Семинар - машварати дастурдиҳӣ дар мавзӯи «Ташкили раванди таълим дар шароити низоми кредитии таҳсилот»

an image

Дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон семинар - машварати дастурдиҳӣ дар мавзӯи «Ташкили раванди таълим дар шароити низоми кредитии таҳсилот» бо иштироки мудири шуъбаи таҳсилоти олӣ ва баъдидипломии Маркази ҷумҳуриявии таълимии методии назди Вазорати маориф ва илм Раҳматуллоев Ф. , сармутахассиси шуъбаи таҳсилоти олӣ ва баъдидипломии Маркази ҷумҳуриявии таълимии методии назди Вазорати маориф ва илм Қаҷкуллоева Т. ва устодони донишкада гузаронида шуд.

Дар ин семинар аз тарафи меҳмонон якчанд маърўзахо шунида шуданд,оиди мавзўи Фаҳмондадиҳии муҳтавои Консепсияи таҳияи барномаҳои таълимӣ,китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимию методии насли нав аз фанҳои бахши гуманитарӣ, иқтисодию иҷтимоӣ,табиатшиносию риёзӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотҳои муфассал,қаноатбахш ва пурра дода шуданд.Ҳамчунин маърўзаҳо тариқи тахтаи электронӣ пурра баррасӣ карда шуданд.Оиди мавзуъ байни итирокчиёни семинар мубодилаи афкор ба миён омад ва дар охир ба саволхои устодон Раҳматуллоев Ф. чавобҳои муфассал доданд.



an image



an image



an image