Нақши забони тоҷикӣ дар соҳаи "Энергетика"

Шарифова З.Ҷ.

Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон

Замони муосир тағйиротҳои нав ба наву гуногуни бемайлонро пеш оварда, ҳар як шахсияти комилҳуқуқу бошуури ҷомеъаро водор месозад,ки дар пешбурди ин навгониҳо саҳми босазое дошта бошад.

Баъд аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии азизамон дар соҳаҳои гуногун ҳаёти халқи тоҷик дигаргуниҳои азиме ба вуҷуд омадан гирифт ва забони адабии тоҷикӣ низ ба давраи нави тараққиёти таърихи дохил шуд. Яъне дар баробари мустақилияти давлатамон забони тоҷикӣ мақому манзалати бузурги худро дар ҷомеа дарёфт ва инҷониб ҳамчун забони давлати тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ мегардад.

Тараққиёти ҳаёти иқтисодӣ ва мадании халқи тоҷик, ки дар натиҷаи имкониятҳои замони истиқлолият ҷараён ёфтанд,барои такмилу инкишоф ёфтани забони адабии тоҷик низ шароитҳои мусоид фароҳам оварданд. Таркиби луғавии забони адабии имрў-заи тоҷик асосан барои ифодаи мафҳумҳои нав аз имкониятҳои худи забони тоҷикӣ истифода бурда мешавад. Яъне аз боигарии худи забони тоҷикӣ калимаю ибораҳо қабул карда мешаванд.

Ҳангоми ба забони тоҷикӣ тарҷума намудани ин ё он калима диққати махсус додан лозим аст, чунки калимаи нодурусттарҷумашуда ё ин, ки бемавқеъ истеъмолшуда услуб ва ҳусни забонро халалдор мекунад. Бинобар ин ҳар як ҷумла ва ҳатто калимае,ки тарҷума меёбад, оммафаҳм бошад.

Демократӣ шудани забони тоҷикӣ ва ташаккули забони миллӣ натиҷаи он ҳама равандҳои иҷтимоиву сиёсӣ, иқтисодӣ ва маданӣ буд,ки баъди қабул гардидани қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон

«Дар бораи забони давлатӣ» дар кишвари тоҷикон ҷараён доштанд. Дар муддати начандон тўлонии қабули қонун бисёр имкониятҳои дохилии забони тоҷикӣ ҳам бо қувваи тамом ба ҳаракат омада фаъол шуданд ва сифати нав пайдо намуданд. Ин раванд аз тағйир додани тартиби алифбои тоҷикӣ, қабул гардидани имлои нави забони тоҷикӣ (соли 1998, 2011) ва нашр намудани китобҳои дарсӣ бо забони тоҷикӣ, тағйирот даровардан дар луғатҳои гуногун ва ғайра иборат буд. Дар натиҷаи ин тағйиротҳо забони адабии тоҷикӣ имкон ёфт,ки барои ифодаи матлабҳои сиёсиву ичтимоӣ ва илмиву техникии замони мо ҳозир бошад. Лекин роҳҳои инкишофи забони адабии тоҷикӣ дар ин муддат ҳаргиз ҳамвор набуд ва имрўз ҳам дар ин раванд баъзе тамоюлоти зиддиятнок ба назар мерасад. Зеро, ки дар Тоҷикистон вайронкорӣ дар соҳаи забон ва беэътиноӣ нисбат ба тозагии он боиси эътирози аҳли ҷамъият нагардидааст. Дар ҷумҳурии мо вазъияти забони адабии имрўзаи тоҷикӣ ва камбудиҳои забони матбуоту нашриёт касеро халалдор намесозад. Ҳол он, ки ин масъала баҳсу мунозираи доманадореро талаб дорад.

Махсусан дар тарҷумаи китобҳои илмии соҳаҳои гуногун камбудиҳои ҷиддӣ ба назар мерасад. Айни замон дар мамлакатамон соҳаи энергетика яке аз рукнҳои асосии тараққиёти иқтисодиёт ба шумор меравад ва ба ҳамагон маълум аст,ки ҳаёти имрўзаи инсонро бе истифодаи нерўи барқ тасаввур кардан хеле душвор аст. Шаҳодати ин он аст,ки дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ барқ ба таври васеъ истифода мешавад. Асбобҳои рўшноӣ таъминкунанда, гармидиҳанда, техникаи рўзғор, аз ҷумла мошинаҳои чомашўӣ, дарздўзӣ, мошинахои электронии хисоббарор, яхдон, дарзмол, чангкашак, мўйхушккунак, ки мехнати инсонро сабук ва вактро барои иҷрои корҳои рўзғор сарфа менамоянд, бо нерўи барқ кор мекунанд.

Пас, ин соҳа дар зиндагии ҳаррўзаи мо зарур ва лозим аст. Бинобар ин тарҷу-монҳои китобҳои ин соҳаро ва масъулинро зарур аст,ки ҳангоми тарҷума аз калимаю мафҳумҳои оммафаҳм истифода намоянд. Махсусан масъулияти ба тавсиб расонан-дагони луғатҳои дузабонаи истилоҳоти соҳаи энергетика дар ин самт бояд афзун гардад. Чунки вайронии забон бештар аз ҳама дар тарҷума ба мушоҳида мерасад. Масъулинро зарур аст,ки ҳангоми аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ баргардонидани мафҳумҳо ба ҷои калимаҳои сермаънову душворфаҳм аз калимахои серистеъмоли забони адабии тоҷик истифода намоянд.

Дар муддати начандон тўлонии қабули қонун «Дар бораи забони давлатӣ» китобҳои зиёде дар ин соҳа табъу нашр гардиданд,ки ба талаботи имлои забони тоҷикӣ ҷавобгўянд. Вале дар мундариҷаи баъзе аз ин китобҳо луғатҳои мухтасар оварда шудааст. Хуб мебуд,агар ин луғатҳои мухтасар ба луғатҳои муфассал иваз мешуданд.

Дурушт гардидани сухан, беэътиноӣ нисбат ба дурустиву зебоии сухан, вайрон кардани қоидаҳои забон ва ба назар нагирифтани меъёрҳои он,ки ин гуфтаҳо дар баъзе истилоҳоти соҳаи энергетика ба назар мерасад, ба ҷиҳати маънавии ин соҳаи муҳим зиён меоранд.

Ҳаматарафа омўхтани меъёрҳои забони адабӣ ва дигаргуниҳои наве,ки аз ин меъёрҳо фарқ мекунанд, барои инкишофи забони адабӣ зарур аст. Бинобар ин ҳар як мутахассиси ин соҳаро лозим аст,ки ҳангоми нашр намудани китобҳо онро ҳаматарафа таҳлил намоянд ва ба нуқсонҳои дар боло зикршуда роҳ надиҳанд.

Аз гуфтаҳои боло чунин хулоса намудан мумкин аст,ки нақши забони тоҷикӣ дар соҳаи энергетика дар замони муосир мураккаб ва ноҳамвор аст. Ҳол он,ки соҳаи «Энергетика» яке аз соҳаҳои калонтарини хоҷагии халқ буда, истеҳсол, ба дигар намуд мубаддал намудан ва истифода бурдани намудҳои гуногуни нерўро дар бар мегирад.

Айни замон масъалаи тозагии забон масъалаи муҳими давлатию сиёсист ва талаб менамояд, ки нисбат ба он на фақат дар соҳаи энергетика, балки дар ҳама соҳаҳои ҳаёти маънавии ҷамъият ғамхорӣ карда истем ва онро ҳеҷ гоҳ фаромўш накунем.