Ҳайати шахсӣ ва шунавандагони кафедраи ҳарбӣ-донишҷӯёни Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар саҳни идона оро дода шудаи назди кафедра бо низом саф оростаанд.
            Дар минбари ифтихорӣ Ректори Донишкада, роҳбарияти кафедраи ҳарбӣ, Сардори комиссариати ҳарбии вилоят ва меҳмонони олиқадр ҷой гирифтаанд.
            Баъд аз гузориши роҳбарияти кафед-раи ҳарбӣ, Ректори Донишкада, дотсент, Назарзода Х.Х. ҷамъомадагонро ба муносибати 27-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда барои оғоз намудани чорабинии тантанавӣ иҷозат медиҳад.
            Баъд аз садо додани Суруди миллӣ афсарону ҳайати шахсӣ ва шунавандагони  кафедраи ҳарбӣ, бо низом, баровардани Парчами давлатии Тоҷикистонро истиқбол гирифтанд.
            Ҳайати шахсӣ ва взводҳо бо марши тантанавӣ аз назди роҳбарият бо низом гузашта дар ҷойҳои худ қарор мегиранд.
            Ректори Донишкада ҳамагонро ба муносибати 27-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик карда, аз ҷумла қайд намуданд, ки бо интизоми намунавӣ  ва хониши аъло сазовори номи баланди муҳофизи ҳақиқии ин Ватан шуда, ҳамчун сипари боэътимоди Ватан, сазовори номи баланди афсар ва фахри падару модару  миллат мегардед.
            Назарзода Х.Х. ёдовар шуданд, ки ба муносибати ин ҷашн, бо фармони Вазири Мудофиаи Ҷумҳурии   Тоҷикистон ва  Ректор    беҳтарини   ҳайати шахсии   кафедраи ҳарбӣ бо мукофотҳо сарфароз гардонида шудаанд ва онҳо дар ин фазои тантанавӣ ба Шумо супорида мешаванд.
            Ҳамин тариқ ба  Сипоснома, Ифтихорнома ва тӯҳфаҳо аз номи Вазири Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ректори Донишкада ва Кумитаи Иттифоқи касабаи вилоят   супорида шуданд.        
            Баъд аз анҷоми чорабиниҳои расмии тантанавӣ ҳаваскорони санъати “Нурафшон” бо барномаи рангини фарҳангӣ хотири меҳмонону иштирокдоронро болида намуданд.