Дар бораи Донишкада

Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 211 аз 03 майи соли 2006, ҳамчун муассисаи давлатии таълимии олии тобеъи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппа) таъсис дода шудааст. Дар асоси фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2016 таҳти рақами 61 – ф бино ва иншооти Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи махсусгардонидашудаи ноҳияи Кӯшониён (Бохтар)”-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён (Бохтар ) ба тавозуни Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон”-и Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Фаъолияти худро Донишкада дар ин бинои наву замонавӣ тибқи Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Оинномаи худ, ки бо Фармоиши Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон № 35 аз 21 июли соли 2014 тасдиқ шудааст, инчунин Иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ силсилаи АУ № 0001402 аз 10 январи соли 2014, рақами қайд №1875, ба роҳ мондааст.

Бо гузашти камтар аз 12 сол, Раёсат ва Шӯрои олимон, шуъбаҳои таълим, тарбия, молия ва хоҷагидорӣ, деканати факултаҳо, аъзои кафедраҳо ва кулли кормандони Донишкада, дар самтҳои боло бардоштани сифати таълим, самаранокии таҳқиқотҳои илмӣ, ободу зебо гардонидани биноҳои таълимву хобгоҳҳо, инчунин дар таъмини донишҷуён бо таҷҳизоти озмоишии замонавӣ ва синфхонаҳои компютерӣ, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.

То 31 декабри соли 2017 дар Донишкада 148 нафар омӯзгорон, 95 нафар омӯзгорони штатӣ, 24 нафар ҳамкорони дохила ва 29 нафар ҳамкорони аз он ҷумла 18 номзадони илм ва 6 нафар докторони илм дар 6 кафедра кор мекунанд.

Дар Донишкада донишҷӯён аз рӯи 12 ихтисос ба таълим фаро гирифта шудаанд. Теъдоди донишҷӯён то 03 ноябри соли 2017 ҳамагӣ 2208 нафар, духтарон-79 нафар, квота-123 нафар (духтарон-7 нафар), аз ҷумла: шуъбаи рӯзона-1355 нафар, (буҷавӣ-699 нафар, шартномавӣ-656 нафар), шуъбаи ғоибона (шартномавӣ)-853 нафарро ташкил медиҳад.

Дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ду шӯъба 2208 нафар донишҷӯён таълим мегиранд, ки 1355 (61,4%) нафарашон донишҷӯёни шуъбаи рӯзона ва 853 (38,6%) донишҷӯёни шуъбаи ғоибона мебошанд. Дар Донишкада 79 нафар духтарон таҳсил менамоянд, ки ин ҳамагӣ 3,6 фоизро ташкил медиҳад.

Машғулиятҳо дар 66-синфхона, 24 озмоишгоҳҳо ва 2 синфхонаи компютерӣ, ки дар 4 бинои таълимӣ ҷойгир гаштаанд, ба роҳ монда шуда, дар онҳо зиёда аз 1987 ҷои нишаст бо мизу курсиҳо таъмин гардидааст.

Яке аз воситаҳои муҳими беҳтар намудани раванди таълим, дастрас намудани китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ ва ғанӣ гардонидани китобхонаи Донишкада бо китобҳои зарурӣ мебошад. Айни ҳол дар фонди китобхонаи Донишкада 17424 адад китоб мавҷуд аст. Дар соли 2016 Раёсат муҷаҳазгардонии қироатхонаи хобгоҳро бо ҷевонҳои китобгузорӣ, асбобҳои нусхабардорӣ (ксерокс) ва китобҳои тахассусӣ ба нақша гирифтааст. Инчунин дар маркази инноватсионӣ ва парки технологӣ чопи китобҳои дарсии омӯзгорони Донишкада ба роҳ монда шудааст.

Дар Донишкада алҳол миқдори кормандони илмии дараҷа ва унвони илмидошта 16,6%-ро ташкил медиҳад. Аз тарафи устодони Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар давоми соли 2017 дар конференсияҳои байналхалқӣ ва ҷумҳуриявӣ 304 фишурдаву мақолаҳои илмӣ чоп карда шудааст.

Дар давраи ҳисоботи 18 нафар омӯзгорони ҷавони Донишкада барои таҳсил ва коромӯзӣ ба шуъбаи рӯзонаи аспирантураи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қирғизистон фиристода шудаанд. Дар соли 2016 пас аз гузаштани коромӯзӣ донишҷӯён ва омӯзгорони Донишкада соҳиби 2 адад сертификати байналмилалӣ гардидаанд.

Умуман дар шуъбаҳои рӯзонаи аспирантураи хориҷи кишвар тавассути квотаи байналмиллалии Президентии “Дурахшандагон”-3 нафар, квотаи Федератсияи Россия-2 нафар, буҷаи Федератсияи Россия-6 нафар, маблағҳои махсуси Донишкада-3 нафар ва дигар сарчашмаҳо-3 нафар таҳсил доранд.