Тамошои филм

Бо ташаббуси роҳбарияти Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ва бо мақсади дар замири донишҷӯён тарбия намудани ахлоқи ҳамида дар толори марказии ДЭТ аз тарафи раёсати муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дар вилояти Хатлон филми “Рақси зиндагӣ”, ки муаллифаш Муҳаббат Сатторӣ мебошад, намоиш дода шуд. Аз тамошои филм донишҷӯён таасуроти нек бардоштанд.