Маҳкум намудани шомилшавии ҷавонон ба сатҳи ташкилотҳои террористию экстримистӣ аз ҷумла, дар муқовиматҳои Сурияву Ироқ

an image

Имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро гурӯҳҳои ифротиргароӣ бо ном “Давлати исломӣ» нигарон кардааст ва бештари аъзои ин гурӯҳҳоро ҷавононе ташкил медиҳанд, ки мафкураи маҳдуд дошта, аз асолати аслии худ дур ва аз Ватану модари хеш мункиранд. Ин омилҳо барои ҷомеаи имрӯза хатарзо ва боиси ташвиш мебошад. Сабабҳои зиёди шомилшавии ҷавонони имрӯза ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ вуҷуд дорад, ки ҳар фарди ҷомеаи имрӯзаро барои пешгирии он ҳушдор менамояд.

Яке аз ин сабабҳо холигии идеологӣ дар маҳалҳо бошад сабаби дигараш паст будани дониши дунявӣ аст. Албатта сабаби асосии косташавии донишҳои дунявии ҷавонон, беназоратии волидайн ва дур мондани бархе аз ҷавонон аз мактаб аст.

Дар марҳилаи навини таърихи башарӣ рушд ёфтани фаъолияти ташкилотҳои экстремистӣ ва терорристии байналмилалӣ боиси таассуф ва нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Ҷуғрофияи фаъолияти ин ташкилотҳо рӯз аз рӯз ҳудуди давлатҳои алоҳидаро рахна сохта, характери фаромиллӣ ва глобалӣ касб карда истодаанд. Таҳдидҳои ин таҳавулоти номатлуби замон боиси аз байн бурдани истиқлолияти давлатҳои алоҳида гардида ҳаёти осоиштаи мардуми сайёраро зери хавфу хатар монда, ҳазорҳо тифлони бегуноҳ, пирони барнодил ва ҷавонони равшанфикр ба коми ин заҳоки аср фурӯ рафта истодаанд.

Ҳақ бар ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки мегӯяд “Тарроризм ва Экстремизм ,аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст”

Тоҷикистон кишвари соҳибистиқлол ва демокративу дунявӣ аст ва рӯз аз рӯз рушду тараққӣ ёфта истодааст. Қонунҳои давлатамон талқингари роҳи ҷилвагирӣ аз ифрот ва амалҳои номатлуби иҷтимоӣ буда, ба ҳар шаҳрванди кишвар фаъолияти озоди зиндагӣ, эътиқот ва озодии виҷдонро додааст.

Мутаасифона, бар хилофи ин озодиҳо бархе аз ҷавонони тоҷик ба ин неъматҳои соҳибистиқлолӣ қонун дар фазои давлати озоди миллӣ хатти бутлон мекашанд ва даст ба ифротгароӣ мезананд.Ҷавонони тоҷик хуб дарк менамоянд, ки масъалаи ҷавонон дар мадди назари роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурӣ бевосита Пешвои муаззами миллат қарор гирифтааст. Дар тамоми Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушкилоти ҷавонон ба таври мубрам гузошта мешавад ва дар сиёсати ҳаррӯзаи Сарвари давлат масъалаи мазкур аз масоили маркази маҳсуб меёбад.

Пешниҳод гардидани соли 2017 “Соли ҷавонон” боз як иқдоми неки Пешвои миллат нисбати ҷавонон аст. Оре, ҷавонони солимфикру қавиирода ва ҷисман солим ояндасози ин сарзаминанд. Зеро ҷавонон шоҳсутуни ояндаи ҷомеаанд. Аммо гурӯҳе аз ҷавонони сустирода, содаю зудбовар ва дур аз оинҳои ҷавонмардӣ фирефтаи ваъдаҳои бардурӯғи ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ шуда , ба номи миллат иснод меоранд. Маълум аст, ки ин гуна ҷавонон аз маърифату тарбия дур монда, бо ашхоси ҷоҳилу ҷиноятпеша пайваста ҷони худро дар хатар гузошта, волидон ва пайвандони хешро ноором ва як умр хиҷолатзадаю сархаму бадбахт мегардонанд. Тибқи иттилоӣ расонаҳои хабари шумораи умумии ҷавонони вилояти Хатлон дар соли 2016 аз 14 то 30 -( 1026646)-як миллиону бисту шаш ҳазору шашсаду чилу шаш нафарро ташкил медиханд аз он ҷумла 221 нафар ҷавонон дар набардхои Ироқ ва Сурияву дигар мамолики Шарқи Наздик ширкат доранд.

Дар ҷомеаи имрӯза гоҳо ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъи ваҳҳобия, ба мисли “Ҳизб-ут – таҳрир”, “Давлати исломӣ” “ Толибон” ва ғайраҳо мардумро аз ҳам ҷудо сохта ,ҷавононро ба бадбахтиҳо ва ба коми гурӯҳҳои худ мекашанд. Онҳо баҳри тавлиди низоъҳои нав дар байни миллату халқиятҳо дар зери ниқоби“Дини мубини ислом” баромад намуда, ҷавононро аз дину миллати хеш ва оинҳои аҷдодӣ дур месозанд. Аз ин лиҳоз,тамоми ҷавононро даъват менамоям, ки ҳамагон бо азму иродаи қавӣ якдилу яктан гашта,ватан-модари азазро боз ҳам ободу зебо гардонем. Ҳаргиз он ҷонбозиҳое, ки падару бобоёни мо баҳри барпо кардани таърихи ғании миллатамон дар тӯли қарҳо кардаанд, фаромӯш нахоҳад шуд.

Имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вартаи бозиҳои сиёсии ҷаҳонӣ ғӯтидааст ва ҳар яки моро мебояд, ки дар атрофи Сарвари хирадмани худ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, ормонҳо ҳазорсолаи мардуми азияткашидаи тоҷикро, ки аз қаъри асрҳо бармеояд, амалӣ созем. Зеро танҳо роҳбари оқилу доно мо- ҷавононро то ба соҳили мурод раҳнамои карда метавонад.

Биёед фирефтаи он ҳамсолене, ки имрӯз дар диёри бегона ба даст яроқ гирифта, хуни ноҳақ мерезонанд, нашавем. Бояд донист,ки тақдири имрӯзу фардои миллату давлати Тоҷикистон дар дасти мову шумост. Фаромӯш набояд кард, ки ягон аҷнабӣ ватани моро обод нахоҳад кард. Ривоҷу равнақи сарзамини аҷдодиамон маҳз дар дасти худи мост. Барои мо- ҷавонон озодиву сулҳу суботи ин сарзамини озод беҳтарин неъмат аст ва бояд дар фикри рушди шахсият ва дониши комил бошем, то насли ояндаи миллат созанда бошаду ҷомеаи орому ҳукмфармои сулҳу ваҳдат бунёд созем .



Мудири ШТТ
Ёрмаҳмад Шарифов

Нозир оиди кор бо ҷавонони ДЭТ
Бозоров Самиаъло Асадуллоевич