Арҷгузорӣ ба хизматҳои фарзандони фарзонаи худ аз фазилату фарҳанги олии миллат шаҳодат медиҳад. Ин амали накӯро Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси Миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули Қонун «Дар бораи Асосгузори ваҳдати миллӣ ва Певои миллат» иҷро намуда, пешниҳоду орзӯву ормони халқи Тоҷикистон ва ҳамаи тоҷикзабонони дунёро қонунан ба расмият дароварданд.  

         Худованд ба ин абармард арзандатарин истеъдодҳоро таалуқ гардонидааст. Пеш аз ҳама меҳри беандоза ба Ватан-Модар доранд. Ҳамин меҳру муҳаббат буд, ки аз рӯзҳои аввали ба Сардори давлат интихоб шуданашон парешонии ҷомеаи Тоҷикистон ва дилҳои пур аз кинаву хусумати одамони минтақаҳои гуногуни онро беҳтар аз дигарон, равшантар, дақиқтар эҳсос менамуданд ва суханони худододи дар он лаҳза гуфтаашон, ҳамватананони ба гирдоби фоҷиа гирифторро хоҳу нохоҳ ба андеша водор сохтанд, ба андешаи рӯй овардан ба ваҳдат ва даст кашидан аз худкушӣ. Ҳамин меҳру муҳаббат буд, ки ҷомеаи парешонгаштаву навмедгардидаи тоҷиконро зери ғояи Ваҳдати миллӣ ба ҳам оварда, девори устувору бегазанди соҳибистиқлолиро бунёд сохтанд. Ин амали неки Пешвои муаззами тоҷикони дунё Эмомалӣ Раҳмон идомаи таъбири ватанпарастона ва пурифтихори амир Исмоили Сомонист, ки фармуда буданд: «То ман зинда бошам, бораи (девори) вилояти Бухоро ман бошам».

         Дар солҳои фоҷиабори 1992-1993 Сардори Давлати тозабунёди Тоҷикистон бо амалҳои ҷавонмардона ва шуҷоатмандонаи худ дар дили шаҳрвандон, тоҷикистониён шӯълаи умедро ба фардои нек меафрӯхтанд. Бо қаҳрамонии ба худ хос, тавассути чархболи муддатҳои дароз истифодашуда ба Хустдеҳи Афғонистон парвоз карданашон, вохӯриву суҳбатҳои самимонаву ватанпарастона ва самароварашон бо мухолифини давр, сазовори эҳтирому эътиқоди лашкаркаши маъруфи тоҷиктабори Афғонистон марҳум Аҳмадшоҳи Масъуд гардиданашон яке аз лаҳзаҳои зиндагиномаи пуршарафи ин марди Худо мебошад.

        Аз оғози эҳёи Тоҷикистони навин, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон манбаи илҳоми ҷомеа ва қутбнамо, асосгузор ва илҳомбахши ғояи ваҳдати миллӣ ва Раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, раиси Анҷумани тоҷикон ва ҳамзабонони бурунмарзии мо мебошанд ва бо ифтихор метавон гуфт, ки бо ҷаҳду талошҳои ватанпарстонаашон Тоҷикистонро ба сангари ягонаи донишу фарҳанги ҳама порсоён ва тоҷикони ҷаҳон,ҷилвагоҳи воқеии фарҳанги ростини порсии тоҷикӣ табдил доданд.

         Ояндаи неки давлату миллатро дар сулҳу салоҳ мебинанд ва ба дигарон талқин менамоянд. Асоси ин ниятҳои нек ва ватанпарастонаро, ки ҳамдиёрону дӯстонро ва ҳатто рақибони таърихии моро дар тааҷҷуб овардааст, ғояи «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» ташкил медиҳад. Таърихан чунин ғояҳо дар садсолаҳо ва ҳато ҳазорсолаҳо як бор тавлид ва амалӣ мешаванд ва асосгузору амаликунандаи онҳо фардҳои аз ҷиҳати маънавӣ ва зеҳнӣ пурқувват мебошанд. Воқеъан, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорои чунин хислати накӯ ва фарҳанги олӣ мебошанд. Ҳамин ғояи ваҳдати миллӣ ва эҳёи Ватан ҳаст, ки ҳамчун мавҷҳои тӯфон амалҳои фардҳо ва гурӯҳҳоеро, ки ба рушду нумӯи Тоҷикистон зиён меоранд, ба нестӣ бурда истодааст.

         Сабурӣ, ботамкинӣ ва фарҳанги ӯ ба баҳамоӣ ва якдигарбахшии халқи тоҷик мусоидат намуд, чунки худашон аввалин шуда ба бахшиш ва авф рӯй оварданд. Дар лаҳзаҳои барои Ватан ҳассос ва тақдирсоз дар назди ягон ақидае ё фарде ва ё ташкилоте, чӣ дар дохили давлат ва чӣ дар хориҷи он сар нафароварда, бо нияти неки худ содиқ монда, Роҳбару Пешвои воқеъии миллат ва Пешвои асри 21 буданашонро исбот намуданд.

        Бо ифтихор мегӯям, ки бори аввал дар тӯли таърихи зиёда аз панҷҳазорсолаи мавҷудияти миллат, сарвару Пешвои он-Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ аз минбарҳои баландпояи байналмилаливу ватанӣ, инчунин дар китобу асарҳои худашон ба ҳамватанону олами башарӣ эълом доштанд, ки: «Тоҷикон дар қатори миллатҳои тамаддунофару пешрафтаи дунё ҷойгиранду фарзандони хирадманди он ба оламиён ду маротиба тамаддун додаанд». Бешак, ҳар як тоҷику тоҷикзабони боору номӯс ва донишмандони олам аз ин огаҳӣ доштанду доранд, вале аз ҷониби Сарвару Пешвои миллат-Эмомалӣ Раҳмон бо тариқи қатъиву боварибахшу пурифтихору боэътимод ироа шудани он, ба ин саҳифаи таърихи миллат муҳри давлатии воқеиятро гузошт. Баъди ҳазорсолаҳо Президенти муҳтарами Тоҷикистон ва Раиси ҲХДТ аввалин Сарвари миллат ҳастанд, ки дарсҳои нахустини худшиносии миллӣ ва ватандӯстиву ватанпарстиро дар суханрониву китобҳои арзишманди худ, аз ҷумла: «Аз Ориён то Сомониён», «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Дин ва ҷомеа», «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ», ба ҳамватанону оламиён пешниҳод кардаанд. Ба хотири сарҷамъиву ваҳдати миллат аввалин шиорҳои пур аз меҳр ба Ватан-Тоҷикистони азиз аз забони Сарвари миллат садо додаанд ки: «Мо як Ватан дорем, ки номаш Тоҷикистон мебошад!» ва ё «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол- Ватани маҳбуби ҳамаи мо!» аз ҷумлаи онҳост.

        Таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Тоҷикистон амнияту осудагӣ таъмин ва яке аз сарчашмаҳои асосиаш, аз диди мо, дар он аст, ки Пешвои миллат, ҳамчун аввалин роҳбари сиёсии давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, дар дохили хонаи Худо-Каъбаи мукаррама, дар намозгоҳи Паёмбари Худо ва мақоми Иброҳими Халилуллоҳ ибодати Парвардигорро ба ҷо оварда, амнияту осудагии халқу давлати Тоҷикистонро илтиҷо кардааст. Тибқи ояти 97, сураи Оли Имрони Қуръони карим бошад: «Ҳар касе, ки дар дохили Хонаи Худо, мақоми Иброҳим ва намозгоҳи Паёмбари Худо ворид шуда бошад дар амни Худо аст».

          Пойи қадами неку файзбор доранд, ки аз ниятҳои некашон бармеояд. Ҳама ёд дорем ва шоҳид ҳастем, ки дар чандин рӯзҳои таҷлили Иди Наврӯз, ки осмон боронӣ буду мардум Сарвари худ, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро бо эҳтиром интизорӣ мекашиданд, бо расидани қадами муборакашон офтоб аз паси абрҳо мебаромад ва шодиву фараҳи одамонро даҳчанд зиёд мегардонид.

         Ба ояндаи неки Ватани худ боварии беандоза доранд ва бо ин рафторашон дили ҳамватанони худро ҳамеша гарм месозанд. Дар ҳама ҷабҳаҳо нияти нек доранд ва амалҳоро низ бо нияти нек оғоз менамоянд. Ин худ амал намудан аз рӯйи ҳадиси Паёмбари Худованд ҳазрати Муҳаммад(с) мебошад, ки фармудаанд: «Нияти нек беҳ аз амал». Ҳамин нияти неки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аст, ки нақшаҳои ватансозиашон бемайлон амалӣ мегарданд ва обрӯву эътибори Давлати Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ пайваста меафзояд.

Аҳмадҷон Ализода, мушвири ректори Донишкадаи энергетики Тоҷикистон