Эрон сарчашмаи асосии тавлидкунанда ва интиқолдиҳандаи терроризм дар Тоҷикистону Афғонистон

Рӯз то рӯз... авҷи душманигароии Эрон дар муқобили ҳамсояҳо -кишварҳои Мовароуннаҳр афзоиш меёбад. Махсусан дар кишварҳои Тоҷикистон ва Афғонистон, ки мардуми ҳамфарҳангу ҳамурфу одат ва ҳамзабони Эрон мебошанд. Забони ин кишварҳо бо забони мурдуми Эрон як аст, бо ҳамин забон мардуми Афғонистон суҳбат намуда, ҳарфҳои арабиро истифода мекунанд ва ҳамчунин бо ҳамин забон мардуми Тоҷикистон суҳбат намуда, ҳарфҳои сириликиро истифода менамоянд.

Муфассал...

Таҳдид ба Тоҷикистон.. Эрон ҷанговарони Ҳизби Наҳзатро аз Сурия ба Афғонистон интиқол медиҳад

Кишвари Эрон дар ташкили ҷангҳои шаҳрвандӣ, бахусус дар Тоҷикистон дар солҳои 1992-1997, ки онро бо дасти наҳзатиҳои террорист амалӣ сохт, таҷрибаи кофӣ дорад. Бо истифода аз ин таҷриба, имрӯзҳо эмисарони Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон ва масъулини хадамоти махсуси ин кишвар аъзоёни фирории ТТЭ “ҲНИ”-ро аз ҷиҳати идеологӣ дар кишварҳои аврупоӣ ва аз лиҳози омодабошии ҳарбӣ ва ҷангӣ дар лагерҳои низомии марбут ба ин кишвар дар Эрон, Сурия, Ироқ, Лубнон, Яман ва Афғонистон таълим дода истодаанд.

Муфассал...

Ҳар кӣ бо теғи забон теғи ситам тез кунад…

Посух ба ҳарзагӯиҳои Муҳиддин Кабирӣ, раиси ТТЭ ҲНИ


Дар ҳоле ки ҷанги хонумонсӯз чанде аз кишварҳоро фаро гирифтааст, мӯҷиби бадбахтии мардуми тоҷик дар солҳои 90-уми асри гузашта — ТТЭ ҲНИ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ мехоҳад, ки ҷанги навро ба сари миллат дигарбора бор кунад.

Мақоли «Битарс аз касе, ки наметарсад аз Худо»-ро пурра ба М. Кабирӣ метавон нисбат дод, зеро чун пайрави Шайтон барояш дину оин, мазҳаб, миллату Ватан, ҳаёти инсонҳои бегуноҳ арзиш надорад. Ба хотири расидан ба мақсадҳои ифлос аз разолат рӯ намегардонад, чунки дигар роҳ, илоҷ надорад. Сарпечӣ аз фармони хоҷаҳо барояш маънои маргро дорад. Ин дунёву он дунёяшро кайҳо ба савдо задаанд.

Муфассал...

Роҳҳои пешгирӣ ва сабабҳои авҷгирии терроризм ва экстремизм дар Тоҷикистон

Дар охири асри XX ва ибтидои садаи XXI инсоният ба хатари ҷиддие мисли терроризм ва экстремизм рӯ ба рӯ шуд, ки ба бақои одаму олам таҳдид мекунад. Албатта, онҳое, ки мегӯянд экстремизм (ифротгароӣ) ва терроризм (даҳшатафканӣ) падидаҳое мебошанд, инсониятро дар тамоми тӯли таърих ҳамроҳӣ намудаанд, беасос нест. Решаҳои онҳо хеле чуқуранд. Дар аҳди қадим, асрҳои миёна ва давраи нав одамони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд, ки ба воситаи тарсонидану даҳшатофаринӣ мехостанд мақсадҳои худро ба дигарон бор кунанд ва зимни ин одамони бегуноҳ қурбон мешуданд. Махсусан, ибтидои ҳазораи нав амалҳои ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ бештар характери сиёсӣ гирифтанд ва доираи фаъолияти террористон васеъ гардид. Бо инкишофи техникаву технологияи муосир шаклу намудҳои нави террористӣ ба вуҷуд омаданд, ки аз рӯи иқтидори харобиовариашон ба амалиёти калони ҷангӣ шабоҳат доранд.

Муфассал...

ИФРОТГАРОЁН: Ё бадхоҳони миллат динро ба муқобили мардум истифода бурда истодаанд

Дар замони мо, ки пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд. Маънои аслии «экстремизм» чист ва он чӣ гуна падида аст? Экстремизм – (аз калимаи франсузии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus») гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст.

Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон - дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013 чунин таъкид шудааст: «Мутаассифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидаанд. Ин ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад».

Дар замони мо шахсоне, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, сиёсатшиносон, рӯзноманигорон экстремизм бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор меояд ва ин падида дар тамоми гӯшаву канори сайёраи мо ба амал меояд.

Муфассал...

Изҳороти донишҷӯёни тоҷик дар Туркия

Тӯлонӣ гардидани нооромиҳо дар кишварҳои алоҳидаи Шарқи Наздик ва ҳаракати он ба сарҳадоти кишварҳои Осиёи Марказӣ ва бахусус Тоҷикистони азизро мушоҳида намуда, мо низ дар кишвари дӯсту бародари Туркия бетараф буда наметавонем.

Мо, ҳар гуна талошҳои зӯроваронаро аз ҷониби ҳизбу ҳаракатҳои доғдор барои дастрасӣ ба ҳадафҳои муғризона, ки метавонанд боиси халалдор гардидани амният ва субот дар кишвари азизамон гардад, қотеъона маҳкум менамоем. Дар ин миён, фаъолиятҳои хориҷии созмони террористии наҳзат ҳеҷ гоҳ ба манфиати миллати тоҷик ва Тоҷикистон набуда, таҳдиди бузурге ба субот ва шукуфоии кишвар мебошад.

Муфассал...

Наҳзатиҳои лаънатӣ – хизматгори хоҷагони хориҷӣ

Имрӯзҳо ҳамагон симои разилонаи намояндагони гурӯҳи наҳзатиҳоро, ки ҳамчун хоинони давлату миллат дар зери қаноти хориҷиҳо паноҳ мебаранд, шинохтанд.

Ин хоинони миллат барои ин Ватан заррае хизмат накардаанд, онҳо танҳо мардумро зидди ҳамдигар шуронида, оташи ҷангро баланд намудаанд, ки ин амали разилонаи онҳоро вақт ҳамчун ҳаками бузург собит кардаст.

Ин хоинон ба чашми миллати тоҷик хок пошиданд. Наҳзатиҳои хоин худро шахси диндору мусулмон нишон дода, пинҳонӣ ба миллати тоҷик хиёнат карданд. Акнун пардаи руйи Кабирӣ дарид ва симои аслии ин хоини террористро миллати точик шинохт.

Муфассал...