ҲНИТ-ҲИЗБЕ, КИ ХУДОВУ БАНДАГОНАШРО ФИРЕБ МЕДИҲАД…

Ҳанӯз соли 1996 дар вохӯрӣ бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буданд, ки дар ҳар як ҷомеаи демократӣ ҳизбҳои сиёсӣ танҳо аз тариқи муборизаҳои осоиштаи парлумонӣ ба ҳадафҳои сиёсии худ бояд муваффақ шаванд. Дар ин амр роҳи дигаре нест. Зӯроварӣ ва фиребу найрангро ҳеҷ гуна давлати ҳуқуқбунёду демократӣ намепазирад. Ин некназарии Пешвои миллат моҳи сентябри соли 2015, баъди амалҳои хиёнаткоронаи сарварони ҳизби террористии аз ҷониби Суди Олии Тоҷикистон манъшудаи ҲНИТ, исботи худро ёфт. Бинобар он бамаврид аст, ки боз як таъкиди Ҷаноби Олиро иқтибос биорем: «Мову шумо бояд як қувваи ягонаро ташкил дода, онҳоеро, ки сулҳу салоҳро дар ҷомеа халалдор карданӣ мешаванд, ҳамдигарфаҳмии байни қувваҳои сиёсиро аз байн бурданӣ мешаванд, ҳушдор диҳем».

Намояндагони ТЭТ ҲНИТ ҳамеша даъво мекарданд, ки ҳизби онҳо ҳизби Худо асту ҳизбҳои дигар бошанд ҳизби шайтонианд. Ин тавр бошад бояд андеша кард, ки агар ҳама ҳизбу ҳаракатҳо, иттиҳодияҳо, тамоми ҷомеа, дар маҷмўъ ҳамаи мавҷудоти замину осмонҳо махлуқи Холиқи ягона-Парвардгори олам бошанду маъниҳои «сарвар», «пешво», «роҳбар» ба махлуқ, яъне одамон-бандагони Худо таалуқ дошта бошанд, пас Худои наҳзатиён кадом Худо бошад?

Дувум, дар ҳизб будан маънои дар сиёсат будан ба хотири ба сари қудрату давлат омаданро дорад, ки ба одамон-бандагони Худо рост меояд ва Худованд ба сиёсату давлат ниёз надорад, чунки худ Офаридгору тақдирсоз аст. Яъне мақсади аслии роҳбару аъзои ҲНИТ-ин қонеъ гардонидани нафси инсонӣ буда, бо мақсади ба даст овардани қудрат зери ниқоби Ислом ва Худои пок, ба ҳар роҳе набошад, мехоҳанд марому нияти ғаразноки худро амалӣ созанд.

Саввум, дар роҳи сиёсат аз номи Худову дини мубини Ислом суистифода кардан, худ як гумроҳӣ мебошад, ки дар ояи 186 сураи Аърофи қуръони карим омадааст: «ҳар киро Худо гумроҳ созад, барои ў ҳеҷ роҳнамое нест…». Воқеан, ин худобехабаронро Худованд на ин, ки гумроҳ, балки ба дараҷаи бадбахтиҳо сазовор гардонидааст. Охир онҳо на танҳо бандагони Худоро, балки Худоро ҳам фиреб карданӣ шуда, дар ғазаби ҳақтаъоло гирифтор шудаанд.

Роҳбарони ҳизби мамнуъгардидаи террористӣ ҳамеша талош меварзиданд, ки аз нерӯи бузурги ҷавонони тоҷик, чӣ дар Ватан ва чӣ дар хориҷи он барои амалӣ намудани мақсадҳои душманонаи худ истифода баранд. Онҳо чавонони тоҷикро, ки асосан ба исломи фарҳангӣ ва маъниҳои ахлоқиву тарбиявии вай таваҷҷӯҳ доранд, на ба исломи сиёсӣ, даъват намуда, ба гумроҳӣ ва бадтараш ба хиёнат ба Ватану миллати худ даъват намуда истодаанд. Дар ин бора мебояд, ки ба мӯҳтавои асарҳову суханрониҳои Президенти мамлакат, аз ҷумла асари «Дирўз ва имрўзи тоҷикон», ки дар бораи фаҳмиши нави дини ислом дар замони ҳозира-замони ҷаҳонишавӣ сухан меравад, муроҷиат кунем ва кӯшиш ба харҷ диҳем то, ки ҷавонон бегонапарасту бегонафитрат набошанд, ба онҳо воқеиятеро бифаҳмонем, ки аввал Ватан асту баъд дин аст, яъне аз аввали мавҷудияташ башарият аввал макони худ-Ватанро бунёду ҳифз кардаву баъд ба хотири ободиву рушди Ватан рӯй ба сӯйи дин ва арзишҳои маънавию ахлоқии он овардааст. Беватан аксаран аз дин ва аз мазҳаби худ низ ҷудо аст.

Дар ин хусус, ман мехостам иқтибос аз китоби “Саҳифаи нур”-и бунёдгузори ҶИЭ – Оятулло Ҳумайниро манзури хонандагон намоям

“...Ман сахт эътиқодманд хастам ба он нуқта, ки арзиши идора намудани давлатбояд аз тамоми манфиатҳои дигар, хатто манфиатҳои динӣ, чун намоз, рӯза ва ҳаҷ хам авлотар дониста шаванд.

Давлат метавонад тамоми зуҳуротро манъ эълон намояд, агар ин зуҳурот ҷавобгӯйи манфиатҳои Давлат ва Халқ набошанд, ҳатто агар ин манъкарданҳо дар зиддият ба манфиатҳои исломӣ ҳам бошанд.Зеро манфиатҳои ҳокимияти давлатӣ бузургтар аз қонуниятҳои исломӣ ҳастанд”.

Наҳзатиён бошанд ҷавононро ба олами зулмот ва ҷаҳолат ҷалб карда, фаромӯш кардаанд, ки давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон барои ҷавонон шароиту имконоти фаровоне фароҳам овардааст, то ки:

- онҳо дар андешаашон озод бошанд, ба хотири озодӣ, ободӣ ва рушди Тоҷикистон;

- дар гуфтугўи ҷавонон ҳамеша мантиқ бошад, то манфиати Ватану давлати Тоҷикистон коҳиш наёбад;

- амалҳояшон ҳамеша дар доираи талаботи қонун сурат гирад, чунки беқонунӣ асосаш торикӣ, ҷоҳилӣ ва разолат мебошад.

Дар роҳи ободиву озодии Ватан саҳми ҳамагонӣ зарур аст. Дар ин ҷода ба бетарафӣ, бегонапарастиву бегонафитратие, ки роҳбарон ва фаъолони ҲНИТ доранд, ҷой нест. Пеши роҳи онҳоеро бояд бигирем, ки мисли наҳзатиҳо дар ин Ватан ҳатто барои худу волидайнашон ҳам як хиштро болои хиште нагузоштаанду дар ҳама ҷо ва аз ҳамаи воситаҳо барои сиёҳ кардани давлати ҷавони Тоҷикистону Президенти он тўҳмат мезананд.


Хона ёбад мўр дар як зарраи хоки Ватан,

Беватан дар рўи сад дунё наёбад сарпаноҳ.


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид медоранд, ки наврасону ҷавонони тоҷик бояд дар фазову рўҳияи баланди ватанпарварастиву ватандорӣ таълиму тарбия бигиранд, барояшон сухани аввал Ватан-Модар ва донистани дину мазҳаби аҷдодӣ танҳо ва танҳо як ҷузъи фарҳанги инсонии онҳо бошад. Дар ҳолате, ки давлати навбунёди Тоҷикистон воқеан ба мутахассисони соҳаи техникӣ, хусусан технологияи муосир эҳтиёҷ дорад, хеле зарур аст, ки ҳар як дақиқаи вақти талабаи мактаб ба омўхтани барномаи дарсӣ ва 90 дар сади вақташ барои омўхтани илмҳои дақиқ, техникаву технологияи замонавӣ сарф шавад.

Мувофиқи матлаб аст, ки аз рўзҳои аввалине, ки падару модарон фарзандонро ба расму оину дину мазҳаб ошно сохтанӣ мешаванд, дарк кунанд, ки дигар тарзи кўр-кўрона ва қориазёд кардани сураву ояҳои қуръони маҷид фоида надорад. Талаботи замони нав аст, ки наврас тафаккури рўшан ва озод дошта бошад ва аз доираи хеле танги бо ном «омўзиши ислом», ки аксарияти нимчамуллоҳои-парвардагони ҳизби мамнуъгардидаи террористии ҲНИТ истифода мебаранд, берун бошад. Боиси таассуф аст, ки роҳбарони ин ҳизби террористӣ дар бораи он, ки тоҷикон ҳамчун халқи соҳибтаддун ва бофарҳанг дар рушду нумўи дини ислом саҳмгузори асосӣ мебошанд, ҳарфе ҳам намегуфтанд. Агарчӣ танҳо се тан аз ниёгони олитабори тоҷик: Абўҳанифа Нўъмон ибни Собит ибни Марзбони Куфӣ, Абдуллоҳ Муҳаммад Исмоили Бухорӣ ва ҳусейн Воизи Кошифӣ он қадар дар бораи фалсафаи фиқҳи исломӣ гуфтаанд, ки тамоми уламо ва олимону тарғибгарони миллатҳои дигар дар якҷоягӣ ба он комёб нагаштаанд.

Ин иқдоми ниёгони бузурги халқи тоҷикро Сарвари давлат, ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бошарафона идома дода, ҳамчун тоҷики ориёиву мусулмони асил, оламиёнро ба рисолати аслии тамаддунофари миллати тоҷик боз ҳам наздиктар ошно сохт, аввалин шуда миёни сиёсатмадорони дунё аз минбари баланди Созмони Миллали Муттаҳид дини мубораки Исломро бо эҳтироми беандоза ва далеронаву шуҷоатмандона ҳифз намуда, Ислом ва терроризмро маъниҳои ба ҳам мухолиф эълон дошт, ҳамоишҳои бузурги байналмиллалии исломӣ, аз ҷумла бузургдошти ниёгони хираманди халқи тоҷик-поягузорони фарҳангу фиқҳи исломӣ Мавлонои Балхӣ ва Имоми Аъзамро баргузор кард, ки дар натиҷа пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе «Маркази фарҳанги Исломии ҷаҳон» эътироф ва Президенти Тоҷикистон дар қатори «500 бузургтарин мусулмони дунё» пазируфта шуданд.



Умеди Нуронӣ сокини ноҳияи Бохтар, собиқ аъзои ҲНИТ