Таърихи мухтасари донишкада

an imageДонишкадаи энергетикии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2006 ҳамчун муассисаи давлатии таълимии олӣ дар шаҳри Қўрғонтеппа дар тобеиати Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳоло Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон) таъсис дода шудааст.

Дар соли аввали кушодашавии Донишкада фақат 1 факултет: электроэнергетикӣ ташкил шуда, 7 ихтисосро дар бар мегирифт, ки фақат 343 донишҷӯй қабул карда шуда буд.

Соли 2011 аввалин хатмкунандагон, иборат аз 176 нафар, бо ихтисоси муҳандисони энергетикӣ, сохтмони гидротехникӣ ва иқтисодии Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, лоиҳаи дипломиро ҳимоя карданд ва 11 нафари дар Донишкада ба фаъолияти омўзгори ҷалб карда шуданд.

Соли 2006 ба ҳамаи душвориҳо нигоҳ накарда, дар Донишкада таълими ғоибона аз рўи 4 ихтисос кушода шуд. Раванди таълим дар Донишкада дар 20 синфхона 15 озмоишгоҳҳо ва 2 синфхонаи компютерӣ дар 3 бинои таълимӣ ташкил карда шуда буд.

Дар соли 2014 машғулиятҳо дар 40 – синфхона, 24 озмоишгоҳҳо ва 5 синфхонаи компютерӣ, ки дар онҳо зиёда аз 1500 ҷои нишаст бо мизу курсиҳо таъмин гардидааст, ба роҳ монда шудааст.

Лаборатория

Тули 4 соли охир Донишкадаи энергетикии Тоҷикистонро зиёда аз 1000 донишҷӯён хатм намуданд, ки 700 нафари онҳоро донишҷўёни таълими рӯзона мебошанд.

Лаборатория

То 31 декабри соли 2014 дар Донишкада 103 нафар омўзгорон, 67 нафар омўзгорони штатӣ, 26 нафар ҳамкорони дохила ва 10 нафар ҳамкорони беруна (5 нафар номзадони илм) аз он ҷумла 12 номзадони илм дар 7 кафедраҳои зерин кор мекарданд:

1. Кафедраи “Фанҳои гуманитарӣ”

2. Кафедраи “Риёзӣ-табиӣ”

3. Кафедраи “Сохтмони гидротехникӣ ва фанҳои умумитехникӣ”

4. Кафедраи “Нерўгоҳҳо ва шабакаҳои барқӣ”

5. Кафедраи “Таъминоти барқ ва ҳифзи релеӣ”

6. Кафедраи “Автоматонии ҳаракатоварҳои барқӣ”

7. Кафедраи “Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот”

Суроғаи Донишкада: 735140, шаҳри Қўрғонтеппа, кўчаи Б.Ғафуров х. 27,

Тел./Факс: 8322222634,

сомона: www.det.tj

Дар самти мустаҳкам намудани базаи моддӣ-техникии таълим, такмил додани таҷҳизотҳои озмоишгоҳҳои таълимӣ низ корҳои муайяне анҷом дода шуда истоданд. Ҷиҳати иҷроиши дастуру супоришҳои Ҷаноби олӣ, мўхтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди муҷаҳҳаз гардонидани синфхонаҳову озмоишгоҳҳои мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкада маҷмуъи таҷхизотҳоро барои муҷаҳҳаз гардонидани маркази инноватсионӣ ва парки технологӣ харидорӣ намуда, мавриди истифодабарӣ қарор дорад.

Теъдоди компютерҳои Донишкада низ дар соли 2014 зиёд гардид. Миқдори умумии компютерҳо дар Донишкада ба 117 адад баробар аст, 6 синфхонаи компютерӣ фаъолият менамояд ва тамоми сохторҳои Донишкада бо компютерҳо таъмин гардидаанд. Як синфхонаи компютерии бо қувваи барқ аз ҳисоби коллекторони офтобӣ (энергияи офтоб) таъмин гардида, ба шабакаи Internet васл карда шудааст.

Дар баробари таълим яке аз самтҳои муҳими фаъолияти ҳар як мактаби олӣ хуб ба роҳ мондани кори тарбиявӣ мебошад, ки таъмини риояи тартибу интизом, иштироки донишҷўён дар маъракаҳои сиёсию ҷамъиятии дохилӣ ва умумиҷумҳуриявӣ, тарбияи ҷавонон дар рўҳияи ватандустӣ, хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ, ахлоқӣ ва маънавӣ, ҳуқуқӣ ва инсондўстӣ, масъулиятшиносӣ ва ҷалби онҳо ба корҳои фоиданок, фарҳангу маърифат, варзиш ва ғайраро дар бар мегирад. Бо мақсади ташаккули ҳисси ватандўстӣ, ифтихори миллӣ ва болоравии маърифату маънавиёти донишҷўён чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ-маърифатӣ ва варзишӣ доир гардид. Иштироки фаъолонаи кормандон ва донишҷўёни донишкада дар чорабиниҳои сиёсии сатҳи вилоятӣ ба монанди Истиқлолияти давлатӣ, Рўзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рўзи Ваҳдати миллӣ, Рўзи Парчами миллӣ ва дигарҳо бисёр назаррас аст.

Фаъолияти муассисаи таълимии олӣ бе назардошти фаъолияти илмӣ ва ҳамкорӣ бо муассисаҳои дигари илмӣ доир ба тайёр намудани мутахасиссони баланд ихтиссосӣ илмӣ тасавур кардан ғайри имкон аст.

Дар давоми соли 2014 омӯзгорони Донишкада дар конференсияҳои байналхалқӣ, Ҷумҳуриявӣ ва Донишкадавӣ иштирок намуданд. Аз тарафи устодони Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар давоми соли 2014 дар конференсияҳои байналхалқӣ, ҷумҳуриявӣ 237 фишурдаву мақолаҳои илмӣ чоп карда шудааст.

Дар соли 2014 ҳамкории Донишкада бо муассисаҳои хориҷи кишвар дар сатҳи лозима ба роҳ монда шуда буд. Дар соли ҳисоботи Раёсати Донишкада бо Донишгоҳи давлатии электротехникии Санкт – Петербург ба номи В.И. Ульянов (Ленин), Донишгоҳи давлатии энергетикии Иваново ба номи В.И. Ленин, Донишгоҳи давлатии Петрозавод, Донишгоҳи давлатии Марий, Донишгоҳи давлатии агротехнологии Рязан ба номи П.А. Костычёв, Донишгоҳи давлатии нафту техникии Уфа, Донишгоҳи давлатии Урали ҷанубӣ, Донишгоҳи федералии Қафқози Шимолӣ, Донишгоҳи давлатии педагогии Томск ва Донишгоҳи давлатии техникии Қирғизистон ба номи И. Раззаков шартномаҳои ҳамкориро ба имзо расонидааст.

Тибқи шартномаҳои тарафайн дар соли таҳсили 2014 -2015 1 нафар доншҷўи курси 4 аз рўи ихтисоси 530105 – Автоматонии ҳаракатовараҳои барқӣ барои таҳсил ба Донишгоҳи давлатии электротехникии Санкт – Петербург ба номи В.И. Ульянов (Ленин) фиристода шудааст. Ассистентони кафедраи “Автоматонии ҳаракатовараҳои барқӣ” Носиров Исмоил Сафарович ва Қаҳоров Рустам Асалиевич коромўзии илмиро дар Донишгоҳи давлатии электротехникии Санкт – Петербург ба номи В.И. Ульянов (Ленин) давом дода истодаанд. Ду нафар омўзгори ҷавони кафедраи “Таъминоти барқ ва ҳифзи релейӣ” Махсумов Илҳом Бурҳонович ва Холназаров Музаффар Бойназарович дар асоси шартномаҳои тарафайн барои коромўзии илмӣ ба Донишгоҳи давлатии энергетикии Иваново ба номи В.И. Ленин фиристода шудаанд. Бо дастгирии бевоситаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути маркази барномаҳои байналмилалӣ, квотаи байналмиллалии Президентии “Дурахшандагон” Обидҷони Шаҳобиддин ба Донишгоҳи геологӣ – таҳқиқотии Москва бо С. Орджинкидзе ва тавассути квотаи Федератсияи Россия барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Сармисоқов Зоир Тоирович ба Донишгоҳи давлатии Алтай барои таҳсил ба аспирантура фиристода шуданд. Ассистенти кафедраи “Нерўгоҳҳо ва шабакаҳои барқӣ” Раупов Насим Маҳмашарифович ва ассистенти кафедраи “Автоматонии ҳаракатовараҳои барқӣ” Раҳматуллоев Ашурали Зокирович дар шуъбаи рўзонаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии техникии Қирғизистон ба номи И. Раззаков таҳсил намуда истодаанд. Асистенти кафедраи “Таъминоти барқ ва ҳифзи релейӣ” Шарипов Нурмаҳмад Бобоҷонович дар курси 2 шуъбаи рўзонаи аспирантураи Донишгоҳи Давлатии Техникии ба номи И.И. Палзуноваи шаҳри Барнаули Федератсияи Руссия таҳсил дорад.

Дар соли ҳисоботи 4 нафар омўзгор ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия барои коромўзии илмӣ ва 5 нафар омўзгорони ҷавони Донишкада баргои таҳсил ба шуъбаи рўзонаи аспирантураи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қирғизистон фиристода шудаанд.

Моҳи октябри соли ҷорӣ мудири кафедра “Электроникаи квантӣ ва таҷҳизотҳои электроникаи оптикӣ” – и Донишгоҳи давлатии электротехникии Санкт – Петербург ба номи В.И. Ульянов (Ленин) доктори илмҳои техникӣ, профессор Афанасев Валентин Петрович дар самти табодули таҷрибаи омўзгорон барои хондани курси лексия ба Донишкада даъват шуда буд.

Айни ҳол аз зумраи шаҳрвандони хориҷӣ як нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Туркменистон аз руи ихтиссоси 1-430103 «Таъмини барқ», дар соли якум таҳсил намуда истодааст.

Дар соли ҳисоботи донишҷўёни Донишкада дар олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷўени мактабҳои олӣ фаъолона иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои намоён ва ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илм гардиданд. Аз ҷумла донишҷўи курси 3 ихтисоси 1 – 430101 “Нерўгоҳҳои барқӣ” Шамсуллоев Бобоҷон аз фанни физика сазовори ҷойи дуюм гардид.

Дар таърихи 27.03.2014 дар мавзуи «Идоракунии комплекси захираҳои обии минтақа» дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С Осимӣ олимпиадаи байналмиллалӣ баргузор гардид ва дар он Силемонов Давид Синавбарович донишҷўи курси 3 – юми ихтисоси 430103 – таъмини барқ иштирок намуда, соҳиби сертификат шуд. Инчунин аз тарафи Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни Ҷоми Академия гузаронида шуд. Дар озмун 7 нафар донишҷўи Донишкада иштирок намуда, 2 нафари онҳо бо ифтихорномаҳои АИҶТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Самтҳои зерини фаъолияти Донишкада дар соли 2015 афзалиятнок ҳисобида мешаванд:

- дар мувофиқа бо Вазорати энергетика ва захирахои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷдиди ҷадвали воҳидҳои кории Донишкада;

- ҷустуҷў ва қабули хонандагони болаёқат ба Донишкада, пурзўр намудани корҳои тарғиботӣ бо истифодабарии технологияи муоссир ва васоити ахбари омма, дар тамоми манотиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- боло бардоштани сифати таълим, истифодаи технологияи муосир дар раванди таълим;

- таъмини кафедраҳо бо устодони дараҷа ва унвонҳои илмӣ дошта, бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати захирахои об Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр намудани мутахассисони унвон ва дараҷаи илмӣ дошта;

- дар асоси нақшаи дурнамо равон намудани устодони Донишкада барои гузаштани бозомўзию такмили ихтисос ба МТОК дохил ва хориҷи кишвар;

- афзун гардонидани китобхонаи Донишкада бо китобҳои дарсӣ ва китобҳои илмию бадеӣ, ташаккул ва инкишофи фонди китобҳои илмӣ, таълимӣ-методӣ ва бадеӣ дар китобхонаи электронии Донишкада;

- таҳия ва нашри китобҳои дарсӣ ва маводҳои таълимӣ бо забони тоҷикӣ;

- мустаҳакам намудани базаи моддию техникии таълим, таъмин намудани раванди таълим бо таҷҳизоти таълимӣ ва озмоишӣ;

- таъмин намудани толорҳои дарсӣ бо таҷҳизоти мултимедӣ ва татбиқи технологияи муоссир дар ҷараёни таълим;

- боло бардоштани сифату самаранокии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ҷалби мутахассисони ҷавон ва донишҷўён ба корҳои илмӣ;

- васеъ намудани мавқеъи фаъолияти маркази инноватсионӣ ва парки технологӣ вобаста ба самтҳои тахасусҳои энергетикӣ, сохтмонӣ ва иқтисодӣ;

- ташкил намудани сомонаи Донишкада бо забонҳои руссию англисӣ ва ташкил намудани маҷалаи «Нурафшон» бо теъдоди 12 нусха дар як сол;

- беҳтар намудани корҳои тарбиявӣ, ғанӣ гардонидани олами маънавии омузгорону донишҷўён, амалӣ гардонидани «Консепсияи миллии тарбия»;

- дарёфт ва истифодабарии манбаъҳои иловагии зиёднамоии

даромадҳои ғайрибуҷавии Донишкада бо роҳи ташкил намудани кор ва мустаҳкам намудани алоқа бо ташкилотҳои байналхалқӣ ва корхонаҳои ҷумҳуриявӣ, дарёфт намудани грантҳои хориҷию ҷумҳуриявӣ, ғани гардонидани суратҳисоби махсус;

- мустаҳакам намудани пояи молиявию иқтисодии Донишкада, равона намудани диққати асосӣ барои дастгирии иҷтимоии кормандон, баланд бардоштани ҳадди музди меҳнати омўзгорон ва дигар кормандони Донишкада.

Роҳбарият ва устодони Донишкада саъю кушишро ба харҷ медиҳанд, ки талаботҳои аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати пешрафти раванди таълим ва тарбия ба миён гузошташударо ба пуррагӣ иҷро намоянд ва Донишкада барои рушди соҳаи энергетикаи ҷумҳурӣ кадрҳои баландихтисоси ба талаботи замона мувофиқро тайёр намояд.