Терроризм ва экстремизм падидаи номатлуб дар ҷомеа

Экстремизми имрӯза низ дар фаъолияти худ ҳамаи методҳои экстремизми гузаштаро истифода мебаранд, ки инҳо: тозакунии этноконфессионалӣ, истифодаи генотсид (истифодаи қатли оммавӣ бо сабабҳои нажодӣ, миллӣ,мазҳабӣ), зуд-зуд бардоштани шуришу исёнҳо ва муборизаҳои яроқнокро бо мақсади ба даст овардани ҳокимият, ба ҷанг бархестани экстремистони динӣ, ба инсоният зулми маънавию равонӣ расонидан.

Экстремистони мазҳабӣ ҳуқуқу озодиҳоро маҳдуд мекунад ва ба конфессияи якдигарӣ таҳқирҳо мекунанд. Қуллаи баланди экстремизми динии муосир гузаронидани сиёсати тарс ва террор мебошад, хосияти дигари экстремизми динӣ дар он аст, ки вай таасубро эҷод мекунад ва дар асоси он терроризм авҷ мегирад.

Дар замони ҳозира ташкилотҳои динии экстремистию террористӣ дар ҳар як дин мавҷуд аст. Бо ёрии ин ташкилотҳо теократия кӯшиш мекунад, ки ба олам назари ба худ хоси вазиятро ҷорӣ кунад. Вай кӯшиш мекунад, ки олами динӣ ва дунявиро ба худ тобеъ кунад.

Экстремистон ва мутаасибони муосири динӣ ҳаракат мекунанд, ки идеяҳои мазҳабии худро ба гардани дигарон бор кунанд. Онҳо ҳаракат мекарданд, ки рақибони худро мағлуб кунанд ва дар ҳолати зарурӣ онҳоро нест кунанд, махсусан саҳми ташкилотҳои исломӣ дар ин бобат хеле калон аст. Агар чанде мегуянд, ки ислом дини сулҳпарвару таҳамулпазир аст, вале фаромуш набояд кард, ки олам имрӯзҳо маҳз аз таҳдиди исломгароён ранҷ мебаранд. То имрӯз дар дунё зиёда аз 200 ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ амал мекунанд ва яке аз онҳо ташкилшавии «давлати исломӣ» дар ҳудуди давлатҳои Ироқ, Лубнон ва Сирия мебошад. Агар чанде онро ягон давлат эътироф накарда бошад ҳам алакай сохтори худро ташкил карда истоданд.

Баъзан аз баҳсу мунозираҳо ва таҳлилҳои динӣ ғояҳои иҷтимоии озодӣ, адолат, шарафи инсонӣ ба вуҷуд меояд, ки боиси пешрафти гуманистии ҷомеаи инсонӣ мегардад. Намояндагони динҳои гуногун ба обурӯ ва манзалати анъанавии худ дар ҷомеа такя карда бо ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва маънавиёти баланд ба муқобили озмоишҳои хатарноки иҷтимоӣ мебароянд. Онҳо дар такмили сохтори ҷамъиятӣ ва ба сулҳу ваҳдат овардани муноқишаҳои гуногун дар ҷомеа мусоидат намуда, ҳамин тариқ, дар равандҳои ба вуҷуд овардани арзишҳои нави ҷамъиятӣ, дар ташаккули оилаҳои муосир фаъолона иштирок менамояд. Дар китоби муқаддаси Қуръон навишта шудааст, ки Оллоҳ одамонро аз рӯи фарқиятҳои мазҳабӣ, синфӣ, миллӣ, забонӣ наофаридаст. Дар ислом чунин ақидаро дар хусуси он, ки шахсияти инсон маҳз дар муҳити ҷомеа ташаккул меёбад эътироф мекунанд.

Тибқи таҳлилҳои оморӣ ҷавонони тоҷик дар гушаю канорҳои Руссия бо машаққат меҳнат карда ҳаққи меҳнати гирифтаашонро ба ҷои он, ки ба оилаҳояшон равон кунанд, ба гурӯҳҳои террористии «Давлати исломӣ» равона мекунанд.

Вақте, ки ҷаҳонбинии илмӣ ҷомеаро фаро нагирифтааст, бесаводӣ, гумроҳӣ, ифрот ва зуроварию терроризм ҷои онро пур мекунад.

Акнун имрӯз гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» дар якҷоягӣ бо «Толибон», «ҳаракати исломии Узбекистон» ва ташкилотҳои дигари террористӣ, ки байат(ҳамрайӣ, дастгирӣ)-и худро эълон карданд қобил аст муносибатҳои геополитикиро дар Осиёи Марказӣ тағйир диҳад ва вазъияти дохилии сиёсати мамлакатҳои ин минтақаро ноустувор гардонад. Аз рӯи манбаҳои гуногун шумораи размандагони давлати исломиро зиёда аз 30 ҳазор ва тарафдорони онҳоро зиёда аз 80ҳазор ҳисоб мекунанд. Сину соли онҳо аз панҷсола боло сар мешаванд. Ин гуруҳ на танҳо дар тамоми мамлакатҳои мусулмонии олам обурӯ дорад. Сафи онҳоро аз мамлакатҳои аврупоӣ аз ҳисоби нажодҳо, синфҳо, табақаҳо ва гурӯҳҳои гуногуни синнусолию иҷтимоӣ пур мекунанд. Баъди ҳамроҳшавии толибон ба «Давлати исломӣ» роҳбари Ҳаракати исломии Узбекистон У. Ғозӣ гурӯхи худро ҳамчун як қисмати давлати исломӣ эълон кард.

Акнун дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ тамоми омилҳои сарзадани табадулоти иҷтимоӣ фароҳам оварда шудааст. Махсусан барои ба вуҷуд омадани халифат дар ин кишварҳо заминаҳо ба вуҷуд омадааст. Барои муқобилият нишон додан ба ин гуруҳҳои террористӣ ИМА ба мамлакатҳои Осиёи Миёна имконияти ёрии техникӣ ва ҳарбӣ додан надорад. Ғайр аз он ин мамлакат намехоҳад муносибаташро бо иттифоқчиёнаш бад кунад.

Дар ин роҳ Федератсияи Россия ягона давлати мусоид барои мамлакатҳои Осиёи Марказӣ мебошад, ки тайёр аст, дар доираи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (ШОС) ва ОДКБ ёрии техникӣ ва ҳарбӣ расонад. Имрӯзҳо «Давлати исломӣ» нафақат ҷавонмардон, балки инчунин онҳо бачаҳои хурдсоли панҷсола ва аз панҷсола боло, занҳо ва калонсолонро низ дар ҷанг истифода мебаранд Махсусан Бачаҳои хурдсолро ҳангоми ҷазо додани рақибон дар сафи пеш мегузоранд. Онҳоро аз хурдӣ дар рӯҳияи бераҳмӣ, нотарсӣ ва одамкушӣ тарбия мекунанд. Размандагони давлати исломӣ дар симои бачаҳои хурдсол барои чандин наслҳои дигар проблема эҷод мекунанд. Дар қаламрави ин гурӯҳҳо чандин мактабҳо мавҷуд аст, ки барои тайёр намудани кори ҳарбӣ дарсҳо ва машқҳои таёрии ҳарбиро мегузаранд.

Вақти он расидааст, ки имрӯзҳо нисбати амалҳои даҳшатангези ин гурӯҳҳои террористӣ тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ дар канор наистад. Ин гуруҳҳо на фақат нисбат ба ҷони журналистон таҳдид мекунанд, онҳо инчунин ба озодандешӣ, пешравии илм, техника, технология, фарҳанг ва тамоми анъанаҳои пешқадами мо низ таҳдид мекунанд. Ба муқобили ин душманони тамоми башарият, ки бо шиору даъватҳои исломӣ одамонро гумроҳ карда ба доми худ кашида истодаанд дар якҷоягӣ муборизаи оштинопазир бурдан зарур аст.

Ҷаҳон то рафт ба сӯи ягонагӣ ва дар робитаи байниҳамдигарӣ майл карда истода, масъалаҳои муҳими ҳастии инсон акнун глобалӣ шуда истодааст. Ҷаҳонишавӣ монеаҳои байни дохилию беруниро шуста мепартояд, ки ин дар аз даст додани мавқеъҳои пештараи сакралӣ, азнавсозии ҳама гуна низомҳои анъанавии байналмилалӣ ва дар тағйироти тартиби сохторҳои дохилаи ҷоришавии унсурҳои умумӣ , инчунин муносибати оилаҳо зоҳир мешавад.

Новобаста аз он, ки дар Осиёи Марказӣ давлатҳои дараҷаи гуногуни инкишофи сиёсӣ ва иқтисодидошта мавҷуд аст, онҳо дар раванди ҷаҳонишавӣ фаъолона ворид шуда истодаанд. Дар баробари ҳамин раванди ҷаҳонишавӣ барои ин мамлакатҳо як қатор монеаҳои ташвишовар эҷод намуд. Бисёр масъалаҳо ба дараҷаи пасти ҳаёт, камбағалию нодории баъзе аз оилаҳои ин муҳит низ алоқамадӣ дорад.

Чунин ҳодисаҳои ташвишовари муосир, ба монанди терроризм ва ҷиноятҳои муташакил, экстремизми сиёси ва динӣ, сепаратизм, коррупсия, низоъҳои миллию маҳалӣ, одамрабоӣ, савдои ғайриқонунии яроқ ва фуруши ғайриқонунии маводҳои муходир ба амният ва осоиши тамоми мардуми дунё таҳдид мекунад.

Усулҳои мубориза бо терроризм ва экстремизм, муҳимии муттаҳидшавии давлатҳо барои нишон додани муқобилият бо ин хатарҳо дар бисёр ҳуҷҷатҳои меъёрии байналмилалӣ ва ҳуҷҷатҳои қабулкардаи мамлакати мо қайд шудаанд.

Чор дараҷаи муқобилияти зиддиэкстремистӣ ва террористиро имрӯзҳо ҷудо кардан мумкин аст: байналмилалӣ, минтақавӣ, давлатӣ ва шахсӣ. Хусусияти якҷояи фаъолияти зиддиэкстремистӣ ташкили муборизаро алайҳи чунин ҳодисаҳо дар тамоми соҳаҳои ҷамъиятӣ(маънавӣ-идеологӣ, сиёсӣ-ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ҳарбӣ ва ғайраҳо) талаб мекунад.

Мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм дар дараҷаи байналмилалӣ бе бастани шартномаҳои байниҳамдигарии байнидавлатӣ, иродаи мустаҳками роҳбарони давлатҳо дар кӯшиши нишон додани муқобилият бо чунин ҳодисаҳои манфур номумкин аст.

Яке аз роҳҳои бартараф намудани монеаҳо дар равандҳои гуфтушунидҳои байналмилалӣ ин истифодаи имкониятҳои қувваҳои фаъол ва воситаҳо бо ҷалбкунии ҳатмии руҳониёни фаъоли мазҳабҳои гуногун ба шумор меравад.

Имрӯзҳо одамон дарк месозанд, ки сабаби пошхӯрии оилаҳо на мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ, балки коста гардидани маънавиёти ҷомеа ва омода набудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона аст. Аз ин рӯ, лозим аст, ки ба таълиму маълумотнокии духтарон аҳамияти бештар дода шавад, то наслҳои ояндаашон дар домони модарони босаводу худогоҳ тарбия ва ба воя расанд. Сарвари давлат барои ҳалли мушкилоти оила, кӯдак ва масъалаҳои илму маориф ниҳоят таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуданд. Яке аз хусусиятҳои муҳими Паёми имсола ин аст, ки Президенти муҳтарам ба мустаҳкамшавии оила ва ғамхорӣ ба модару кӯдакро дар сатҳи давлатӣ аҳамияти ҷиддӣ доданд. Чунонки дар Паём зикр шуд, Ҳукумату давлат барои беҳдошти зиндагии мардум шароити мусоидро фароҳам оварда истодааст. Махсусан, ҷавонони зиёде бо харҷи кам оила бунёд намуданд. Президенти мӯҳтарам аз он изҳори нигарони карданд, ки солҳои охир ҷудошавии оилаҳои ҷавон афзоиш ёфтааст. Аз ин ҷиҳат, таваҷҷуҳи ҷомеа ва Ҳукуматро Сарвари давлат ба масъалаи мустаҳкам кардани оилаҳои ҷавон ҷалб карданд. Дар ҳақиқат асоси солимии ҷамъият, оилаи солим аст. Агар оила солим набошад, кӯдакони солим таваллуд намешаванд ва кӯдакони носолим ин мушкилот барои ҷомеа ва давлат аст.

Ва ҳамчунин, проблемаҳое, ки давлат пешбинӣ мекунад, ҳаллашон душвортар мегарданд. Аз ин ҷиҳат, Президент ёдовар шуданд, ки дар натиҷаи никоҳҳои хешовандони наздик ва ҳамчунин, ба ҷурми истеъмоли маводи нашъаовар ва ғайраҳо 13 ҳазор кӯдак маъюб аст. Онҳо зери парастории давлат қарор доранд. Ин омор боиси мулоҳизаи зиёд аст. Ҳарчанд ки ҷомеаи имрӯза мушкилиҳои зиёди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дорад, лекин давлат ва хусусан, Сарвари давлат ба ин масъала аҳамият дода, онҳоро зери парасторӣ қарор доданд. Аз ин ҷиҳат, барои ҳалли мушкили мазкур Президент пешниҳод карданд, ки соли 2015 „Соли оила“ эълон шавад. Ин тасмим хело муҳим аст, то шурӯъ аз ҳамин рӯзҳои ибтидои сол ба тамоми масъалаҳои вобаста ба мустаҳкам кардани оила, масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзанд, бунёди оила ва ғайра ҷомеа таваҷҷуҳи ҷиддӣ диҳад.

Омилҳои номатлуб ва зуҳуроти баде, ки имрӯз метавонанд ба фарҳанги хонаводагии миллӣ, низоми оиладорӣ, шеваи таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон ва ҳатто мафкураи мардум таъсири манфӣ мерасонанд, зиёданд. Ин масъала низ дар Паём хеле ҷиддӣ матраҳ шуд. Дар Паём ба Маҷлиси Олӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ба тамоми ҷомеа матлаб он буд,ки дар шароити муосири хеле шадиди ихтилофҳо ва ҷаҳонишавӣ мо дурандешии миллӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Бубинед, ки ҷаҳони муосир, бахусус, баъзе кишварҳои исломӣ ба чӣ зуҳуроти мухталифе печидаанд. Бо вуҷуди он ки баъзеи ин кишварҳо хеле пешрафтаанду аз ҷиҳати иқтисодӣ ва молӣ таъмин, аммо ба доми хурофоту ифротгароӣ ва тундгароиҳои динӣ гароидаанд ва дар натиҷа пойдории давлату миллат зери хатар монда дар ҳоли парешонию нестӣ қарор доранд. Ихтилофҳои мазҳабию ҳарбӣ қурбониҳои зиёде ба бор овард. Аз ин рӯ, тамоми дунё имрӯз барои пешгирии чунин амалҳои номатлуб нигаронанд. Бинобар ин, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия кардани насли ҷавон, шукри истиқлолу Ватану давлатро намудан, шукри суботу оромӣ кардан ва ба ваҳдати ҷомеа талош доштану бегонапарстӣ накардан, яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи мо дониста мешавад. Ин замина барои ояндаи хушбахтонаи ҷавонон ва насли имрӯзу фардои кишварамон аст.

Хулоса, ҳалли масъалаҳои глобалӣ дар ҳолате имкон дорад, ки агар оқибатҳои мудҳиши ин ҳодисаҳо аз тарафи тамоми инсоният дарк карда шавад. Замони муосир тафаккури нави сиёсиро тақозо дорад, яъне фаҳмиши он, ки мамлакатҳо ва тамоми халқҳои дунё дар доираи манфиатҳои умумӣ, гӯё онҳо дар саёраи мо аъзоёни киштии ягонаанд.



Омузгори ДЭТ Умаров Ҳ.