Қоидаҳои тартиботи дохилӣ

Муқаррароти умумӣ

Донишҷў шахсест, ки дар асоси тартиботи муқарарнамудаи қонунҳои амалкунанда ба Донишкада қабул гардида, дар шўъбаҳои рўзона, ғоибона ва таҳсили фосилавӣ бо мақсади ба дараҷаи муайяни таҳсилот ва ихтисос соҳиб шудан таҳсил мекунад.

Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрванди хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки бо фармони ректори Донишкада аз рўи қоидаҳои қабул ба Донишкада шомил гаштанд, донишҷўи Донишкада мебошанд.

Масъалаҳои вобаста ба истифодаи қоидаҳои тартиботи дохилӣ аз тарафи раесати Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ҳудуди ваколатҳои ба ў додашуда ва дар ҳолатҳое, ки қонунгузории ҶТ муқаррар намудааст, якҷоя ё бо мувофиқа бо иттифоқи касаба муайян карда мешавад.

Ҳуқуқҳои донишҷўен

Донишҷўи Донишкадаҳуқуқ дорад:

- ба таҳсил намудан дар доираи стандартҳои давлатии таҳсилот ва истифода аз хизматҳои иловагии марбут ба таҳсил, аз ҷумла хизматҳои пулакӣ;

- дар тадқиқотҳои илмӣ, конфронсҳо, олимпиадаҳо, семинарҳо ширкат варзад ва асарҳои илмии худро нашр намояд;

- дар кафедраҳо ва шўъбаҳои Донишкада тибқи тартиботи муқараршуда аз як шакли таълим ба шакли дигараш ва аз як итисос ба ихтисоси дигараш гузарад;

- дар ҷабҳаҳои гуногуни фаъолияти Донишкада, аз ҷумла тавассути мақомоти идораи Донишкада ва созмонҳои ҷамъиятӣ иштирок намояд;

- ба фаъолияти меҳнатӣ берун аз дарс;

- аз китобхона ва дигар воситаҳои ёрирасони таълимии Донишкада истифода намояд;

- дар хобгоҳи Донишкада истиқомат намояд;

- аз хизмати табобатгоҳ ва дигар марказҳои хизматрасонии табобатии Донишкада истифода намояд;

- дар маҳфилҳои гуногуни эҷодию фарҳангӣ ва озмунҳо иштирок намояд;

- ба гирифтани идрорпулии буҷавӣ ва идрорпулиҳои номӣ дар асоси Низомномаҳои дахлдор;

- тибқи қонунҳои амалкунанда ба амру фармонҳои роҳбарияти Донишкадашикоят кунад.

Ўҳдадориҳои донишҷўен

Донишҷў ўҳдадор аст:

• Тартиботи дохилии қабулгардидаи Донишкадао риоя намояд.

• Талаботи муҳофизат ва гигиенаи меҳнат, бехатарии воситаҳои техникӣ, санитарӣ, истеҳсолӣ ва тадбирҳои зидди сўхторро, ки дастурамалҳои дахлдор муайян намудаанд, риоя намояд.

• Тартибот ва низоми фаъолияти донишҷўёни Донишкадаро эҳтиром намуда, дар фаъолияти илмӣ ва амалии ҳаррўзааш онҳоро ба роҳбарӣ гирад.

• Ба Донишкадаҳатман бо либосҳое ворид шавад, ки намунаашро Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия кардааст.

• Нисбат ба моликияти Донишкада (бино, воситаҳои техникӣ, миз, курсӣ, ҷевон, дастурҳои таълимӣ, китоб, маҷалла, рўзнома, аёният ва ғайра) эҳтиёткор бошад.

• Дар дохили бинои таълимӣ, роҳрав ва толорҳои Донишкаданосу сигор накашад, нўшокиҳои спиртиву маводи мадҳушкунанда истеъмол нанамояд ва бо садои баланд ҳарф назанад.

• Дар толору синфхонаҳо тозагӣ ва тартиботи ҷамъиятиро риоя намояд.

• Ба ҷараёни дарс халал нарасонад.

• Даринчунин, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо рафтори накў ва ахлоқи ҳамидаи худ намунаи ибрат бошад.

• Обрў, мақом ва манзалати Донишкадаро бо фаъолияти пурсамари хеш баланд бардорад.

• Ихтисоси интихобкардаашро дўст дорад ва барои таҳкими дониши илмӣ-назариявӣ ва илмӣ-амалии хеш мунтазам саъю кўшиш намояд.

• Дар корҳои ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва чорабиниҳои сиёсии Донишкада, факулта ва кафедра фаъолона саҳм гузорад.

• Ба дарс бо лавозимоти хониш: ҷузвдон, дафтар, қалам, ручка ва ғайра ҳозир шавад.

• Дар бинои таълимӣ ва хобгоҳ навбатдорӣ карда, талаботи навбатдорроҳатман риоя намояд.

• Узви доимии китобхонаҳо (анъанавиву электронӣ) ва хазинаҳои иттилоотии Донишкада бошад.

• Даҳ дақиқа пеш аз оғози дарс дар макони дарс ҳозир гардад ва ҳангоми ворид гардидани омўзгор ўро рост истода истиқбол намояд.

• Эҳтироми омўзгоронро ба ҷо орад, шаъну шарафи онҳоро ҳимоя кунад ва вазифаву супоришҳои онҳоро сари вақт иҷро намояд.

• Калонсолон, ҳамсабақон ва ҳамсолони хешро эҳтиром намуда, бо онҳо бо лутфу меҳрубонӣ муносибат кунад. Одоби муошират ва этикети донишҷўиро риоя карда, аз арзишҳои баланди маданияти тараққикардаи ҷаҳони пешрафта огоҳ бошад.

• Дар машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ ҳатман иштирок намояд.

• Машғулиятҳои семинарӣ ва корҳои мустақилонаро дар вақташ тайёр намояд.

• Ҳангоми ба дарс бо сабаби узрнок ва ё беморӣ иштирок накардан, ҳуҷҷати тасдиқкунанда пешниҳод намояд.

• Дараҷаи дониш, маҳорат ва малакаи касбии хешро баланд бардошта, қобилияту истеъдодашро сайқал диҳад.

• Дар ҳама навъҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ: конференсия, олимпиада, симпозиум ва маҳфилу озмунҳо иштирок кунад ва бо маърўзаҳо баромад намояд.

• Дар саҳифаҳои маҷмўаҳои илмӣ ва воситаҳои ахбори умум бо гузориш ва мақолаҳои илмӣ – оммавӣ баромад намояд.

• Ба варзиши бадан ва қувват бахшидани ҷисм машғул шуда, шиори «тани солиму ақли солим»-ро пешаи зиндагии хеш намояд.

• Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ватани азизи худро дўст дорад.

• Шаҳрванди Тоҷикистон будан мояи ифтихораш бошад.

• Рамзҳои давлатӣ - Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва пули миллиро эҳтиром намояд. Суруди миллиро ҳифз намояд ва бо оҳанг сарояд.

• Забони давлатӣ - забони адабии тоҷикиро донад ва пок нигоҳ дорад.

• Забонҳои байналмилалиро аз бар кунад ва баҳри рушду нумўи забони давлатӣ кўшиш намояд. На камтар аз се забонро аз худ созад.

• Таърихи пурғановати ниёгонро омўзад ва ба ҳаводиси он дуруст баҳо дода тавонад.

дабиёт ва фарҳанги тоҷикӣ - форсиро омўзад ва тарғибгари он бошад. Аз эҷодиёти адибони бузург шоҳбайтҳоро аз бар намояд.

• Мероси маънавии миллати хешро омўзад, мутобиқ ба замон такмил диҳад ва истифода барад.

• Миллати худро дўст дорад, баҳри ваҳдати миллӣ, якпорчагии кишвар ва осудагию оромиши он кўшиш ба харҷ диҳад. Худогоҳу худшинос бошад.

• Сарватҳои табиии кишварро эҳтиёт намояд.

• Ёдгориҳои таърихиро ҳамчун мероси ниёгон муҳофизат намояд.

• Фарди солими ҷумҳурӣ бошад ва нисбат ба қонуншиканиҳо оштинопазир бошад.

• Арзишҳои умумиинсонӣ ва маънавиро пос дорад. Миллатҳои дигарро (новобаста аз ранги пўст, забон, дин ва мансубияти ҳизбӣ) ҳурмат кунад ва баҳри таҳкими дўстиву ҳамкорӣ бо онҳо ҷидду ҷаҳд намояд.

• Иззати пиронсолон, зану кўдакон ва маъюбонро ба ҷо орад ва аз рўи имкон ба онҳо мададрасон бошад.

• Комёбиҳои илму техникаи замони муосир ва технологияи иттилоотиро пурра аз бар намояд ва барои такмили пешрафти илмию техникӣ кўшиш ба харҷ диҳад.

• Дониши андўхтаи хешро баҳри беҳбудии рўзгори миллат ва пешрафти ҷумҳурии азизи худ - Тоҷикистон самаранок амалӣ намояд.

• Нисбат ба пешаи худ масъулиятшинос бошад, барои баланд бардоштани шаъну шарафи миллати тоҷик ва афрохтани парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол дар фазои ҷаҳонӣ кўшиш ба харҷ диҳад.

• Сафири боэътимоди Тоҷикистони азиз ҳангоми сафарҳояш ба хориҷи кишвар бошад.

• Ғояҳои асосии давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, ки дар мафҳуми ватандўстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, арзишҳои муҳими умумибашариву умумимиллӣ ифода мешаванд, муқаддас шуморад ва дар пиндор, гуфтор ва рафтори хеш онҳоро амалӣ гардонад

• Дар раванди таълим телефонҳои мобилиро истифода набарад

Ҳуқук ва ўҳдадориҳои раесати Донишкада

Раесати Донишкада ўҳдадор аст:

- санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҶТ ва Оинномаи Донишкадаро иҷро намояд;

- ба намояндагони донишҷўен дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти пуррарооиди фаъолияти Донишкада пешпешиҳод намояд;

- шароити бехатари таҳсилро дар асоси талаботҳои ҳифзи меҳнат, ки барои муассисаҳои таълимӣ муқаррар гардидааст, мухайе созад;

- сари вақт ва дар ҳачми пурра идронпулии донишҷўенро пардохт намояд;

- пешниҳоди иттифоқи касаба оиди ҳолатҳои муайянгардидаи вайронкунии қонун ва низомномаҳо дида баромада, барои бартараф намудани онҳо чораҳо андешад;

- шароитҳои мусоидро барои беҳтар намудани сифати тайер намудани мутахассисон дар асоси талаботҳои вобаста ба талаботи бозори меҳнат ва рушди минбаъдаи иқтисодиёти миллӣтаъмин намояд;

- омўзиш ва истифодаи усулҳои нави таълимро ба роҳ монад;

- сари вақт пешниҳодҳои ташкилотҳои ҷаъиятиро оиди беҳтар намудани фаолияти Донишкада дида баромада, барои ҷорӣ намудани онҳо чораҳои зарурӣ андешад;

- дар асоси нақшаҳои таълимӣ бо донишҷўен додани таътилро таъмин намояд;

- ба пешниҳод ва камбудиҳои донишҷўен бодиққатона муносибат намуда, барои беҳтар намудани шароити зист ва истироҳатидонишҷўен, таъмир ва дар ҳолати зарўрӣ нигоҳ доштани хобгоҳ, иншоотҳои варзишӣ ва ошхона чораҳои лозима андешад;

- дар ҳолатҳое, ки қонунгузории ҶТ муқаррар намудааст, раесат уҳдадориҳои худро якҷоя ё бо мувофиқа бо иттифоқи касаба ба роҳ мемонад.

Раесати Донишкада ҳуқук дорад:

- донишҷўенро барои хониши хубу аъло ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣҳавасманд намояд;

- аз донишҷўен муносибати эҳтиеткоронаро ба амволи Донишкада ва иҷроиши талаботҳои Оиннома, Низомнома , «Тартиботи қоидаҳои дохилӣ» ва «Дастуруламали либосҳои тавсиявии хонандагон ва донишҷўени муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миена ва олии касбӣ»-ро, ки бо қарори Мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 октябри соли 2007, №32/3 тасдиқ гардидааст, қоидаҳои зист ва дигар талаботро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, талаб намояд;

- донишҷўенро ба ҷавобгарии маъмурӣ ва молиявӣ дар асоси қонунгузории амалкунанда ва санадҳои меъерӣҷалб намояд;

- санадҳои меъерӣ қабул намояд.

Ҳавасмандкунӣ барои дастовардҳо дар хониш ва корҳои ҷамъиятӣ

Барои хонишу хубу аъло, иштироки фаъолона даркорҳои илми-таҳқиқотӣ ва ҷамъиятӣ барои донишҷўен намудҳои зерини ҳавасмандкунӣ пешбинӣ гардидааст:

- эълон намудани раҳматнома

- мукофотонидан бо ифтихорнома;

- мукофотонидан бо тўхфа ё мукофоти пулӣ

- равон намудани мактуби сипосгузорона ба волидайн.

Ҳавасмандкунӣ дар асоси фармони ректор эълон карда шуда, иқтибос аз фармони ректор дар делои шахсии донишҷў нигоҳ дошта мешавад. Дар ҳолатҳое, ки қонунгузории ҶТ муқаррар намудааст, ҳавасмандкунии донишҷўен бо иттифоқи касабаи Донишкада мувофиқа карда мешавад.

Ҷавобгарӣ барои вайрон намуданитартиботи таълимӣ

Дар мавриди иҷро накардани нақшаҳои таълимӣ дар мўхлатҳои муқарраргардида, вайрон намудани талаботҳои Оинномаи Донишкада, Низомномаи Донишкада, қоидаҳои тартиботи дохилии Донишкада нисбати донишҷўён чораҳои маъмурию интизомӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои ҳуқуқию меъёрӣ то дараҷаи хориҷ кардан аз Донишкадаандешида мешавад

Донишҷў дар мавридҳои зерин аз Донишкада хориҷ карда мешавад:

- бинобар вазъи саломатӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои комиссияи тиббию машваратӣ;

- барои давомоти нокифоя(зиёдтар аз 36 соат дар як нимсола);

- барои сари вақт насупоридани 3 ва аз он зиёда санҷишу имтиҳонҳо;

- дар сурати сари вақт напардохтани маблағи таҳсил мувофиқи шартнома;

- дар ҳолати қарздории академӣ;

- барои содир кардани ҷиноят;

- барои мунтазам вайрон кардани интизоми таълим, талаботҳои ҳамин Оиннома ва «Тартиботи қоидаҳои дохилӣ»-и Донишкада;

- ва дигар ҳолатҳои дар қонунҳои амалкунанда пешбинӣ гардида.

Тартиби хориҷ кардан, барқарор намудан ва гузаронидани донишҷўи Донишкада дар асоси ҳуҷҷатҳои меъҳрии амалкунанда ва ҳамин Оиннома муайян карда мешавад.

Дар ҳолати ҳозир нашудан ба дарсҳо, таҷрибаомўзӣ ва дигар шаклҳои таълимие, ки дар нақшаҳои таълимӣ пешбинӣ гардидааст, донишҷў бояд декани факултаро огоҳ намуда, рўзи якуми ба Донишкада хозир шудан бояд ҳуҷчатҳои тасдиқкунандаро, ки сабаби ҳозирнашавиро тасдиқ менамояд, ба деканат супорад. Дар ҳолати беморӣ донишҷў бояд ба деканат маълумотномаи тиббиро супорад. Дар ҳолати дар мўхлати муқарраргардида насупоридани маълумотномаи тиббӣ, маълумотнома ба назар гирифта намешавад.

Танбеҳи интизомӣ, аз он ҷумла хориҷ намудан (ғайр аз хориҷ намудан барои қарздории академӣ ва сари вақт напардохтани маблағи таҳсил)ба донишҷўен пас аз гирифтани баеноти хаттӣ дода мешавад. Хориҷ намудани донишҷўён аз Донишкада бо фармони ректор дар асоси пешниҳоди декани факултет сурат мегирад.

Танбеҳи интизомӣ ба донишҷў на дертар пас азяк моҳи ошкор шудани амъоли ў ва на дертар пас аз шаш моҳи содир гардидани чунин амъол дода мешавад, ки ба ин мўхлат бемории донишҷу ва (ё) вақти таътили ў дохил намешавад.

Тартиботи таълимӣ

Машғулиятҳои таълимӣ аз руи ҷадвали дарсии дар асоси нақшаҳои таълимӣ, барномаҳо ва ҷадвали раванди таълим тасдиқгардида гузаронида мешавад.

Ҷадвали дарсҳо барои нимсола тартиб дода шуда, на дертар аз 5 рўз то саршавии нимсола овезон карда мешавад.

Дарсҳо дар Донишкада соати 8-00 оғоз гардида,мувофиқи Оинномаи Донишкада давомнокии ҳама гуна машғулиятҳои аудиториявӣ дар ҳади 1 дарс (2 соат), ки ба 80 дақиқаи соати академӣ баробар аст, муқарар гардидааст. Ҳаҷми машғулиятҳои аудиторӣ бояд ба талаботи стандарти давлатии маълумот мувофиқ буда, дар як рўз набояд аз 8 соат зиед бошад.

Дар гуруҳҳое, к ибо низоми кредитӣ таҳсил менамоянд, машғулиятҳо мувофиқи Низомномаи низоми кредитӣ гузаронида мешаванд.

Даромадани донишҷўен ба синфхона пас аз оғози дарс маън аст. Иштироки донишҷўен дар машғулиятҳои аудиторӣ бе лавозимоти хониш: ҷузвдон, дафтар, қалам, ручка ва ғайра, бо либоси ба «Дастуруламали либосҳои тавсиявии хонандагон ва донишҷўени муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миена ва олии касбӣ» ҷавобгў набуда, маън аст.

Дар ҳар як гуруҳи академӣ аз ҳисоби донишҷўен сардори гурўх таъин карда мешавад, ки ў бевосита дар тобеиати декани факулта мебошад. Сардори гурўх ўҳдадор аст:

• Интизоми таълимии гурўҳро дар машғулиятҳои аудиторӣ, бе осеб нигоҳ доштани таҷхизоти таълимӣ ва молу ашъёро ва назорат намояд, журнали баҳисобгирии давомоти донишҷўенро пур намояд.

• Сари вақт маводҳои таълимиро дастрас намуда байни донишҷўени гурўх тақсим намояд.

• Оиди тағйиротҳои ба ҷадвали дарсӣ воридгардида донишҷўени гурўҳро хабардор намояд.

• Ҳар рўз навбатдори гурўҳро, ки синфхонаро бояд то саршавии дарсҳо тайер намуда, бо бўр ва латтаи тар таъмин кунад, таъин намояд.

Иҷроиши супоришҳои сардор дар ҳудудҳоивазифаҳои муқарраргардида барои тамоми донишҷўени гурўх ҳатмист.

Тартибот дар биноҳо

Ҷавобгарӣ барои тартибот дар биноҳои таълимӣ, хизматӣ ва хобгоҳ (мавҷуд будани мизу курсиҳо, таҷҳизоти таълимии бенуқсон, нигоҳ доштани ҳарорат ва равшании мўътадил) ба зиммаи сармуҳандис, сардори идораи хоҷагӣ, комендантҳо вогузор карда мешавад. Барои бекамукостии таҷхизоти озмоишгоҳҳо ва тайерии маводҳои таълимӣ барои машғулиятҳо мудирони кафедраҳо ва мудирони озмоишгоҳҳо ҷавобгў мебошанд.

Дар биноҳои Донишкада манъ аст:

• истифодаи телефонҳои мобилӣ

• кашидани носу сигор

• истеъмол намудани нўшокиҳои спиртиву маводи мадҳушкунанда

• ифлос намудани ҳавлӣ ва биноҳои Донишкада

• навиштан ва расм кашидан дар мизу курси ва деворҳои Донишкада

Қоидаҳои тартиботи дохилӣ барои донишҷўени Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ба маълумоти тамоми донишҷўени Донишкада расонида шуда, иҷроиши талаботҳои он ҳатмист.

Дар ҷаласаи Шўрои илмии Донишкада 28 маи соли 2009 дида баромада шудааст (протоколи №9).