НУРИ ВАҲДАТ ТОҶИКОНРО ТОҶ БАР САР КАРДААСТ

Ваҳдат! Ин калима дар радифи Модар,Сулҳ,Ватан барои ҳар кадоми мо муқаддас  аст.Махсусан барои мардуме,ки тули солҳои гуногун аз дасти аҷнабиёни арабу турк зулми беандоза дидааст,он гиромитар аз ҳар вожаи дигар аст. Беҳуда Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нагуфтааст:”Ваҳдати миллӣ бояд аз ҳама гуна ихтилофи назар,гуногунандешии сиёсӣ,манфиатҳои ҳизбӣ,гурӯҳӣ болотар ва дахлнопазир бошад,аҳли ҷомеаро муттаҳид,якдил,якмаром ва як порча созад”. Президенти  мамлакат,  Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  баъди  Раиси  Шӯрои Олӣ интихоб  шудан  ба мардуми  шарифи  Тоҷикистон қасам  ёд  карда  гуфта  буданд, ки  «тамоми  донишу таҷрибаамро  барои  дар ҳар  хона  ва ҳар оила барқарор  шудани  сулҳ  равона  карда,  барои шукуфоии  Ватани азизам  садоқатмандона  меҳнат  мекунам. Барои ноил  шудан  ба ин  нияти  муқаддас,  агар  лозим шавад, ҷони худро  нисор  мекунам». Дар ҳақиқат  Пешвои  миллат  тамоми  саъю  кушиши худро  барои амалӣ гардонидани ин  иқдоми  тақдирсозу  ояндасоз  равона  намуданд.

Шукрона  аз он  дорем, ки ваҳдати  миллӣ  дар  сарзамини биҳиштосои  мо  тавассути  ҷидду  ҷаҳд  ва кӯшишу  талошҳои  зиёди  сарвари давлат  танинандоз  гашт  ва рӯз  аз  рӯз  мустаҳкаму  қавитар  гашта  истидааст.  Сиёсати  пешгирифтаи Сарвари   мо  сиёсатест, ки  дигар халқияту  миллатҳои  кишварамонро  дар  радифи миллати тоҷик гузошта, ҳуқуқҳои онҳоро  дар  асоси  талаботи  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳимоя  намуда, як узви  ҷудонопазири  Тоҷикистони  соҳибистиқлол медонад.

Баъди  расидан  ба сулҳу  салоҳ  Президенти мамлакат  бори  дигар  ба  ҳамватанонамон  муроҷиат  намуда, таъкид  доштанд, ки «Бо  дарназардошти ин  руҳияи  илҳомбахш  ва  иттиҳоди  ҷовидонии  миллат  айни муддаост, ки рӯзи 27-уми  июнро дар  кишварамон Рӯзи ваҳдати миллӣ  эълон  намоем ва  ин санаи фархундаро  ҳар  сол  ба таври  умумихалқӣ ҷашн гирем. Бо шарофати  ваҳдати миллӣ  ҳама  мушкилотҳо  давра  ба давра  роҳи  ҳалли  худро  ёфтанд.  Се ҳадафи  стратегии мамлакат- таъмини  истиқлолияти энергетикӣ,  раҳоӣ  аз  бунбасти  коммуникатсионӣ, таъмини  амнияти озуқавории  кишвар,  ки  ҳамеша  дар  меҳвари  сиёсати  Президент  ва  Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  қарор  доранд, маҳз аз пойдории ваҳдату субот дар Тоҷикистон бо мақсади худ расида истодаанд.

Пешвои миллати мо ҷони ҷавонашро ба гарав  монду ба  мақсад расид: сулҳ овард ба кишвар ва ҳар хонавода. Ва ин сулҳ муваққатӣ набуд балки устувору пойбарҳо ва барои ҳамеша. Сулҳу  оромӣ дар кишвари азизамон  барои рушди бемайлони  соҳаҳои  мухталифи  ҳаёт  мусоидат намуд.

Истиқлолияти  давлатӣ  ва Ваҳдати миллиро  бе якдигар  тасаввур  кардан амри   маҳол аст. Чун ки  истиқлолият  ба  мо  соҳибихтиёрӣ   бахшида бошад,  пас Ваҳдати миллӣ  тавонист  оташи  ҷанги  бародаркӯшро  хомӯш  намояд.

Дар тули  29  соли  Истиқлолияти  давлатии  Тоҷикистон  бо сарварии  Президенти кишварамон, Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон  таъмин  ва  таҳкими  Ваҳдати миллӣ  ғояи  наҷотбахши  миллат,  рӯйдоди  нодири  таърихӣ, омили  муҳимтарини  муттаҳидкунандаи  ҷомеа, унсури   асосии  андеша  ва худшиносии миллӣ, омили  асосии  таҳкими  давлатдории  навини  тоҷикон  гардид. Дар  бораи  заминаҳои  расидан  ба Ваҳдати  миллӣ  ва  сулҳу  субот  дар  кишвари  аз  ҷанги  таҳмилии  шаҳрвандӣ  азияткашида  ва  давлату  давлатдории дар  вартаи ҳалокату  парокандагӣ  қарордошта  чанд  нуқтаро  таъкид  бояд намуд:

Аввалан  солҳои  аввали  Истиқлолияти   давлатӣ  барои ҳар  шаҳрванди  Ватанамон  душвору  пурпечутоб буд. Ҷанги  хонумонсӯзи  шаҳрвандӣ  минтақаҳои гуногуни  кишварамонро  ба  гирдоби  мухолифат  ва  муқовимати  сиёсию  ҳарбӣ кашида  буд.  Дар  ин  шароити  барои  давлати  тозаистиқлоламон  хавфноктарин  бо баргузории  Иҷлосияи  таърихии  тақдирсози  ХVІ  Шӯрои  Олии  ҷумҳурӣ  ва Раиси  Шӯрои  Олии кишвар  интиҳоб  шудани  фарзанди  фарзонаву  наҷотбахши   миллату  давлат, меъмори сулҳу  Ваҳдат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  дар таърихи  кишвари  ба  доми  ҷанг  кашидани  давраи  нав- расидан  ба сулҳу ваҳдати воқеӣ  оғоз  ёфт.

Дуюм, заминаи  муҳимтарини  расидан ба сулҳу  ваҳдат ин  бо  сарварии  бевоситаи  Сарвари  давлат  Эмомалӣ  Раҳмон  қабул  шудани  Қонуни асосӣ,  яъне Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки имрӯз  яке аз  конститутсияҳои  беҳтарини  ҷаҳони муосир  ба шумор  меравад. Сарвари  давлат  бамаврид  таъкид  намуда  буданд, ки  «Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  шароити низои  байни  тоҷикон  таҳия  ва қабул  гардид.  Аз ин  ҷиҳат, вазифаи  аввалиндараҷаи  он  таъмини  оштии миллӣ  ва сулҳи  тоҷикон  мебошад.  Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  дарвоқеъ,  ҳуҷҷати  созиши  иҷтимоӣ  ва  заминаи  ҳуқуқии сулҳ  гардид.  Чунин  таҷрибаи  Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳоло  чун  намунаи ҳалли  низои  дохилӣ  эътироф  шудааст».

Сеюм, баъди  ба имзо расидани Созишномаи  умумии  истиқрори  сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки натиҷаи  сиёсати ваҳдатофари  Сарвари  давлатамон  буд, дар  ватани азизамон  давраи  нави  зиндагӣ-созандаю  бунёдкорӣ  оғоз  ёфт.

Баробари  бо имзо  расидани Созишномаи  сулҳу  ваҳдат  заминаи  воқеие  пайдо гардида,  тинати  сулҳпарваронаю  заковати  баланди халқу  сарвари   хирадманди  он  исбот  шуд. Имрӯз  мо бо  ифтихор гуфта метавонем,  ки  таҷрибаи  Тоҷикистон дар  масъалаи  дар  фосилаи  кўтоҳи  таърихӣ  хомӯш  кардани  ҷанги  шаҳрвандӣ  дар  ягон  кишвари   дунё, ки ба  чунин  холат гирифтор аст, дида  намешавад. Бе ваҳдати миллӣ пайванди ногусастании дирӯзу имрӯзу фардо,ҳифзи истиқлолият ва дастовардҳои он,посдошти хотираи неки аҷдодони номдор, ҳифзи мероси гаронқадре,т аърихию фарҳангӣ маъно надорад. Он мавриди қаробати ҳамдигарӣ ва фатҳи қуллаҳои нав, таконбахши азму талошҳои мост. Бо чунин арзиш мо вазифадорем, ки онро чун гавҳараки чашм муҳофизат намоем. Барои мувафақ  шудан ба ин нуқта мо бояд истилоҳи “Кӯлобию, Хӯҷандӣ, Помирию Қаротегини”-ро аз байн дур созем. Дар ин сурат мо парчами якдилиро баландтар бардошта метавонем. Ваҳдат дар адабиёти классикии мо вожаҳои “якдилию ҳамзабонӣ” ҳаммаъност. Бузургтарин вассофи он Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ аст. Аз рӯи ақидаи ӯ инсон бояд дилҳоро аз ҳам фасл не,ба ҳам васл намояд.

Мо барои васл кардан омадем,

На барои фасл кардан омадем.

Маҳз бо кӯшишу ғайрати дучанд ва муборизаи фидокоронаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ дар як муддати кӯтоҳ ба итмом расид ва парчами сулҳу амният парафшон гашт. Ҳол он ки дар баъзе мамлакатҳои дунё, аз ҷумла Афғонистон, Фаластину Исроил, Сурия чунин ҷангҳо то ҳол хотима наёфтаанд. Имрӯз ҳамаи мардуми мо ва сиёсатмадорони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмонро меъмори сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон мешуморанд ва маҳз ӯро бо ҷоизаи Сулҳ мукофотонидаанд.

   Барои пирӯзии Сулҳ дар Тоҷикистон,пеш аз ҳама хизмати таърихии худи миллати тоҷик, ки бо таъбири  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург мебошад.

      Имрӯз мардуми тоҷик бо шукргузорӣ аз зиндагонии осоишта ва шоистаи худ, ки аз овони сӯгу мусибат ба фасли оромишу сурур расидааст, дар ҳаққи давлат ва Сарвари муаззами худ пайваста дасти дуо мебардоранд, то Худованд ояндаи рӯшанутару зеботаре барои тоҷикон ато фармояд, миллату Ватан ва пешвои фаррухқадами онро ҳофизу нигаҳбон бошад, босаодату сарбаландӣ ба сӯи ҷовидонаҳо раҳнамоӣ кунад. Ин дасти дуои халқ, ки тафсири пуштибониву дастгирии эшон аз сиёсати давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон аст, номаи ҳидоятест, ки пешвои оламшумули тоҷикон, миллати кӯҳанбунёд ва тамаддунофарини моро ба сарманзили мақсуд хоҳад расонид.

Абдуалиев Б. омӯзгорони Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон