Вокуниш

          Муаллиф хабари аз афсарони эронӣ ришва гирифтани Мирзои Салимпурро, ки  дар гурӯҳи фейсбукии “АхбориТоҷикистон ва ҷаҳон” паҳн гардидааст, тӯҳмат дониста, менависад, ки Салимпур  аз КДАМ Тоҷикистон талаб кардааст, ки ба саволи ў: “ Агар ин “ферма” дар ҳақиқат моли шумо нест, чаро то ҳол, инак чанд сол боз фазои сиёсӣ ва амниятии кишварро ноором карда истодаасту касе нисбати хару хингили ин “ферма”-и гӯё бесоҳиб чорае намеандешад?” ҷавоб диҳад.

          Воқеият ин аст, ки шояд ба қавли Салимпур ӯ  бо кадоме аз  масъулони КДАМ дар ин робита «бигӯ-бигӯ» карда бошад, вале дар гумон аст, ки  ягон нафар корманди асили идораи амниятӣ бо ин гуна афрод дар бораи муносибати  роҳбари олии хадамоти амниятии кишвар ба ин ё он воқеот,  гуфтугузор кунад. Дуввум, агар як рӯзноманигори оддӣ ин қадар бо боварӣ даъво кунад, ки маводи дар сомонаи фейсбукии “Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон” ба табъ расида, бо гуфтаи худаш, моли  “ниҳоди таблиғотии мақомоти амниятии Тоҷикистон” бошад, пас,мантиқан ду фикр ба миён меояд: ё Салимпур корманди махфии хадамоти амниятии кадом давлат аст ва ё намехоҳад фаҳмад, ки  имрӯз хадамоти амниятии дилхоҳ давлат бо дастгоҳи пурзӯри таблиғотии бо таҷҳизоти навтарини замонавӣ муҷаҳҳаз амал менамояд.

Дар  мақолаи бо номи  бемантиқи «Салимпур аз КДАМ хост, таклифашро дар баробари “ферма” муайян кунад»,  ки дар сомонаи «Кимиёи саодат» ба нашр расидааст,   аз ҷониби рӯзноманигор Салимпур дар бораи кадом як  «фермаи ҷавоб»-ро ҳамчун ниҳоди таблиғотии мақомоти амниятии Тоҷикистон арзёбӣ намудан,  сухан меравад: «Муаллифони “фермаи ҷавоб”-ниҳоди таблиғотии мақомоти амниятии Тоҷикистон дар матлабҳои музахрафи худ дӯст медоранд, ки аз Йозеф Геббелс-вазири пропагандаи Олмони фашистӣ ва “пирикор”-у “устод”-и “фермаи ҷавоб” иқтибос биоранд»…

        Чунин ба назар мерасад, ки Салимпур аз расонаҳои хабарии радиоиву телевизиониву интернетии хадамоти давлатҳои дунё, ки бо таблиғоти худашон дар садҳо давлатҳои олам инқилобҳои гуногунро, бидуни хоҳиши халқи он кишварҳо, ба вуҷуд овардаанду оварда истодаанд, хабар надорад ва ӯро танҳо ғами яккаву ягона худаш ба изтироб овардааст. Дар як вақт Салимпур ҳам аз хабарҳои дар бораи ӯ ба чоп расидаро тӯҳмат ҳисобида, изҳори норизоӣ менамояд ва ҳам нафарони номаълумеро  дағалона “хару хингили ин ферма” ном бурда, бе ягон далел, фаъолияти онҳоро  ҳамчун “ниҳоди таблиғотии мақомоти амниятии Тоҷикистон” мешуморад. Салимпур “талаб” мекардаст, ки роҳбари олии хадамоти амниятии мамлакат барои ҳар як маводу хабарие, ки  ҳар лаҳза бо теъдоди ҳазорон-ҳазор дар воситаҳои ахбор, аз ҷумла сомонаҳои бешумори интернетӣ пахш мегарданд, ба ӯ монандҳо ҷавоб диҳад. Инсоф кунед, магар раиси КДАМ дигар кор надорад?

Аз номи коллективи Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон:
Назарзода Х.Х. ва Ализода А.А.