Вохӯрӣ

Роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии “Сипарони Ватан” дар вилояти Хатлон полковник Зубайдулло Бобокалонов дар фазои тантанавӣ ба мушовири ректор Аҳмадҷон Ализода барои хизмати шоиста баҳри барқарорсозии сохтори конститутсионии давлат, ба сулҳу ваҳдат омадани ҷомеа ва таъмини пойдориву устувории пояҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон медали ифтихории “Иштирокчии барқарорсозии сохтори конститутсионии Тоҷикистон”-ро супорид.