Дар бораи фаъолияти донишкада

Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 211 аз 3 майи соли 2006 ҳамчун муассисаи давлатии таълимии олӣ дар шаҳри Қўрғонтеппа дар тобеиати Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳоло Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон) таъсис дода шудааст.

Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон фаъолияти таълимиро дар соҳаи таҳсилоти касбӣ тибқи иҷозатномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами АУ № 0001402 аз 10 январи соли 2014, рақами қайд №1875 пеш бурда истодааст.

Раванди таълим дар Донишкада аз тарафи нафар омўзгорон 54 нафар омўзгори штатӣ ва 12 нафар ҳамкор аз он ҷумла 1 дотсент ва 11 номзадони илм дар дар 7 кафедраҳои зерин ба роҳ монда шуда истодааст:

1. Кафедраи “Фанҳои гуманитарӣ”

2. Кафедраи “Риёзӣ-табиӣ”

3. Кафедраи “Сохтмони гидротехникӣ ва фанҳои умутехникӣ”

4. Кафедраи “Нерўгоҳҳо ва шабакаҳои барқӣ”

5. Кафедраи “Таъминоти барқ ва ҳифзи релеӣ”

6. Кафедраи “Автоматонии ҳаракатоварҳои барқӣ”

7. Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот

Машғулиятҳо дар 49 – синфхона, 24 озмоишгоҳҳо ва 5 синфхонаи компютерӣ, ки дар 3 бинои таълимӣ ҷойгир гаштаанд ба роҳ монда шудааст, ки дар онҳо зиёда аз 1500 ҷои нишаст бо мизу курсиҳо таъмин гардидааст. Машғулиятҳо мувофиқи ҷадвали дарсии тасдиқ гардида дар ду баст ба роҳ монда шудаст.

Донишкада дорои китобхона, китобхонаи электронӣ. хобгоҳ барои донишҷўён, майдончаю зали варзишӣ мебошад.

Теъдоди компютерҳо дар Донишкада истифодашуда ба 99 адад баробар буд, 5 синфхонаи компютерӣ фаъолият менамояд ва тамоми сохторҳои Донишкада бо компютерҳо таъмин гардидаанд.

Дар нисолаи дуюми соли таҳсили 2013-2014 дар ДЭТ 1609 нафар донишҷўён, аз он ҷумла 1146 нафар донишҷўён (49 нафар тибқи квотаи президентӣ) дар шўъбаи рўзона ва 463 нафар донишҷўён дар шўъбаи ғоибона дар факултаҳои «Электроэнергетикӣ» ва “Электромеханика, иқтисод ва сохтмон” ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Дар Донишкада барои бо таҷҳизоту асбобҳои замонавӣ муҷаҳҳаз намудани озмоишгоҳҳо кори зиёд ба анҷом расонида мешавад. Ҷиҳати иҷроиши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ»» дар 3 соли охир 24 озмоишгоҳи Донишкада бо 46 маҷмуъ таҷхизоти лаборатории муосири истеҳсоли Федератсияи Россия муҷаҳҳаз гардонида шуданд. Дар соли 2014 Донишкада боз муҷаҳҳаз гардонидани озмоишгоҳи дигарро ба таҷҳизоти муосир ба нақша гирифтааст.

Аз даври ташкилёбии Донишкада то имруз 1058 нафар донишҷўён Донишкадаро хатм намуданд (932 нафар мутахассис ва 126 нафар бакалавр).

ХатмкардагониДонишкада дар корхонаҳои зертобеи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла дар НБО–и «Роғун», дар НБО -и Сангтуда–2, дар НБО–и Сангтуда -1, дар НБО–и Сарбанд ва дар шабакаҳои барқии шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурӣ, дар муассисаҳои таълимии олӣ ва миенаи махсус ва дар дигар ташкилоту корхонаҳои гуногун фаъолият намуда истодаанд.

Дар давраи фаъолияти Донишкада 3 бинои таълимӣ ва бинои хобгоҳи донишҷўен (барои 180 нафар) аз таъмири асосӣ бароварда шуда, бо тамоми таҷҳизоти барои раванди таълим зарурӣ мучаҳҳаз гардонида шуданд.

Олимони донишкада тадқиқоти илмии хусусияти фундаменталӣ ва амалӣ доштаро мегузаронанд, ки дар онҳо талаботи соҳаҳои гуногуни истеҳсолот ва энергетика ба назар гирифта мешаванд. Дар 8 соли фаъолияти Донишкадаи энергетикии Точикистон 4 нафар олимони Донишкадаи рисолаҳои номзадиашонро бомуваффақият ҳимоя намуданд. Аз тарафи олимони Донишкада дар конференсияхои байналхалқӣ, чумхуриявӣ миқдори зиёди тезису маколахои илмӣ чоп карда шуда, 30 дастури методӣ аз чоп бароварда шуд.

Соли 2014 ҷонишини мудири кафедраи “Сохтмони гидротехникӣ ва фанҳои умумитехникӣ” Бобохонов Фирдавс Шамсиддинович бо ҷоизаи Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон дар соҳаи илмҳои техникӣ сарфароз гардонида шуд. Донишҷўёни Донишкада дар олимпиадаҳои донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ иштирок намуда соҳиби ҷойҳои ифтихори ва ифтихорномаҳо гардидаанд. Аз ҷумла донишҷўи курси 2 ихтисоси 430101 – Нерўгоҳҳои барқӣ Шамсуллоев Бобоҷон аз фанни физика сазовори ҷои дуюм гаштааст. Донишҷўён Гиёев Меҳроб бо ифтихорномаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Азизов Зууршо ба ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикмстон сазовор дониста шуданд.

Ҳоло 14 нафар устоди Донишкада дар шуъбаҳои ғоибонаи аспирантура дар Пажуишгоҳи кимиеи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкада ҳамчун унвонҷў дар Пажуишгоҳи иқтисодиети кишоварзӣ ва Пажуишгоҳи масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кори илмӣ машғуланд.

Дар Донишкада маркази инноватсионӣ ва Парки технологии «Нурафшон» таъсис дода шудааст.

Донишкада бо корҳонаҳои саноатии сохтори Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба монанди НОБ-ҳои Норак,Бойғозӣ, Сарбанд, Сангтуда 1, ҶСШК – « Трансформатор », корхонаи муштараки « Тоҷиказот », шабакаҳои барқии шаҳру ноҳияҳо ҳамкорӣ дошта, дар асоси шартномаҳои тарафайн базаҳои истеҳсолӣ ва озмоишгоҳҳои онҳоро барои гузаронидани машғулиятҳои амалӣ ва таҷрибаомўзии донишҷўён истифода мебарад.

Донишкада барои дар сатҳи баланд тайер намудани мутахассисон, ҳамкориро дар асоси шартномаҳои тарафайн бо як қатор муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар, ба монанди Донишкадаи энергетикии Москва (Донишгоҳи техникӣ), Донишгоҳи давлатии политехникии Санкт-Петербург, Донишгоҳи давлатии сохтмонии Москва, Донишкадаи политехникии Харков, филиали Донишгоҳи пўлод ва хўлаҳои Москва ва ғайра оиди табодули донишҷўен ва устодон, ҳамкориҳои якҷояи илмӣ-тадқиқотӣ ба роҳ мондааст. Асистенти кафедраи “Таъминоти барқ ва автоматонӣ” Шарипов Нурмаҳмад Бобоҷонович дар шуъбаи рўзонаи аспирантураи Донишгоҳи Давлатии Техникии ба номи И.И. Палзуноваи шаҳри Барнаули Федератсияи Руссия аз 30.08.2013 аз руи ихтисоси 05-14-04- дар мавзуи “Энергоустановки на основе возобновлямых выдов энергии” таҳсил намуда истодааст.

Роҳбарият ва устодони Донишкада нисбати пешрафти раванди таълим ва тарбия саъю кушишро ба харҷ дода истодаанд, ки Донишкада барои рушди соҳаи энергетикаи ҷумҳурӣ кадрҳои баландихтисос ва лайёқатманди ба талаботи замона мувофиқро тайёр намояд.