Ҷиҳати таъмини дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ахиран дар вохуриҳояшон бо кормандони соҳаи маориф ва аҳли зиё баён гардида буданд, устодону донишҷӯёни Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон аз рӯзи 17-уми апрели соли ҷорӣ фориғ аз дарсҳо ба ҳашар баромада, баҳри аз ҳар ваҷаб замини ҳудуди Донишкада самаранок истифода намудан, ба шинонидани зироатҳои донагиву полезӣ машғул мебошанд.