Маркази татбиқи лоиҳаҳои

Маркази татбиқи лоиҳаҳои Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон соли 2018 дар сохтори Донишкада ворид карда  шуда, Марказ аз давраи оғоз то инҷониб бо як чанд лоиҳаҳои грантии минтақавӣ ва байналмиллалӣ аз ҷумла барномаҳои грантии USAID, барномаҳои грантии озмунии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Бонки умумиҷаҳонӣ World bank  ва инчунин ширкати байналмиллалии General electrics кор карда истодааст. Айни замон Маркази татбиқи лоиҳаҳо ҳамчун ғолиби лоиҳаҳои грантии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо лоиҳаи татбиқшаванда “Дастгирии донишҷӯдухтарон ва ҷалби онҳо ба равияҳои техникӣ” кор карда истодааст. Дар рафти татбиқи лоиҳаи мазкур барои донишҷӯдухтарони Донишкада курсҳои кӯтоҳмуддат  шуд, аз қабили курсҳои забономӯзи, пухтупаз ва дӯзандагӣ фароҳам овардааст, ки  дар барномаи лоиҳа пешбинӣ гардида буд амалӣ гашт ва натиҷаи самараноке барои донишҷӯдухтарон овард. Инчунин барои баланд бардоштани дониши амалии донишҷӯдухтарон дар доираи лоиҳаи гранти экскурсияҳои амалӣ ба иншоотҳои техникии шаҳру ноҳияҳои мамлакат ташкил карда шудаанд. Дар доираи лоиҳаи мазкур инчунин гурӯҳи агитатсионӣ ташкил дода шуда барои ҷалби довталабон барои ихтисосҳои мавҷудаи Донишкада ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои мамлакат барои соли хониши 2019-2020 равона карда шуда буданд. Тибқи нишондоди омории Донишкада соли хониши 2018 дар Донишкада шумораи донишҷӯдухтарон 1%-ро ташкил медод, дар соли хониши 2019-2020 аллакай шумораи донишҷӯдухтарон 1,5% -ро ташкил медиҳад. Ин нишондод натиҷаи хуби татбиқи лоиҳаи амалишаванда мебошад.

Маркази татбиқи лоиҳаҳо бо ширкати байналмиллалии  General Electrics 20 марти соли 2019  оиди гузаронидани семинари омӯзишӣ, ки аз рӯзи 17 то 20 сентябри соли 2019 гузаронида мешавад, шартнома ба имзо расониданд. Баъд аз семинари омӯзишӣ иштирокчиёни семинар аз ҷониби тренерҳои  General Electrics ба наздикӣ 60-нафар иштирокчиён бо Сертификати дараҷаи байналмиллалӣ сазовор гардонида шуданд. Айни замон Маркази татбиқи лоиҳаҳои Донишкада дар доираи барномаҳои грантии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ду лоиҳаи навро барои татбиқ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардонида аз ду даври озмун гузашт ва шартнома то охири моҳи сентябри соли ҷорӣ ба имзо мерасад.