Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Истиқлолият барои ҳамагон арзиши муқаддас буда, ҳадафи бартару волотар нисбати ҳадафу манфиатҳои сиёсӣ, гурӯҳӣ ва шахсиро дорад. Бо шарофати Истиқлолият халқи тоҷик соҳиби комилҳуқуқи сарнавишти худ гардид ва ҷомеаи мо ҳамчун давлати демократӣ ба раванди умумии таърихи аҳли башар ворид гардид.

Ҳамеша пойдору устувор нигоҳ доштани  Истиқлолият-вазифа ва рисолати ҷонии ҳар як шаҳрванди худогоҳ ва бонангу номӯси Тоҷикистон мебошад.

Бигузор аз файзу баракати Истиқлол парчами ваҳдати миллӣ роҳнамо ва ойини миллати сулҳпарвари тоҷик, ҳидоятгари мо ба сӯйи фардои босаодат бошад.

Иди фархундаи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад ҳамватанони азиз!