Зарурати омўзиши ҷанбаҳои назариявии аудити экологӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳасан Асоев

Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АИ ҶТ

Дар саддаи ХХ1 мақсад аз гузаронидани тадқикоти илмӣ дар ин бахш хотима бах-шидан ба вайроншавии мувозинати табии мебошад. Аз рўи меъёрҳои муқарарнамудаи СММ рафъи мушкилоти экологии ҷомеъа алҳол ба сатҳи маблағгузорӣ ҳар як кишвар вобастагӣ дорад. Тибқи нишондоди он дар масштаби ҳозираи истеҳсолот ва сатҳи технологияи муосир ҷудо намудани 2% -и маҷмуи маҳсулоти дохили (ММД) имкон медиҳад, ки ҷараёни тамоюли таназзулёбии табиатро омўзем. Барои пурра бартараф намудани ин ҷараён 6% -и маҷмуи маҳсулоти дохили лозим аст. Ҷудо намудани 8-10%-и маҷмуи маҳсулоти дохили имкон медиҳад, ки тамоюли мувозинати табииро таъмин намуда, ҳаматарафа ҳолатҳои табиатро барқарор созем. Қобили зикр аст, ки гарчанде нисбати муаммоҳои экологии Точикистон асару мақолаҳои мухталиф интишор гардида бошад ҳам,аммо зуҳуроти онҳо то ҳол аз нигоҳи АУДИТИ экологӣ мавриди таҳқиқ қарор нагирифтааст. Тақвияти ин андеша аз ҷуддо намудани маблағ ба таври умум дар самти муҳити зист зоҳир мегардад. Нигаред ба ҷадвали

Сарчашма; Тоҷикистон: 20 соли истиқлолияти давлатӣ . Маҷмўи оморӣ. Душанбе-2011.

Агар, дар қиёси дигар қишварҳои ҷаҳон маблағгузории соҳаи муҳити зисти кишварамонро воқеъбинона таҳлил намоем, аён мегардад, ки он дар сатҳи хело паст қарор дорад. Мисол , ба ин мақсад давоми (1995- 2000)- ум , 0,034%-и ММД, ва алҳол 0,7%-и ММД сарф шудасту халос. Ин баёнгари он аст, ки дар чунин сатҳи маблағгузори мо имкон надорем, ки тамоюли таназулёбиӣ ва зарфиятҳои экологии табиати кишварамонро ҳамаҷиҳата бартараф созем. Қобили зикр аст, ки тайи 20 соли истиқ-лолият дар ҳудуди кишварамон даҳҳо барномаҳои мухталиф дар самти беҳдошти муҳити зист ба таври гранти амалӣ гаштанд, аммо нақши онҳо дар АУДИТИ экологии кишварамон то ҳол натиҷагири карда нашудааст. Бинобар, чунин ба назар мерасад, ки ин самт дар оянда тадқиқотҳои махсусро бо афкори ҷадид талаб дорад.