6-уми апрели соли равон дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, бо мақсади пешгирӣ намудани сирояти эҳтимолии коронавирус COVID-19, ситоди дохилидонишкадавӣ таъсис дода шудааст; тамоми даромадгоҳҳо, биноҳои хобгоҳ, биноҳои таълимиву маъмурӣ бо маводҳои антисептикӣ, зиддивирусӣ, хлор ва маводҳои тамизкунандаи пойафзол муҷаҳҳаз гардонида шуда, корманди тибии донишкада аз ниқоб истифода намудани кормандонро назорат мекунад.