Озмуни байнидонишкадавӣ таҳти унвони Маҳзар

an image

Санаи 30-юми майи соли 2017 дар Филармонияи давлатии ба номи А. Ҷўраев бахшида ба Соли ҷавонон ва 20- солагии Ваҳдати милл озмуни байнидонишкадавӣ таҳти унвони Маҳзар баргузор гардид. Дар ин озмун дастаи “Нурафшон”-и Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон бо дастаи “Нури ваҳдат”-и Донишкадаи технологӣ ва инноватсионии ш. Кўлоб қувваозмоӣ намуданд.

Чорабинии мазкур дар сатҳи баланди ҳаҷвию маърифатӣ гузаронида шуд. Дар ин озмун Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон бо тайёрии ҳаматарафа ширкат варзида, бо 76 холи муносиби ҳакамон ғолиби озмун дониста шуд ва ба даври дуюми озмун роҳ дода шуд.



an image



an image