи 270101-10 – “Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (энергетика)” қабули ҳимояи лоиҳаҳои дипломӣ тибқи ҷадвали раванди таълим аз 29.06.2015 то 04.07.2015 сол сурат гирифт. Натиҷаҳо аз тарафи комиссияҳои қабули ҳимояҳои дипломӣ пешниҳодшуда дар ҷадвал оварда шудаанд.

Натиҷаҳои ҳимояи лоиҳаҳои дипломӣ дар ДЭТ

ихтисосҳо Шумораи
донишҷӯён
Баҳо Холи
миёнаи
гуруҳ
5432Ҳозир
нашуд
Роҳ
дода
нашуд
ш. рӯзона
430101АБ4561027_2_3,51
430105273517_2_3,44
430103АБ4611313_1_4,17
53010433101211___3,97
530105204104___3,97
7004012410103_1_4,3
270101-10404277_2_3,92
Ҳамагӣ2354810572_10_3,89
ш. ғоибона
43010131_621_4_3,22
4301033431212_7_3,67
Ҳамагӣ6531833_11_3,44
Умумӣ30051123105_21_3,81
Фоиз,%100174135_7_x

Таҳлили натиҷаҳои ҳимояи лоиҳаҳои дипломӣ нишон медиҳад, ки нисбат ба соли 2014 миқдори баҳоҳои “аъло” 0,6% зиёд, баҳоҳои “хуб” 5,37% кам ва шумораи баҳоҳои миёна 1,56% зиёд гардидааст.

КОРҲОИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТИИ ҲАЙАТИ ПРОФЕССОРОНУ ОМӮЗГОРОН ВА ДОНИШҶӮЁН

Фаъолияти муассисаи таълимии олӣ бе назардошти фаъолияти илмӣ ва ҳамкорӣ бо муассисаҳои дигари илмӣ доир ба тайёр намудани мутахасиссони баланд ихтиссосӣ илмӣ тасавур кардан ғайри имкон аст.

Сифати омодасозии мутахассисон дар мактаби олӣ пеш аз ҳама аз рӯи имконияти зеҳнии потенсиали он муайян карда мешавад. Шумораи устодони доимӣ - 68 нафар буда, аз инҳо 12 нафарашон номзадони илм мебошанд.

Дар Донишкада алҳол миқдори кормандони илмии дараҷа ва унвони илмидошта 17,9% - ро ташкил медиҳад. Бояд тазаккур дод, ки ин нишондиҳанда имконияти ба таври қаноатбахш амалӣ намудани таҳқиқотҳои бунёдӣ, амалӣ ва хоҷагиро диҳад ҳам, ба тағйироти ҷиддию мусбат ниёз дорад.

Дар соли 2015 ҳамкории Донишкада бо муассисаҳои хориҷи кишвар дар сатҳи лозима ба роҳ монда шуда буд. Дар солҳои қвбли Раёсати Донишкада бо Донишгоҳи давлатии электротехникии Санкт – Петербург ба номи В.И. Ульянов (Ленин), Донишгоҳи давлатии энергетикии Иваново ба номи В.И. Ленин, Донишгоҳи давлатии Петрозавод, Донишгоҳи давлатии Марий, Донишгоҳи давлатии агротехнологии Рязан ба номи П.А. Костычёв, Донишгоҳи давлатии нафту техникии Уфа, Донишгоҳи давлатии Урали ҷанубӣ, Донишгоҳи федералии қафқози Шимолӣ, Донишгоҳи давлатии педагогии Томск ва Донишгоҳи давлатии техникии қирғизистон ба номи И. Раззаков шартномаҳои ҳамкориро ба имзо расонида буд. Дар давраи ҳисоботи шартномаҳои ҳамкори бо Донишгоҳи давлатии аграрии Санкт – Петербург ва Донишгоҳи федералии Урал ба номи Президенти якуми Россия Б.Н Елсин ба имзо расонида шуданд

Тибқи шартномаҳои тарафайн дар соли таҳсили 2015 -2016 2 нафар доншҷӯи курси 3 аз рӯи ихтисоси 530105 – Автоматонии ҳаракатовараҳои барқӣ барои таҳсил ба Донишгоҳи давлатии электротехникии Санкт – Петербург ба номи В.И. Ульянов (Ленин) фиристода шудааст. Ассистентони кафедраи “Автоматонии ҳаракатовараҳои барқӣ” Носиров Исмоил Сафарович ва қаҳоров Рустам Асалиевич коромӯзии илмиро дар Донишгоҳи давлатии электротехникии Санкт – Петербург ба номи В.И. Ульянов (Ленин) ба анҷом расонида, айни ҳол дар шӯъбаи рӯзонаи аспирантура таҳсил намуда истодаанд. Ду нафар омӯзгори ҷавони кафедраи “Таъминоти барқ ва ҳифзи релейӣ” Махсумов Илҳом Бурҳонович ва Холназаров Музаффар Бойназарович дар асоси шартномаҳои тарафайн коромӯзии илмиро дар Донишгоҳи давлатии энергетикии Иваново ба номи В.И. Ленин ба анҷом расониданд. Бо дастгирии бевоситаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути маркази барномаҳои байналмилалӣ, квотаи байналмиллалии Президентии “Дурахшандагон” Обидҷони Шаҳобиддин ба Донишгоҳи геологӣ – таҳқиқотии Москва ба номи С. Орджинкидзе, Давлатов Далер Нарзуллоевич Донишгоҳи архитектура ва сохтмонӣ Тюмен, Сафарзода Абдулло ба Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Свердловск ва тавассути квотаи Федератсияи Россия барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Сармисоқов Зоир Тоирович ба Донишгоҳи давлатии Алтай, Гулмадов Ифтихор ба Донишгоҳи Давлатии техникии Алтай ба номи И.И. Палзунов барои таҳсил ба аспирантура фиристода шуданд. Ассистенти кафедраи “Нерӯгоҳҳо ва шабакаҳои барқӣ” Раупов Насим Маҳмашарифович ва ассистенти кафедраи “Автоматонии ҳаракатовараҳои барқӣ” Раҳматуллоев Ашурали Зокирович дар шуъбаи рӯзонаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии техникии қирғизистон ба номи И. Раззаков таҳсил намуда истодаанд. Асистенти кафедраи “Таъминоти барқ ва ҳифзи релейӣ” Шарипов Нурмаҳмад Бобоҷонович дар курси 3 шуъбаи рӯзонаи аспирантураи Донишгоҳи Давлатии Техникии ба номи И.И. Палзуноваи шаҳри Барнаули Федератсияи Руссия таҳсил дорад. Бояд қайд намоем, ки бо дастгирии бевоситаи ҷСК “Ориёнбонк” ассистенти кафедраи “Сохтмони гидротехникӣ ва фанҳои умумитехникӣ” Назаров Зафар Саидмуродович барои таҳсил ба шуъбаи рӯзонаи Донишгоҳи федералии Урал ба номи Президенти якуми Россия Б.Н Елсин фиристода шуд.

Дар соли ҳисоботи 1 нафар омӯзгор ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия барои коромӯзии илмӣ ва 11 нафар омӯзгорони ҷавони Донишкада барои таҳсил ба шуъбаи рӯзонаи аспирантураи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии қирғизистон фиристода шудаанд. Инчунин, бо дастгирии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ду нафар омӯзгори Донишкада барои коромӯзи ба Ҷумҳурии халқии Хитой фиристода шуда буданд.

Дар самти тайёр намудани мутахассисони дорои дараҷа ва унвони илмидошта Донишкада бо Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимӣ, Донишгоҳи Давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Н. Хусрав, Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон, Пажуишгоҳи кимиёи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пажуишгоҳи об ва проблемаҳои гидроэнергетикӣ ҳамкорӣ дорад. Дар ин муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ 11 нафар устодони Донишкада ҳамчун аспирантони шӯъбаи ғоибона ва унвонҷӯён корҳои илмиашонро пеш бурда истодаанд.