Номгӯи ихтисосҳои донишкада

Донишкада аз рўи 11 ихтисосҳои зерин бо дараҷаи “бакалавр” ихтисосмандонро тайер менамояд:


Ихтисоси:1-430101 «Неругоҳҳои барқӣ»

ГЭСНерўгоҳи барқ гуфта корхона ё дастгоҳеро мегўянд, ки барои истеҳсоли энергияи электрикӣ таъин гаштааст. Зеристгоҳҳои барқ дастгоҳҳое мебошанд, ки барои табдил ва тақсими энергияи электрикӣ хизмат мекунанд.

Ба хатмкунандагони ихтисоси мазкур дипломи дараҷаи бакалавр ва тахассуси “Муҳандис - энергетик” дода мешавад.






Ихтисоси: 1-430103 «Таъмини барқ (аз руи соҳаҳо)»

ГЭССистемаи таъминоти барқи корхонаҳои саноатӣ зерсистемаи системаи энергетикӣ буда, таъминоти комплексии истеъмолкунандагони саноатӣ, нақлиёт, хоҷагии коммуналӣ ва кишоварзиро бо энергияи барқ ба уҳда дорад.

Ба хатмкунандагони ихтисоси мазкур дипломи дараҷаи бакалавр ва тахассуси “Муҳандис - энергетик” дода мешавад.






Ихтисоси:1-530105 - Автоматонии ҳаракатоварҳои барқӣ

ГЭСҲаракатоварандаҳои барқии автомати-кунонидашуда, системаҳои электрикӣ буда, аз қисмҳои муҳарики электрикӣ, табдилдиҳӣ, таҳвилдиҳӣ ва идоракунӣ иборат мебошанд.

Ба хатмкунандагони ихтисоси мазкур дипломи дараҷаи бакалавр ва тахассуси “Муҳандис - барқчӣ” дода мешавад.






Ихтисоси:1-530104-03 « Автоматика ва ҳифзи релеии дастгоҳҳои барқӣ»

ГЭС Муҳофизати релеӣ қисми заруртарини автоматикаи дастгоҳҳои электрикӣ ва системаи энергетикӣ буда, барои муҳофизат аз оқибатҳои хатарноку реҷаҳои ғайримўътадил хизмат мекунад.

Ба хатмкунандагони ихтисоси мазкур дипломи дараҷаи бакалавр ва тахассуси “Муҳандис - автоматонӣ” дода мешавад.






Ихтисоси:1-430105 -05 «Манбаъхои баркароршавандаи ғайрианъанавии энергия»

ГЭСИнкишофи энергияи ғайрианъанавӣ дар системаи таъминоти энергия дар ҷаҳони имрўза самти хеле ҳам муҳим мебошад. Ба манбаъҳои ғайрианъанавӣ энергияи офтоб, бод, геотермалӣ, мадду ҷазр, массаи биологӣ (растаниҳо, намуди партовҳои гуногуни органикӣ), энергияи хурдимкони муҳити атроф ва НБО-ҳои хурд мансуб мебошанд.

Ба хатмкунандагони ихтисоси мазкур дипломи дараҷаи бакалавр ва тахассуси “Муҳандис - электрик” дода мешавад.






Ихтисоси:1-700401- 01 «Сохтмони гидротехникӣ»

ГЭС Иншоотҳои гидротехникӣ бо таъинот ва шароитҳои гуногун ба монанди, шароитҳои геологӣ, гидрогеологӣ, гидрологӣ ва иқлимии маҳали сохтмон, бунёд карда мешаванд.

Ба хатмкунандагони ихтисоси мазкур дипломи дараҷаи бакалавр ва тахассуси “Муҳандис - сохтмончӣ” дода мешавад.






Ихтисоси:1-270101-10 «Иқтисодиёт ва идоракунӣ (дар энергетика)»

ГЭСДар замони муосир бе истеҳсол ва истифодаи нерўи барқ ҳаёти инсон ва тарақиёти босуръати иқтисодиётро тассавур кардан ғайриимкон аст. Мутахасиссони соҳа ба фаъолияти касбӣ тайёр карда шуда, идоракунии оқилонаи иқтисодиёт, истеҳсолот ва рушди иҷтимоии корхонаҳоро новобаста аз шакли ташкилию – ҳуқуқиашон амали месозанд. Онҳо на танҳо дар соҳаи энергетика, балки дар дигар соҳаҳои хоҷагии халқ метавонанд ба сифати муҳандис, иқтисодчӣ, муҳосиб, мутахассиси пешбар шуда кору фаъолият намоянд.

Ба хатмкунандагони ихтисоси мазкур дипломи дараҷаи бакалавр ва тахассуси “Муҳандис - иқтисодчӣ” дода мешавад.






Ихтисоси:1-430102 «Низом ва шабакаҳои энергетикаи барқӣ»

ГЭСШабака ва низоми энергетикӣ гуфта маҷмўи нерўгоҳҳои барқ, шабакаҳои барқу гармӣ, дастгоҳҳои истеъмолкунандагони энергияи электрикӣ ва гармиро мегўянд, ки бо ҳам бо умумияти реҷаи истеҳсол, интиқол, тақсимот ва истеъмоли энергияи электрикию гармӣ алоқаманд мебошад.

Ба хатмкунандагони ихтисоси мазкур дипломи дараҷаи бакалавр ва тахассуси “Муҳандис - энергетик” дода мешавад.






Ихтисоси:1-700401-03 «Сохтмон ва истифодабарии нерўгоҳҳои обию барқӣ»

ГЭС Сохтмони гидротехникӣ яке аз соҳаҳои мураккаби сохтмонҳои асосӣ ба шумор рафта, барои истифодаи маҷмўи захираҳои обӣ дар соҳаҳои энергетика, обёрӣ, обтаъминкунӣ ва моҳипарварӣ истифода мешаванд.

Мутахассисони ин ихтисос дар сохтмонҳои гидроэнергетикӣ, шаҳрвандӣ, саноатӣ, роҳу пулсозӣ, сохтмони нақбҳо ва обанборҳо ҳамчун муҳандиси соҳа фаъолият менамоянд.

Ихтисоси мазкур дар ҳудуди кишвар ягона буда, ба хатмкунандагон дипломи дараҷаи бакалавр ва тахассуси “Муҳандис - сохтмончӣ” дода мешавад.




Ихтисоси:1-530104- 05 «Воситаҳои техникии назорат ва ҳисоби истифодаи энергия»

ГЭС Идораи фаврии системаҳои энергетикӣ аз ҷониби хадамоти танзимгарӣ амалӣ мегардад, ки он дар асоси ҳисобҳо реҷаи муфиди нерўгоҳи барқ ва шабакаҳоро дар шароити мўътадил ва садамавӣ таъмин мекунад.

Ба хатмкунандагони ихтисоси мазкур дипломи дараҷаи бакалавр ва тахассуси “Муҳандис - энергетик” дода мешавад.






Ихтисоси:1-430107 - «Истифодабарии техникии таҷҳизоти барқии муассиса»

ГЭСКорхонаҳои ҳозиразамони саноатӣ бо таҷҳизотҳои муосири барқӣ ба хотири паст намудани хароҷотҳои истеҳсолиашон таҷҳизонида шудаанд, ки истифодаи дурусту сарфакоронаи энергияи барқ ва гармиро талаб менамоянд.

Мутахассисони ин ихтисос дар самти интиқол, тақсимот ва истифодабарии на танҳо нерўи барқ, балки энергияи гармӣ низ кору фаъолият менамоянд.