Омилҳои муккамалсозии сармояи хоричӣ ва ҷалби он ба соҳаи энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

берунорӣ

Назарова Н.С

Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон

an imageКишвари мо Тоҷикистон дорои заҳираҳои хеле бойи гидроэнергетикӣ мебошад. Дурнамои истеҳсоли нерӯи барқе,ки хароҷоти камро талаб мекунад,шароити махсусгардонии Тоҷикистонро талаб намуда дар истеҳсоли ашёи хоми алюминий шароит муҳайё менамояд.

Чи тавре ба ҳамагон маълум аст имрӯз дар тамоми кишарҳои олам эҳтиёҷ ба нерўи барқ соат ба соат ва рўз ба рўз зиёд шуда истодааст. Тавре,ки мутахассисон ҳисоб намудаанд, тўли солҳои охир танҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ соле 150 миллиард киловатт/соат қувваи барқ истифода бурда мешавад. Талабот ба нерӯи барқ махсусан дар ҷумҳуриҳои Чин, Тоҷикистон ва Эрон меафзояд. Ҳамсояҳои наздиктарини мо аз қабили Афгонистон, Қазақистон, ва Федератсияи Россия низ тайёранд аз мо ба кишварҳои худ нерўи барқ ворид намоянд. Бо назардошти он, ки дар мо манбаъи асосии истеҳсоли нерӯи барқ об аст ва аз рўи захираҳои обӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҷойҳои намоёнро дар ҷаҳон ишғол мекунад,инчунин он ҳамчун кишвари дорои захираҳои бузурги нерӯи барқи обӣ метавонад дар ҳалли ин масъалаи глобалии сайёра саҳм бигирад. Аз тарафи дигар истифодаи гидроэнергетикаи Тоҷикистон метавонад раванди ба эътидол овардани муҳити зистро аз ҳисоби хеле кам кардани паҳншавии газҳои буғшаванда вусъат бахшад. Афзалияти тараққӣ додани гидроэнергетика дар Тоҷикистон кайҳо боз маълум гашта буд ва ҳанўз аз марҳилаи аввали даврони Шуравӣ барои аз худ кардани ин заҳираҳои гидроэнергетикии кишвари мо шурӯъ намуда буданд.

Сохтмони силсиланерӯгоҳҳои Варзобу Вахш, неругоҳи барқӣ обии Қайроққум, неругоҳҳои барқӣ обӣ дар Бадахшон аз ҷумлаи онҳоянд. Ба истифода додани неругоҳҳои барқи обии бузургтарини минтақа Нерўгоҳи Барқӣ Обии «Норак», ки аз ҷиҳати сохт ва иқтидор як бозёфти нодири инжинериву гидроэнергетикӣ дар амал ба шумор меравад, бартарӣ ва афзалияти истифодаи обро ҳамчун манбаъи нерӯи барқ амиқу возеҳ исбот сохт.

Дурномаи рушди устувори иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар омилҳо ба ҳамкориҳо бо кишварҳои ҳамсоя аз кишварҳои дигар вобастагӣ дорад. Сиёсати фаъолонаи хориҷии ҷумҳурӣ имконият медиҳад, ки манбаъҳои назарраси ҳориҷӣ ҷалб карда шаванд ва ба ҳамин васила шароити мусоиди рушди иқтисодӣ, таҳкими бехатарӣ ва суббот дар кишвар муҳайё гардад.

Имрўз Ҷумҳурии Тоҷикистон-ро 129 кишвари олам эътироф намуда, бо 93 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ ва бо 80 кишвар муносибатҳои тиҷоратӣ барқарор гардида шудааст. Дар кишвари мо барои мустаҳкам намудани ислоҳоти иқтисодӣ, реструктуризатсияи иқтисодии миллӣ, тавсия ва рушди робитаҳои байналмиллалӣ ва ҳамгироӣ бо иқтисодиёти ҷаҳонӣ корҳои зиёд амалӣ карда мешавад.

Самтҳои асосии инвеститсия ва ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ дар ҷумҳурӣ аз вусъат додани мубодилаи тиҷоратии хориҷӣ, зиёд намудани шумораи корҳонаҳои муштарак, ҳарчи бештар мустаҳкам намудани муносибатҳои байни ҳамдигарӣ, сармоягузориҳои қарзиву хусусӣ ба амал баровардани кооператсияи илмию техникӣ иборат мебошад.

Самти дигари мукамалсозии ҷалбкунии сармоягузориҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкориҳои байналмиллалии иқтисодӣ мутақобилан судманд, ин таъсис додани корхона ва иттиҳодияҳои муштарак бо истифода аз сармоягузориҳои гуногун мебошад. Аз ҷумла самтҳои афзалиятнок инҳо мебошанд: Нерӯи барқии обӣ, истихроҷ ва коркарди металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо, маъданҳои полиметаллию, коркарди пахта ва муҳсулоти соҳаи кишоварзӣ ва ғайра.

Соҳаҳои асосии сармоягузорӣ дар Тоҷикистон аз инҳо иборатанд:

1. Соҳаи энергетика.

Мувофиқи «Консепсияи истифодаи оқилона ва ҳифзи манбаъҳои обӣ дар ҷумҳурӣ», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2001 № 551 тасдиқ гардидааст, захираҳои манбаъҳои гидроэнергетикӣ 527 миллиард квт соатро дар як сол ташкил медиҳад. Аз рӯи ин нишондодҳо Тоҷикистон дар ҷаҳон ҷои 8-ум, аммо аз руи имкондиҳандаи қиёсӣ ба сари ҳар як нафар аз аҳолӣ дар воҳиди масоҳат, ҷойҳои якум-дуюмро ишғол менамояд. Дар сурати пурра истифода бурда шудани онҳо ҷумҳурӣ метавонад ба бузургтарин кишвари содиркунандаи нерӯи барқ дар минтақа табдил ёбад. Гидроэнергетика соҳаи асосӣ ва барои рушди иқтисодиёт аз ҷиҳати стратегӣ хеле муҳим мебошад, ки метавонад манбаъҳои сармоягузории ибтидоиро барои соҳаҳои дигари хоҷагии халқ фароҳам созад.

2. Соҳаи нафту газ ва ангишт.

3. Канданиҳои фоиданок.

4. Истифодабарии маҳсулоти кишоварзӣ.

Аз аввали татбиқи портфели лоиҳаҳои инвеститсионӣ то 1 декабри соли 2011 ҳаҷми умумии маблағҳои азхудкардашуда 659,04 млн. доллари амрикоиро ташкил дод, аз ҷумла:

• Маблағҳои қарзӣ 436,49 млн. доллари амрикоӣ, ки 35,6 фоиз аз арзиши умумии лоиҳаҳои татбиқ гардидаистода;

• Грантӣ 56,81 млн. доллари амрикоӣ -35,3 фоиз;

• Ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 47,2 млн. доллари амрикоӣ -47,48 фоиз;

• Ҳиссагузории ШСХК «Барқи Тоҷик», КВД «Тоҷикгаз» ва ҳиссагузории ҷамоатҳо 18,48 млн. доллари амрикоӣ ё 45,31 фоиз аз арзиши умумии лоиҳаҳои татбиқ гардидаистодаро ташкил медиҳад.

Мутобиқи маълумоти Кумитаи омори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2011 ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти ҷумҳурӣ 388,4 млн. доллари ИМА сармояи мустақими хориҷӣ ворид гардида буд, ки нисбати соли 2008 3,2 млн. доллари ИМА ё 0,8 фоиз зиёд мебошад.

Тибқи маълумоти оморӣ аз соли 2004 то 31 декабри соли 2010 дар маҷмӯъ ба иқтисодиёти кишвар сармояи мустақими хориҷӣ ба маблағи 918 млн. доллари амрикоӣ ҷалб карда шудааст. Таркиби сармояи ҷалбшудаи мустақими хориҷӣ нишон медиҳад, ки қисмати асосии сармоягузорони хориҷӣ нишон медиҳад, ки қисмати асосии сармоягузорони хориҷӣ асосан ба соҳаи энергетика -42,5%, саноат -11,1%, алоқа -11,8% равона карда шудаанд.

Аз ҳаҷми умумии сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ 41,3 фоиз ё 160,4 млн. долл. ИМА ба соҳаи энергетика, 12,1 фоиз 47,1 млн. долл. сохтмон, 5,1 фоиз ё 19,7 млн. долл. ИМА ба соҳаи саноат ва боқимонда 14,0 фоиз ё 54,4 млн. долл. ИМА ба дигар соҳаҳо рост меояд.

Бо мақсади раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва мунтазам таъмин намудани талаботи рӯзафзуни соҳаҳои хоҷагии халқ бо кувваи барқ, инчунин рушди ояндаи иқтисодии вилояти Суғд дар доираи созишномаи қарзии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой дар айни замон ҷараёни барқарорсозӣ, сохта ба истифода додани роҳи автомобилгарди Душанбе –Айнӣ –Истаравшан –Хуҷанд –Бўстон –Чаноқ ва хатти баландшиддати интиқоли барқи 500 кВ «Ҷануб -Шимол» амалӣ мегардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рушду нӯмӯи соҳаи энергетика махсусан, соҳаи барқӣ обиро яке аз рукнҳои асосии тараққиёти иқтисодиёт мешуморад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвасата ба он кӯшишу ғайрат дорад, ки рушди босуботи соҳаи энергетика таъмин карда шавад. Дар доираи ин ҳадафҳо солҳои охир дар кишварамон бо ёрию дастгирии сармоягузорони хориҷиву дохилӣ иншоотҳои бузурги гидроэнергетикӣ ба монанди неругоҳи барқӣ обии Роғун, Сангтуда-1 ва Сангтуда-2 оғоз гардида, сохтмонҳои бисёр неругоҳҳои хурди барқӣ ба истифода дода шуданд.

Бо ин мақсад «Стратегияи миллии рушди соҳаи энергетикаи ҷумҳурӣ барои солҳои 2011-2012» ва барномаҳои рушди соҳаҳои сузишворию энергетикӣ то давраи соли 2015, лоиҳаҳои инвеститсионии НБО-ҳои хурду –калон ва хатҳои интиқоли барқии баландшиддат таҳия карда шудаанд.

Татбиқи лоиҳаҳои барқаросозӣ ва рушди соҳаи энергетика, ки аз тарафи ташкилотҳои молиявии байналмиллалӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, бомувафақият идома доранд.

Лоиҳаи «Барқарорсозии соҳаи барқи Ҷумҳурии Тоҷикистон» зерлоиҳаҳои зеринро дар бар мегирад:

• Барқарорсозии сохтори интиқол ва тақсимоти қувваи барқ дар вилоятҳо;

• Барқарорсозии таҷҳизоти ОТК -500 -200 КВ дар зеристгоҳи Регар;

• Барқарорсозии васлкунакҳои баландшиддат дар зерстантсияи Регар ва таҳисобкунии ҳаҷми умумии интиқоли барқ;

• Тоза намудани сатҳи поёнии дарё дар нерўгоҳҳои барқи обии Норак;

• Барқарорсозӣ ва устуворсозии пойдеворҳои таҷҳизоти ОТК-220 кв-и НБО-и «Норак»;

• Барқарорсозии зеристгоҳҳои «Ҷангал» ва «Навин»;

• Барқарорсозии НБО-и «Марказӣ»;

• Баркарорсозии сохтори телекомуникатсионии вилояти Хатлон;

• Барномаи фавкулода оиди барқарорсозии Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе.

Маблағи умумии қарзи имтиёзноки лоиҳаҳои номбаршуда 62,4 млн доллари ИМА ташкил медиҳанд. Дар рафти амалӣ шудани лоиҳаҳои мазкур тадбирҳои ба нақшагирифташуда, мувофиқи ҷадвали тасдиқ шуда иҷро шуда истодаанд.

Яке аз лоиҳаҳое, ки ба пешрафти иқтисодиёти кишварамон таъсири мусбӣ мерасонад ин лоиҳаи «Барқарорсозии Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе» мебошад. Арзиши лоиҳа 13 млн доллари ИМА-ро ташкил дода аз тарафи хазинаи фонди Қуввайт маблағгузорӣ карда шуда истодааст. Бо мақсади таҳвими иқтидори НБО-ҳои сохташаванда ва содироти қувваи барқӣ изофагӣ дар давраи тобистон лоиҳаҳои инвеститсионӣ :

• ХИБ -500кв «Ҷануб -Шимол» сохта шуда истодааст ;

• ХИБ-500кв «Роғун-Сангтуда-Кундуз-Пули Хумрӣ –Кобул – Пешавар (Покистон)» таҳия карда шуда истодааст.

Яке аз воситаҳои паст кардани шиддатнокии норасоии қувваи барқ дар ҷумҳурӣ, ин бо назардошти зиёд кардани иқтидори неругоҳҳои обӣ модернизатсияи онҳо мебошад. Дар ин бахш назорати энергетикӣ корҳои муайянеро ба анҷом расонида истодааст. Дар асоси грантҳои Агентии Рушд ва савдои ИМА фонди рушди ҳукумати Ҷопон, Бонки Осиёии Рушд ва ҳукумати Олмон лоиҳаҳои асосноксозии техникӣ-иқтисодии модернизатсияи НБО-и Қайроққум, силсилаи НБО-ҳои Варзоб, силсилаи НБО-ҳои Вахш, зеристгоҳи 220 -500 кв-и НБО-и Норак таҳия карда шуд.

Дар ҳолати ба итмом расонидани сохтмонҳои дар давраи 2006-2015 ба нақша гирифта шуда, навбати аввали НБО-и Роғун, НБО-и Шӯроб дар дарёи Вахш, НБО-и Даштиҷум дар дарёи Панҷ ва аз худкунии ҳавзаи обҳои дарёи Зарафшон истеҳсоли қувваи барқ дар соли 2020 ба 60 млрд кВт. соат расонида мешавад. Таъмини фаъолияти муътадили соҳаи энергетика ва рушди устувори он яке аз вазифаҳои аввалин дараҷаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бинобар ин,тули солҳои охир соҳаи энергетикаи мамлакат ҳамчун соҳаи стратегии иқтисодиёти мамлакат аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда шудааст. Бо ин мақсад, андешидани тадбирҳои зарурӣ барои рушду тараққиёти соҳаи мазкур бо роҳи сохтмон, барқарорсозӣ ва ба истифода додани нерӯгоҳҳои обӣ ба мақсад мувофиқ мебошад. Дар баробари ин, сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар соҳаи энергетика барои сохтан ва ба истифода додани нерӯгоҳҳои обии барқии хурд низ равона карда шудааст.

Дар шароити имрӯза Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро лозим аст,ки барои амалӣ намудани лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва ҷалби қарзҳои дарозмуддат, инчунин грантҳои институтҳои молиявии ҷаҳонӣ ва маблағҳои корхонаҳои калонтарини энергетикии ҷумҳурӣ чораҳои зарӯрӣ роҳандозӣ намуда барои маблағгузорӣ тамоми шароитҳоро фароҳам сохта барои расидан ба натиҷаи дилхоҳ тамоми имкониятҳоро истифода намояд.

Рӯйхати адабиёти истифодашуда

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика» ва дигар ҳуҷҷатҳои Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон . Душанбе 2010 с;

2. Энергетикаи Тоҷикистон: дирӯз, имрӯз ва фардо. Н. Ёдгорӣ, Душанбе 2006 с;

3. Маълумот оид ба рафти татбиқи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика, 2011 с.

4. Нашрияҳои Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Энергетика ва саноат», солҳои 2005, 2006, 2007, 2008, 2011. Сузуки М., Саидмуродов Л., Солиев А. Макроиқтисоди кушод ва инвеститсияҳои мустақими хориҷӣ. – Душанбе:Деваштич, 2007.