Истифодабарии захираҳои обии тоҷикистон ва осиёи марказӣ

Бобохонов Ф. Ш., Исоев Д.Т.

Кафедраи Сохтмони гидротехникӣ ва фанҳои умумитехникӣ

Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги барқароршавандаи гидроэнергетикӣ ва оби тоза мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи масоҳат дар дунё ҷои 85-умро ишғол намуда, вале аз рўи захираҳои энергетикаи обӣ баъд аз Чин, Руссия, ИМА, Бразилия, Зоир, Ҳиндустон ва Канада дар ҷои 8-ум қарор дорад.

Дар ҳавзу обанборҳои Тоҷикистон 45,3 км 3 захираи об мавҷуд аст. Захираи оби ошомидании кишвари мо 19,3 км3 – ро ташкил медиҳад, манбаҳои обҳои зеризаминӣ бошад ба 51,2 км3 баробар аст. Бояд қайд намуд, ки 65 фоизи оби ҳавзаи баҳри Арал аз дарёҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ мешавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи умумии дарёҳо ба 928 адад мерасад, ки дарозии ҳар кадоми ин дарёҳо беш аз 10 км ва дарозии умумии онҳо беш аз 28500 километрро ташкил медиҳад. Ҳамаи ин ба дараҳои танги баландкўҳ аз баландиҳои азими зинадор босуръат ҷорӣ мешаванд. Новобаста аз ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бепоёни манбаҳои гидроенергетикӣ буда, аз рўи бузургии ҳаҷми умумии онҳо дар ҷаҳон ҷои 8 – ум ва аз рўи ҳаҷми қиёсии захираҳо (ба ҳар сари аҳолӣ ва ба ҳар 1 км. ҳудуд) ҷои аввалу дуввумро ишғол мекунад. Захираи умумии солонаи потенсиалии энергияи барқи обӣ дар ҷумҳурӣ зиёда аз 527 млрд. кВт. соат – ро ташкил медиҳад, ки аз ин танҳо зиёда аз 5-7 % - аш мавриди истифода қарор гирифтааст.

Бояд гуфт, ки дарёҳои Тоҷикистон манбаи асосии пуршавии баҳри Арал ба шумор мераванд. Дарёи Аму серобтарин дарёи Омиёи Миёна мебошад. Дарозии он 2325 километрро ташкил дода, аз шимоли қаторкуҳҳои (қаламрави Афғонистон) аз пиряхҳои Веровский ибтидо мегирад. Дарё дар болообаш Вахчер ном дорад. Ҳангоми бурида гузаштани пешкўҳӣ ҷанубу ғарбии қаторкўҳи Вахон ба худ номи дарёи Вахонро мегирад. Дарозии дарёи Вахчер бо дарёи Вахон то ба дарёи Помир ҳамроҳ шуданаш 120 км-ро ташкил медиҳад. Баъд аз пайваст шудан бо дарёи Помир онро дарёи Панҷ меноманд. Дар мавзеъи бо ҳам пайваст шуданаш бо дарёи Вахш хеле пуроб мегардад ва дар ин ҷо Амударё ташкил меёбад. Амударё ва шохоби он Панҷ ҳудуди қисми ҷанубии Ҷумҳуриро аз давлати ҳамсояи Афғонистон ҷудо менамояд.

Колонтарин ва пуробтарин шохобҳои Амударё дарёҳои Панҷ ва Вахш ба ҳисоб мераванд. Дарозии дарёи Панҷ 921 км-ро ташкил медиҳад.

Ҳавзаи обҷамъкунии ин дарёҳҳо васеъ мебошанд. Аз ҷумла масоҳати ҳавзаи дарёи Панҷ 114000 км2 буда, аз маҷрои он дар як сол 35 км3 об ҷорӣ мешавад. Дарёи Вахш дарозтарин шохоби Амударё буда, дарёи байнисарҳадӣ ба ҳисоб намеравад.

Дарозии дарёи Вахш 643 километр буда, масоҳати ҳавзаи он 1740 км2 - ро ташкил медиҳад. Мавҷудияти релеф, маҳалу иқлими хоси минтақа яке аз сабабҳои асосии серобию тезобии дарёи Вахш гардидааст.Чунин шароит имкон фароҳам овардааст, ки аз 1км маҷрои дарёи Вахш 13 ҳазор киловатт нерўи барқ ҳосил карда шавад. Иқтидори энергетикии дарёи Вахш 75%-и захираи нерўи барқи ҷумҳуриро ташкил медиҳад.

Дар минтақаҳои Осиёи Маркаӣ сатҳи муносибатҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ дар масъалаи тақсимот ва истифодабарии об то ҳол ба дараҷаи зарурӣ қарор надорад. Вазъияти об дар ин минтақа ғайриодди аст: об гўё бисёр аст, аммо дар айни замон камӣ мекунад. Проблема дар он аст, ки об аксар вақт исрофкорона сарф карда мешавад.

Майдони замини обёришудаи ин минтақа аз соли 1960 то соли 1990 ба миқдори 65% афзуда, аҳоли аз 14 млн нафар ба 50 млн нафар расидааст ва талаботи солона нисбати об аз 60 то 120 км3 зиёд шудааст, пас маълум мешавд, ки вазъияти таъминоти аҳолӣ бо об, аз он ҷумла оби нушокӣ боз ҳам мушкилтар гардидааст. То соли 1965 ҳамаи заминҳои корами обии минтақа 4,5 млн. га-ро ташкил медод.

Дар он 50-54 км3 об дар як сол сарф мегардид, ки ин ба 11 – 12 ҳазор м3/га рост меомад.

Дар солҳои 1965 –1985 боз 2,5 млн. га заминҳои нав аз худ гардид. Масоҳати заминҳои аз худ гардида дар кишварҳои Тоҷикистон ва Узбекистон 1,5 маротиба, дар Қирғизистон 1,7 ва Туркманистон 2,4 маротиба зиёд гардид. Масрафи об дар заминҳо ба ҷои 30 км3 – дар як сол ба 60 км3 дар як сол баромад, дар маҷмўъ ба 110-114 км3/ сол баробар шуд, ки ин ба ними ҳаҷми миёнаи солонаи обҳои Сирдарё ва Aмударё баробар аст. Ҳамаи ин корҳо бо мақсади ҳарчи бештар истеҳсол кардани пахтаи арзон ба роҳ монда шуда буд.

Ҳамаи ин ба он оварда расонд, ки воридоти об ба баҳри Арал кам гардида, дар натиҷа оби баҳр кам шуд. Соли 1960 майдони умумии баҳри Арал 67 ҳазор км2 ва ҳаҷми оби он ба 1062 км3 баробар меомад. Ҳоло бошад майдони баҳр 30 ҳазор км2 ва ҳаҷми оби он ҳамагӣ 20 км3 – ро ташкил медиҳад. Таркиби менералии об аз 11 г/л то 40 г/л афзудааст.

Хушкидани баҳри Арал ба шароити зиндагии 35 млн нафар, аҳолии ҳавза таъсири манфиӣ расонид. Сатҳи оби баҳр айни ҳол 37 метр паст рафта ва сатҳи хушкшуда 40 ҳазор км2 – ро ташкил медиҳад. Дар масоҳати 3,5 – млн/га биёбони сернамак ба вуҷуд омадааст, ки дар натиҷаи боду шамолҳои сахт чангу ғубори он дар фазо паҳн гашта, боқии он пас ба зами мерезад.

Проблемаҳои хавзаи Арал натанҳо ба экосистемаи минтақаҳои назди Арал, балки ба минтақаҳои кўҳистон низ таъсири манфии худро расонид. Дар оянда бо муътадил шудани вазъи сиёси дар Афғонистон дар онҷо талабот нисбати об афзудан мегирад.Чун дар ин минтақаҳо об ниҳоят зиёд сарф мешавад, норасоии об дар инҷо як омили маҳдудкунандаи пешравии иқтисодӣ шуда мемонад.

Сарчашмаи асосии таъминоти обии қисми шимолииАфғонистон ба Амударё рост меояд. Дар ин вазъият бехатарии экологӣ ва об барои мамлакатҳои Осиёи Миёна моҳияти махсус мапайдо мекунад.

Аспектҳои зерин ҷиҳати ҳалли масъолаи мазкур шуда метавонанд:

1. Истифодаи техноогияи муосир (коркарди дубораи об);

2. Экономия (истифодаи сарфаҷўёнаи об);

3. Тарбия (оиди истифодаи самараноки захираҳои обӣ);

4. Истифодаи самараноки обҳои сарҳадгузари рўизаминии минтақа;

5. Ташкил кардани системаи ягонаи байнидавлатӣ барои муҳофизати иншоотҳои обӣ аз ҳамагуна хатарҳо. Кор карда баромадани нақшаи ягонаи амалиёт дар солҳои камобии бурҳонӣ.

Адабиётҳо

1. Бердиев Ҷ. Проблемаи истифодабарии захираҳои обии Осиёи Миёна ва Қазоқистон. Душанбе 2011 «Ирфон» 105с.

2. Сафаров Н., Қ.Ботуров., Г. Давлатов.,С.Абдураҳмонов Ҳифзи муҳити зист дар 15 соли истиқлолият Душанбе 2006. 167 с.

3. Тоиров И.Г., Купайн Г.Д. Водные ресурсы республики Таджикистана Душанбе 1998. Ч 1-2.

4. Исоев Д.Т. Об манбаи ҳаёт маҷалаи Энергетика ва саноат Душанбе 2012.