НИШАСТИ МАТБУОТӢ

Дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон рӯзи 29.07.2020, бо иштироки шумораи зиёди (зиёда аз 30 нафар) рӯзноманигорони нашрияҳои дохилӣ, хориҷӣ ва намояндагони ВАО нишасти матбуотӣ доир гардид.

Зимни нишаст, сараввал ректори донишкада н.и.т., дотсент, Назарзода Х.Х. доир ба фаъолияти муассиса дар нимсолаи аввали соли 2020 маълумоти муфассал дода, ҳозиринро бо муваффақиятҳои бадастовардаи донишкада шинос намуд.

Баъдан намояндагони ВАО ба саволҳои сершуморашон посухҳои қонеъ кунанда гирифта бо нақшаҳои донишкада шинос шуданд.

Нишасти матбуотӣ бо сатҳу сифати баланд ва бо иштироки намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баргузор гардид.