Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ

an image

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати пойдории сулҳу ваҳдат ва абадияти истиқлолияти мардуми тоҷик ҳанўз аз рўзҳои аввали сарвари давлат интихоб шудан, ҷидду ҷаҳд ва талошҳои зиёд намудаанд.

Ва ин талошҳои Сарвари давлат самараи хуб дод, чунки мо тоҷикон ба сулҳу ваҳдати комил ноил гаштем, ки ин комёбии беназири мо, барои бисёр давлатҳои дунё намунаи ибрат ҳам шуд.

Мутаасифона кишвари мо чун дигар давлатҳои осоишта аз хатари гуруҳҳои ифротию террористӣ ба ном исломӣ дар бим аст.

Дар ҳақиқат имрўз вазъи кунунии ҷомеаи муосир ҳамагонро ба ташвиш овардааст, ва дар чунин вазъ ҳар як шахси ватандўсту ватанпарвар бояд дарк намояд, ки дар ҳолати рушди равандҳои сиёсӣ, мақсади ниҳоии ҳар як ҳаракат ин дар амал ҷорӣ намудани мақсаду ҳадафҳои хеш аст.

Новобаста аз ғамхорию дастгириҳои пайвастаи ҳукумати ҷумҳурӣ ва Сарвари давлат, нисбати наврасону ҷавонон, ҳастанд ҷавононе, ки гирифтори фитнаю фиреби гўруҳҳои ифротӣ гаштаанд ва роҳи пешгирифтаи онҳо зиддӣ ҳама гуна қонунҳои инсонӣ мебошад.

Ҷавононро мебояд ҳушёру зирак бошанд ва фирефтаи даъвату ваъдаҳои бардурўғи ягон гуруҳҳои ифротгаро нагашта, бар зидди ҳамагуна зуҳуроти бегонапарастӣ мубориза бурда тавонанд.

Ҷавонони муҳтарам худ қазоват кунед, ки терроризм бо расидан ба мақсадҳои худ ба кадом давлат, миллат ё худ падару модари хеш манфиат ё хушбахтӣ овардааст.

Имрўз бадбахтарин зан модар ҳамонест, ки фарзандаш ба чунин гуруҳҳо мепайвандад ва ҳаёт барои ў дигар маънӣ надорад.

Ягона шахсе, ки баъди офаридгор дар рўи замин нисбати фарзанд ғамхор ва бузург аст, билохира касе ҳуқуқи маънавӣ надорад, занеро, ки барои мо тамоми ҳастӣ ва ҳатто хушбахтиашро қурбон месозад бадбахт созад.

Яке аз сабабҳои ба гўруҳҳои ифродгаро шомил шудани ҷавонон ин тарбияи номукамал ва надоштани дониши сиёсии онҳо буда, такя ба ин гуфтаҳо ҳаминро қайд карданиам, ки беҳтарин василае, ки инсонро ба дунёи рангин ворид мегардонад илму дониш аст.

Тарбия асосан аз оила сарчашма гирифта дар боғча ва дигар муассисаҳои таълимӣ рушд меёбад.

Бинобар ҳамин вазифаи аввалиндараҷаи падару модар дар назди қонун ва офаридгор ин нигоҳубин ва тарбияи дурусти фарзандон мебошад.

Фарзандон новобаста аз сину сол пайваста ба тарбия ва ҳидояти падару модар эҳтҳиёҷ доранд.

Бадбахтона имрўз ҳастанд оилаҳое, ки ба тарбияи фарзанд беэтиноӣ зоҳир менамоянд, ки дар натиҷа кўдак беназорат монда дар муҳити кўча ба воя мерасад.

Дар оянда аз чунин фарзанд падару модар ва наздикон чӣ умед кунанд?, вақто, ки аз тарбияи комил ва донишандўзии ў ғофиланд.

Дар ҳақиқат ҳаёт ва таҷрибаҳои ҳаётӣ нишон медиҳад, ки падару модар, барои ба камол расонидани фарзандони баркамол, соҳибмаърифат ботамкину боиффат чӣ қадар заҳмат кашанд, фарзанд низ дар навбати худ дар пирию нотавонӣ ба волидон ғамхорию меҳрубони хоҳад кард.

Фарзанд, барои падару модар ганҷи бебаҳо ва неъмати худодод аст. Дар ин росто фарзанд ниҳолест, ки нашъунамо ва самараи хуби он аз нигоҳубини пайваста ва дурусти тарбиятгарон вобаста аст.

Худ қазоват кунед, ки тарбияи нодуруст ва беаҳмиятӣ нисбати кўдакон дар оила, на танҳо боиси бадбахтӣ ва нанги падару модар, балки ҷомеа ва миллат мегардад.

Дур намеравем имрўз доғи давлату миллати тоҷик ба амсоли Кабириҳо, ва ҳоҷи Ҳалимҳо, ки ватандори беватан, дур аз хешу ақрабо ва боиси нафрати ҳазорҳо модарон гаштаанду илова бар ин ҷавононро, ки қадамҳои нахустини хешро ба зиндагии мустақилона мегузоранд, гумроҳ намуда ба қавле ғурамарг месозанд.

Дар урфият гуфтаанд, ки ҳар шаб зи худ бипурс, ки имрўз чӣ кори нек ба мардум кардӣ?

Наход, ки боре ҳам ба худ андеша накарданд, ки ин амалӣ хиёнаткоронаи онҳо ба кадом халқ ё миллат манфиат ё рўзи нек меорад? Дар дини ислом аз ҳама гуноҳи бадтарин ин қатли инсоният ба шумор меравад.

Ин табақа мардумон (хоинони миллат), баҳри муваққатан хушгузаронии рўзи хеш аз ҳисоби маблағҳои муфди душманони аҳли башарро аз модару миллат ва мазҳаби худ афзалтар мешуморанд.

Наход, ки боре ҳам виҷдон ё худ ҳисси миллӣ онҳоро ҳушдор насозад, ки роҳи пешгирифтаашон дар ягон олам ба шахсе некӣ наовардаасту ва нахоҳад оварад.

Барои он ки дар тафаккури фарзандон ақидаҳои ғаразноки ҷиноӣ, аз ҷумлаи террористӣ роҳ наёбад, онҳоро бояд чунон тарбия намуд, то ки ба муқобили падидаҳои манфии ғаразнок устувор ва муқовиматпазир бошанд.

Боиси қайд аст , ки имрўз Ҳукумати Ҷумҳурӣ, баҳри таълиму тарбияи наврасону ҷавонон ҳама шароиту имкониятҳои мусоидро фароҳам овардааст, босамар истифода намудани чунин имконият, падару модар ва ҷомеаро вазифадор месозад, ки дар тарбияи ояндасозони худ талош намуда, чораҳои судманд андешанд.

Имрўз ҷавонони даврони соҳибистиқлол хушбахтанд, ки чунин сарвари дилсўз, хирадманд ва некбин доранд.

Боз як иқдоми некбинона ва хирадмандонаи Пешвои миллат ин эълон намудани соли 2017 «Соли ҷавонон» мебошад, ки ин боиси хушбахтӣ ва дастгирии на танҳо ҷавонон балки тамоми ҷомеа мебошад.

Дар ин росто бояд қайд намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 январи соли 2017 зимни суханронӣ дар маҷлиси КИМ ҲХДТ, яке аз ҳадафҳои муҳими марҳилаи имрўзаи рушди давлатдории миллиро дар ҳалли масоили ҷавонон арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки мо бояд дар зеҳну шуури насли наврас ва ҷавонони мамлакат ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандўстӣ, ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, сабру таҳаммул, омўзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир, меҳнатдўстӣ ва риояи волоияти қонунро тарбия намоем, то онҳо дар оянда ҳамчун фарзандони шоиста кору пайкори насли имрўзаро идома бахшида, ватани азизамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда тавонанд.

Дастгириҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдат ҳар як фарди худогоҳи тоҷикистониро вазифадор месозад, ки ҷавононро дар ҳама соҳа дастгирӣ намуда, ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят кунему онҳоро аз корҳои ношоиста, ҳамчунин шомил шудан ба гуруҳҳои ифродгаро пешгирӣ намоем.



Ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон

номзади илмҳои техникӣ Назарзода Х.Х.