Афзудани обрӯву эътибори давлати Тоҷикистон боиси ифтихору сарфарозист.

Сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давлатҳои Аврупо ҳисси ифтихори аҳли кормандони Донишкадаи энергетики Тоҷикистонро аз давлату давлатдории тоҷикистониён таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат бедортар ва меҳру муҳаббати онҳоро ба Ватани азизамон-Тоҷикистон пурқувваттар гардонид.

          Ҳар як инсони ҳушёру бозаковат гузаштаи начандон дури таърихи навини Тоҷикистонро ба хотир оварда, комёбиҳои беназири иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию ҳуқуқӣ ва сиёсати муваффақонаи хориҷии роҳбарияти олии кишварро нодида гирифта наметавонад. Воқеан, боиси ифтихору сарфарозист, ки Президенти маҳбуби моро роҳбари яке аз давлатҳои абарқудрати дунёи муосир, Президенти Франсия Э. Макрон бо чунин эҳтиром ва шукуҳу шаҳомати баланд пазироӣ намуданд. Ин худ далели рӯзафзуни обрӯву этибори давлати Тоҷикистон ва Президенти хирадманди он дар арсаи байналмилаӣ буда, инчунин эътирофи ташаббускориҳои  беназири  Ҷаноби Олӣ ҷиҳати рушду нумӯи на танҳо Тоҷикистон, балки ҷомеаи   башарӣ  мебошад.

         Дар партави чунин руйдоди бонуфузи байналмилии  барои Тоҷикистону давлатҳои Аврупо, аз ҷумла барои давлати Франсия умедбахш, ки равшании Офтобро ба назар  меорад, даъвову дасисабозињои хоинони давлату миллат аз собиќ њизби нањзат њамчун як фонўси шикастаро мемонад. Охир франсавињо, ки мардуми бохираду мењнатќаринанд, хеле хуб медонанд, ки ин худобехабарон кињоянд. Барои сиёсатмадорон бошад ченаки асосї дар њама гуна даъвоњо -ин бо кадом миќдор сањмгузорї дар ободию осудагии давлат ва дараљаи обрўву эътибори даъвогар дар љомеаи Тољикистон ва байналмилалї ба њисоб меравад. Ин хоинони дасисабоз, ки њатто њаќќу њуќуќи маънавї надоранд,  бо пайсањои хољагони хориљиашон, асосан бо истифодаи шабакањои иљтимоии интернетї, мехоњанд давлату роњбари Тољикистонро сиёњ кунанд. Онњо хуб медонанд, ки ин амалашон бефоида ва туњмату буњтони мањз аст, вале маќсадашон бо њамин роњ худро муаррифї намудан аст.

        Дар асл оламиён медонанд, ки аз дасти чунин афрод  ягон кори хайр нисбати Ватану миллати худ намеояд, чунки маблаѓхои гирифтаашон маблаѓњои њароми хољагони хориљианд.