Талафот дар шабакаҳои электрикӣ ва усулҳои кам кардани он

Ятимов Х.А., Джураев Р.Ф., Назримадов Д.

Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон

Тўли ин муддат таввассути меҳнати фоидакорона ва рўҳияи ватандўстӣ, бунёди нерўгоҳҳои барқӣ обии Норак, Қайроқум, Бойғозӣ, нерўгоҳҳои гурўҳҳои ҳамхати Варзоб, Сарбанд, Шаршар, Марказӣ дар пешрафти соҳаи энергетика бунёд гардид, ки ин барои рушди соҳаи хоҷагии халқ, саноат, кишоварзӣ нақлиёт дар маҷмўъ барои некўволоӣ аҳолӣ заминаи воқеӣ фароҳам овард.

Базаи энергетикаи Тоҷикистон дар солҳои 70-80 пурра ташкил шудааст. Дар фосилаи давоми 15-20 сол ягон сохтмони калони гидроенергетикӣ пеш бурда нашуд.

Дар Тоҷикистон дар давраи авҷи тарақиёти итиҳоди шўравӣ соле ба ҳисоби миёна 15-17 миллиард кВт соат нерўи барқ истеҳсол мешуд. Аз ҳама бештар соли 1993 17118,3 миллиард кВт соат нерўи барқ истеҳсол карда шудааст. Ҳоло ин ки захираҳои табии обии мо дар суръати бунёди иқтидорҳои нав нерўгоҳҳо хело бузург аст. Барномаи энергетикие,ки дар ибтидои солҳои 80-ум таҳия шуда буд тараққиёти мутассили гидро-енергетикиро дар Тоҷикистон аз ҳисоби сохтмони нерўгоҳҳои барқӣ обии бузург дар назар дошт. Мутобиқи ин барнома бояд иқтидорҳои дороӣ 22,4 МВт мутобиқан ба истеҳсоли 86,6 миллиард соат нерўи барқ дар як сол сохта мешуданд.

Яъне бояд низоми энергетикаи мо бо афзоиши панҷкарата тарақи мекард. Бо сабаби ҳодисаҳои маълум на танҳо ин барнома иҷро нашуд, балки сохмони нерўгоҳҳои оғоз шуда боздошт шуданд.

Ба ҳар ҳол аз ин нақшаю ниятҳо ва тарҳу лоиҳаҳо ки илман асоснок шудаанд, ме-тавон хулоса баровард, ки таҷрибаи гидроэнергетикаҳои тоҷик аз худкунии самаранок ва фоидаи баланди иқтисодӣ захираҳои гидроэнергетикаро тасдиқ менамояд.

Ба ноил шудан ба Истиқлолияти миллӣ, махсусан баъди Раиси Шўрои Олии ҷум-ҳурии Тоҷикистон интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон ба тараққиёти гидроэнергетика аҳамияти махсус дода мешуд.

Маҳз бо ташаббуси ҷаноби Олӣ нерўгоҳи барқӣ обии Сангтўда -1 соли 2009 пурра ба истифода дода шуд. Дар ҳамин сол боз сохтмони хати баландшиддати 500кВ-и ҷануб – Шимол ба охир расид.

Яке аз масъалаҳои муҳимтрини соҳаи гидроэнергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин сохтмони НБО-и Роғун мебошад, ки сохтмони ин нерўгоҳи барқӣ обии дар ҷаҳон беҳамто соли 1967 оғоз гардида буд. Иқтисдори лоиҳавии он 3600МВт бо истеҳсоли солонаи 13,1 миллиард кВт соат мебошад.

Сохтмони ин нерўгоҳ на танҳо боиси афзоиши нерўи барқ дар кишвар мегардад. Балки маҷрои обро ба танзим дароварда, имконият фароҳам меорад, ки ҳам тобистон ва ҳам зимистон дар тамоми силсила нерўгоҳҳои дарёи Вахш нерўи барқ истеҳсол карда шавад. Ба ғайр аз ин,обанбори ин нерўгоҳ пурра кафолат медиҳад,ки киштзорҳои ҷумҳуриҳои Узбекистон, Туркманистон ва Афғонистонро новобаста аз сербори ё хушк-солӣ мудом обшор гардонад.

Ҳамин тариқ, энергетикҳои тоҷик мутобиқи дастуру нишондодҳо ва кўмаку дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри амалӣ намудани нақшаву ниятҳои азим самаранок меҳнат мекунанд. Мо дар ҳама ҳолат ва дар ҳар рўзи корӣ кўмаки беандозаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-ро ҳис менамоем, ин ҳам энергетикҳоро ба кор дилгарм менамояд ва ҳам бовариро афзун месозад.

Мо имрўз бо дили пур гуфта метавонем, ки таҳти сарварии ҷаноби Олӣ ба истиқлолияти энергетикӣ мушарраф мегардем ва он рўз дур нест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишваре, ки на танҳо хоҷагии халқи худро бо барқ таъмин месозад, балки ба хориҷаи дуру наздик барқи интиқол дода, ба болоравии сатҳи зиндагии мардуми худ ҳатман мусоидат хоҳад намуд, табдил меёбад.

Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон паи иҷрои сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ дастуру супоришҳои сарвари давлат дар самти рушди соҳаи гидроэнергетика мунтазам ҷидду ҷаҳд менамояд. Боиси хушнудист, ки солҳои охир бо истифода аз фазои мусоиди инвеститсиони ва шароити хуби корӣ дар гўшаю канори мамлакат бунёди як қаторт иншоотҳои муҳими энергетикӣ ҷараён дорад.

Дар суръати таъсири Консорсиуми байналмиллалии соле соҳаи энергетикаи Тоҷикистон то соли 2025 зиёда аз 80 миллиард кВт соат нерўи барқ истеҳсол карда хоҳад шуд.

Мувофиқи супоришҳо ва пешниҳодҳои сардори давлат дар пеши мо барқчиён вазифа гузошта мешавад, ки ба «Талафоти нерўи электрикӣ» аҳамияти ҷиддӣ бояд дод.

Умуман талафот бо ҳисоби миёна аз 10-15% нисбати нерўи истеҳсолшуда зиёд набошад, лекин то имрўз мувофиқи маълумотҳои оморӣ ва мушоҳидаҳо то ба 25-30% расидааст. Мо ҳамагон медонем, ки ҳангоми нақл ва истифодаи нерўи электрикӣ тала-фотҳои техникӣ (технологӣ) бо чунин зайл ба амал меоянд:

1. Талафоти шиддат:

2. Талафоти тавонои:

3. Талафоти мувофиқи реҷаи кори истеъмолкунандагон:

4. Талафотҳо дар қабулкунандаҳо:

5. Талафоти тиҷорати:

Аз ҳамин лиҳоз барои кам кардани талафот чунин чораҳои ташкилӣ ва техникӣ бояд пешбини карда шавад:

- ҷобаҷогузории нерўгоҳҳо ва зернерўгоҳҳо электрикӣ, мувофиқ ба захираҳои обӣ, мувозинатӣ ва истеъмолкунандагон.

- истифодаи дастгоҳхои ҷуброннамои тавоноии ғайри фаъол бояд, ки бисёртар ба роҳ монда шаванд.

- кўтоҳ кардани хатҳои интиқоли барқӣ ва гузаштан ба шиддати баландтар барои истифода ва нақл.

- барои дуруст ба роҳ мондани қоидаҳои истфодабарии техники, ҳисобкунакҳои барқи ва трансформаторҳои ченкунанда.

- талафотҳо ҳангоми интқоли нерўи электрикӣ бо шабакаҳои барқи ба масофаҳои дур;

а) муқовиматҳои гузарандагӣ.

б) васли ноқилҳои буришашон гуногун

в) муқоаимати хоси ноқилҳо.

- ҷудо кардани сарфу харҷ аз талафотҳои интиқолшуда ва истифодашуда.

- тадбирҳои техникӣ нисбати талафотҳо ҳангоми интиқол ва расиши кўтоҳи якфазагӣ ба замин аҳамият дода шавад .

- эҳтимоднокии баланд бардоштан ва устувории нерўгоҳҳо ва зернерўгоҳҳо ба назар гирифта шавад.

- роҳ надодан ба дастгоҳҳои барқие ,ки дар ҳолати беборӣ ба низом дароварда шудаанд бояд ,ки мутамарказонида шаванд.

- дурустии истифодаи фурузонакҳо инчунин ҳисобкунакҳои электронӣ мувофиқ ба талаботҳои замонавӣ бояд пурра ба роҳ монда шавад, истифодаи манбаҳои хурди истеҳсолкунандаи нерўи электрикӣ(шамоли, офтоби ,обӣ) айни замон дар саросари ҷумҳурӣ қобили қабул аст.

- ҳимоя ва муҳофизати дастгоҳҳои электрикӣ аз таъсирҳои муҳити атроф ва атмосферӣ .

- аз муҳлати истифодабарӣ зиёд ва истифода шудани ноқилҳо барқарору иваз намудани дастгоҳои барқи дар хатҳои интиқили барқ ва шиддати пасту баланд.

- сари вақт гузаронидани корҳои санҷишию аз нав барқароркунии заминваслакҳо, оиқкориҳо.

- роҳ надодан ба расишҳои кўтоҳи сунъию механикӣ, сербориҳо, пурбориҳо, гармшавии ноқилҳои хатҳои интиқоли барқ дар дастгоҳои электрикӣ.

- риоя накардани арзи сарҳадоти дастгоҳҳои электрикӣ аз тарафи истеъмолкунандагон мувофиқи талаботҳои қоидаҳои техникаи бунёди иншоотҳо, шинонидани дарахтон, бунёди хонаҳои истиқоматӣ ва ғайраҳо.

- тарбия ва тайёр кардани мутахассисони дониши дараҷаи баланди дар пояҳои касбӣ дошта барои хизматрасонии дастгоҳҳои электрикӣ.

- истифодаи технологияи пешқадами ченкунӣ ва асбобҳои сарфи фосилавӣ, идоракунӣ, телемеханикии дастгоҳҳои электрикӣ.

- бедор намудани ҳиси масъулиятнокии шахсони масъул барои иҷроиши вазифаҳои истеҳсолӣ маълумотҳои аниқу саҳеҳ.

Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўзҳо ба муттахасисони баландпояи соҳаи энергетика эҳтиёҷ дорад ва чунончӣ дар боло зикр карда шудааст,ки соҳаи гидроэнергетикаи тоҷик дар сафи аввал гузошта шудааст. Мутахассисони мо метавонанд,ки дар тамоми қаламрави ҷумҳуриамон нерўгоҳҳои хурду калон сохта ба истифода диҳанд.