Табрикот !!!

Назарзода Хайрулло Холназар номзади илмҳои техникӣ, дотсент,  ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, барои гузоштани саҳми арзанда дар рушди соҳаҳои илму маориф, таълиму тарбияи шоистаи насли наврас, тайёру омодагии касбии ҷавонон, баргузорӣ ва амалисозии чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, оммавию маърифатӣ ва бахшида ба Рӯзи омӯзгорон бо Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд.

Ба ин муносибат устод Назарзода Хайрулло Холназарро сидқан табрику муборакбод намуда барояшон комёбиву сарбаландӣ ва бурдбориҳои навро таманно менамоем.